Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,3%
  • 6,6%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд. сомонӣ
    20,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (сентябр)11,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-cентябр)
    22,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    17,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    21,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    22,04




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.10.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3250.29 3327.91
10 6413.60 6566.77
20 12681.11 12983.96
50 31464.57 32216.00
100 62764.38 64263.31

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” қабул гардид

07.03.2017

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низомҳои пардохтӣ, ба танзим даровардани хизматрасониҳои пардохтӣ, мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”-ро таҳия намуд. Қонуни мазкур санаи 24 феврали соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ фаъолияти таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, аз ҷумла интиқолдиҳандагони маблағҳои электронӣ, агентҳо ва субагентҳои бонкии пардохтӣ, операторони низомҳои пардохтӣ, танзимгарони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро ба танзим дароварда, талаботро барои ташкил ва фаъолияти низомҳои пардохт ва тартиби назоратро аз рӯи фаъолияти онҳо муқаррар менамояд.

Инчунин, бо мақсади пурзӯр намудани назорати ҷамъоварии пардохтҳо ва таъмини шаффофият дар фаъолияти ҷамъоварии пардохтҳо дар қонуни мазкур талаботҳо барои фаъолияти агентҳои/субагентҳои бонкии пардохтӣ ва истифодаи терминалҳои худкори худхизматрасон муқаррар гардидаанд.

Мутобиқи талаботи қонуни қабулшуда ширкатҳои бо ҷамъоварии пардохтҳо машғулбуда бояд иҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтиро гиранд ё ҳамчун агентҳои бонкии пардохтии ташкилотҳои қарзӣ амал намуда, ҷамъоварии пардохтҳоро анҷом диҳанд.

Қобили қайд аст, ки айни замон аз ҷониби чор ташкилоти қарзӣ 1306 адад терминалҳои худкори худхизматрасон барои ҷамъоварии пардохтҳо фаъолият намуда истодаанд (ҶСК “Бонки Эсхата”- 483 адад, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”- 18 адад, ҶСП БС “Конт”-2 адад ва ҶДММ ТАҚХ “Авфар”-803 адад) ва ин ташкилотҳои қарзӣ ба муштариёни худ хизматрасониҳои пардохтиро пешниҳод намуда истодаанд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Диданд: 2603

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ