Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи июн
    0,6%
  • Таварруми солона, июн
    9,0%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (июн)
    11,2
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (июн)
    12,3
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ (апрел)3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ (апрел)9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)15,7
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (май)
    14,92
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (май)
    27,12
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (май)
    13,87
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (май)
    3,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 25.07.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1931.70 1951.22
10 3764.88 3802.91
20 7364.25 7438.64
50 18140.77 18324.01
100 36094.88 36459.47

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

Муаррифии барномаи махсусгардонидашудаи “Thomson Reuters Eikon”

03.01.2017

Ҳафтаи сипаригашта дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ибтикори Идораи амалиёт дар бозори озод барои мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд дар мавзӯи “Тартиби гузаронидани музоядаҳои коғазҳои қиматнок ва амалиёти кӯтоҳмуҳлати бозтамвил тавассути барномаи махсусгардонидашудаи “Thomson Reuters Eikon”” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар рафти семинар, сардори Идораи амалиёт дар бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон Ёқубов М. қайд намуд, ки низоми худкори “Thomson Reuters Eikon” яке аз барномаҳои пешқадами ҳамранги худ буда, дорои имкониятҳои васеъи гузарондани музоядаҳо дар шакли электронӣ мебошад.

- Насб намудани ин низом пеш аз ҳама ба манфиати ташкилотҳои қарзӣ буда, хароҷоти зиёдатии як қатор амалиётҳои бонкиро кам хоҳад кард, - изҳор дошт Ёқубов М.

Зимни омӯзиш ба иштирокдорони семинар аз ҷониби мутахассисон инчунин дар бораи усули нави фурӯши коғазҳои қиматнок - “Музоядаҳои муқарраргардида” (коғазҳои қиматнок бо меъёри фоизи муқарраргардида) ва тарзи гузаронидани онҳо, тартиби нави баргузории музояда (қадам ба қадам) ва бартариҳои ба дастоварда, ки аз 1 январи соли 2017 ҷорӣ мешаванд, маълумотҳо дар шакли слайд-шоу ва наворҳо пешниҳод гардиданд.

Қобили қайд аст, ки бо мақсади таъмини истифодаи самараноки воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва танзими пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлати низоми бонкӣ Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвилро тариқи барномаи махсусгардонидашудаи “Thomson Reuters Eikon” амалӣ намояд. Бинобар ин, дар асоси Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2016 таҳти №175, Дастурамали №220 “Дар бораи амалиёти кӯтоҳмуҳлати бозтамвил” тасдиқ шуд, ки тибқи он амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвил амалӣ мегарданд.

Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти кӯтоҳмуҳлати бозтамвилро бо роҳи пешниҳоди воситаҳои қарзии зерин: қарзи рӯзона (интрадей), қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ва қарзҳо тариқи музоядаи қарзӣ амалӣ менамояд.

Тибқи Дастурамали №220 ба сифати гарави қарзҳои кӯтоҳмуҳлат коғазҳои қиматноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст, коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст, асъори хориҷӣ дар суратҳисобҳои муросилотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва амонатҳои ташкилоти қарзӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ метавонанд пешниҳод шаванд.

Амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвил баҳри саривақт ва мунтазам анҷом додани пардохтҳо дар низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлати (фаврии) ташкилотҳои қарзӣ бо пули миллӣ ва дастгирии молиявии низоми бонкӣ гузаронида мешавад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 654

Бозгашт

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Сатҳи таваррум %
  • graphic

  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        1041 (37%)
      2. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        994 (36%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        538 (19%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        219 (8%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ