Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи июл
    0,4%
  • 8,9%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (июл)
    12,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±3)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон (июл)15,8
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (июн)
    13,96
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (июн)
    32,56
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (июн)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (июн)
    12,32
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (июн)
    11,50
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 22.08.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1975.45 1995.40
10 3852.44 3891.35
20 7539.47 7615.62
50 18578.98 18766.64
100 36971.41 37344.86

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

Вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор ва раванди тағйирёбии қурби пули миллӣ

10.03.2017

Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан босубот ва устувор мебошад.

Дар ҳамин давраи соли гузашта қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 10,6 фоиз ва қурби нақдии он 5,7 фоиз коҳиш ёфта буд, дар соли ҷорӣ бошад, коҳишёбии қурби расмӣ 1,7 фоиз ва қурби нақдии он 4,8 фоизро ташкил додааст. Аён аст, ки сурати коҳишёбии қурби расмӣ нисбати қурби нақдӣ дар соли гузашта баландтар буда, дар соли ҷорӣ бошад, ин таносуб вазъи бараксро дорад.

Ин ҳолат ба он оварда расонидааст, ки фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдии сомонӣ нисбати доллари ИМА дар ҳамин давраи соли ҷорӣ аз 2 фоиз зиёд шавад.

Айни замон ин ҳолат ба баландшавии қурби воқеии самараноки сомонӣ нисбати рубли русӣ ва дигар асъорҳои хориҷӣ ва пастшавии он нисбати доллари ИМА мусоидат кардааст. Нишондиҳандаи мазкур сатҳи самаранокии фаъолияти иқтисоди хориҷии кишварро дар муносибат бо давлатҳо – шарикони асосии тиҷоратӣ инъикос менамояд ва вазъи ҷойдоштаи он далели номутаносибии тавозуни савдои ҷумҳурӣ мебошад.

Аз ин рӯ, бояд ин номутаносибӣ, яъне баланд будани қурби воқеии самараноки сомонӣ нисбати рубли русӣ ва паст будани он нисбати доллари ИМА тавассути баланд кардани суръати коҳишёбии қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА ҳар чӣ зудтар бартараф карда шавад.

Қайд намудан зарур аст, ки тағйирёбии аз эътидол беруни қурби пули миллӣ асосан дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд ҷой дошта, тағйирёбии қурбҳои он дар қисмати бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ мӯътадил мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳаҷми асосии хариду фурӯши асъори хориҷӣ бо таври ғайринақдӣ дар қисмати бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ (дар ду моҳи соли 2017 мувофиқан 20,1% ва 68,1%) анҷом дода шуда, қарордодҳои нақдӣ бошад, ҳиссаи ночизи онро (11,8%) ташкил менамоянд.

Ин рақамҳо ба он далолат медиҳанд, ки ҳиссаи асосии талабот ба асъори хориҷӣ барои пардохти арзиши воридоти мол (кор ва хизматрасониҳо) дар ин ду қисмати бозор бо қурбҳои мубодилавӣ нисбатан устувор қонеъ гашта, ин ҳолат ба яке аз омилҳои ҳалкунандаи мӯътадил боқӣ мондани нархҳо (сатҳи таваррум) дар ин давра табдил ёфтааст.

Аз ин рӯ, бо мақсади барқарор кардани сатҳи зарурии самаранокии иқтисодиёт ва рақобатпазирии тиҷорат, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии давлат ва таъмини маблағгузории асъории барномаҳои муҳимтарини давлатӣ зарурияти вобаста ба қурби миёнавазни доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ якдаъфина тасҳеҳ (коррексия) кардани қимати қурби расмии доллари ИМА ба миён омад.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ нигоҳ дошта, имрӯзҳо ва минбаъд барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ тамоми воситаю имкониятҳои заруриро дорад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ



Диданд: 1388

Бозгашт

  • Тақвими ахбор
  •       Август      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    31 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3

  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        5981 (34.66%)
      2. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        5979 (34.65%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        4984 (28.88%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        311 (1.80%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ