Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,6%
  • 8,1%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд сомонӣ
    16,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 июни с.2019)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Сентябр)13,19
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    10,96
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр)
    22,90
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    20,44
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    22,93
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.10.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2425.18 2483.10
10 4763.39 4877.15
20 9380.69 9604.72
50 23213.54 23767.92
100 46262.31 47367.14

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3

ХБА: Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум

14.04.2017

Имрӯз, 14 апрели соли 2017, дар Бонки миллии Тоҷикистон маърӯзаи ҳайати Хазинаи Байналмиллалии Асъор дар мавзӯи Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум муаррифӣ гардид. Маърӯза аз ҷониби роҳбари ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор ҷаноби Абдул Носир дар ҳузури роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини Раис Сироҷиддин Икромӣ ва роҳбарону мутахассисони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон манзур гардид.

IMF_PRESENT_1.JPG

Муаррифии мазкур асосан ба масъалаи тақвият бахшидани раванди таҳия ва татбиқи сиёсати босамари монетарӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи нави монетарӣ – ҳадафгирии таваррум бахшида шудааст.

Зимни муаррифӣ масъалаи пешбурди сиёсати монетарӣ ва саҳми бонкҳои марказӣ дар рушди он, татбиқи он дар робита бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ, таъсири омилҳои беруна ба сиёсати монетарӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайричашмдошт, татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ҳангоми гузаронидани ислоҳотҳо, нақши муҳимми коммуникатсия дар таҳким бахшидани сиёсати монетарӣ инҳо баррасӣ гардиданд.

IMF_PRESENT_2.JPG

Дар қисмати муҳокима роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, таҳкимёбии фишангҳо, аз ҷумла истифодаи фишангҳои фоизии сиёсати монетарӣ, фаъолияти бозори байнибонкӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

IMF_44.jpg

Дар ҷамъбаст муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъорро, ки дар доираи кӯмаки техникӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овардаанд, хуш пазируфта идомаи чунин иқдомро минбаъд ба таври дарозмуҳлат қобили дастгирӣ донист.

IMF_PRESENT_3.JPG

Боиси тазаккур аст, ки намондагони Хазинаи байналмилалии асъор дар ҳайати Абдул Носир - роҳбари гурӯҳ, Марям Ал Ҳамиани Хатат, Георгий Барбакадзе, Ервин Ниероп ва Раул Олварез дел Кастилло аз 4 то 19 апрели соли 2017 дар доираи кӯмаки техникӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон қарор дошта, дар самти пешбурди сиёсати монетарӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони дахлдори Бонки миллӣ ҳамкориро идома медиҳанд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Диданд: 3309

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4743 (57.15%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        1828 (22.03%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        761 (9.17%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5708 (68.78%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1196 (14.41%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        283 (3.41%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ