Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи март
    1,5%
  • Таварруми солона, март
    7,3%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (март)
    9,7
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (март)
    11,2
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ (апрел)3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ (апрел)9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (март)13,2
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (феврал)
    15,19
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (феврал)
    21,98
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (феврал)
    13,17
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (феврал)
    7,31
  • Яндекс.Метрика


Вазъи қурби пули миллӣ ва бозори дохилии асъор

18.04.2017

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нишондаҳандаҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфтаро интихоб ва амалӣ карда, тибқи он қурби расмии пули миллиро дар асоси талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар намуда, танҳо дар ҳолатҳои аз эътидол берун тағйир ёфтани таносуби онҳо, ба бозор дахолат менамояд.

Вазъи қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар ин давра дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 бо раванди коҳишёбии моҳ ба моҳи нисбатан муътадили қурби расмӣ ва пастшавии аз эътидол берун ва босуръати қурби нақдӣ дар моҳҳои феврал, март ва апрел фарқ мекунад.

Ҳамин хусусияти хос ба зиёд шудани фарқияти байни қурби расмӣ ва нақдӣ дар ҳаҷми 2 фоиз мусоидат карда, ба якбора зиёд шудани талабот ба доллари ИМА ва пеш аз ҳама ба нақдинаи он сабаб шудааст.

Айни замон қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 7,8 фоиз, дар ҳамин давраи соли 2016 - 10,8 фоиз коҳиш ёфта, қурби бозории доллари ИМА-и нақд 13,0 фоиз, дар ҳамин давраи соли 2016 - 5,7 фоиз баланд шуда буд.            

Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории доллари ИМА-и нақд аз 0,6 фоиз то ба 5,4 фоиз зиёд шудааст (дар санаи 17.04.с.2016 ин фарқият 0,8 фоиз буд).

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии коҳишёбии қурби сомонӣ, раванди афзоиши фишорҳо ба он ва зиёдшавии талабот ба асъори хориҷӣ ба омилҳои зерини берунӣ ва дохилӣ алоқаманданд.

Омилҳои берунӣ:

1. Ноустувор боқӣ мондани вазъи геосиёсӣ ва ҳолати иқтисодию молиявӣ дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ;

2. Баланд шудани арзиши доллари ИМА вобаста ба сиёсати пулию қарзии Бонки Марказии Амрико;

3. Паст будани арзиши молҳои асосии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Омилҳои дохилӣ:

1. Ба таври назаррас афзудани ҳаҷми пул дар солҳои охир, аз ҷумла, дар натиҷаи зиёдшавии маблағгузории барномаҳои муҳими давлатӣ, дастгирии бонкҳои ба мушкилӣ дучоргардида ва хариди тилло барои зиёд кардани захираҳои байналмилалӣ;

2. Ба маротиб кам шудани ҷалби маблағҳо бо асъори хориҷӣ аз ҳисоби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар донорҳо;

3. Афзудани фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳаҷми савдо ва баландшавии қобилияти харидории аҳолӣ бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми интиқолҳо бо рубли русӣ ва баландшавии қурби он дар ин давра;

4. Зарурияти мавсимии азнавбарқароркунии захираҳои молу маводҳои воридотӣ;

5. Афзоиши ҳаҷми умумии маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ барои таъмини уҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ;

6. Камшавии вуруди асъори хориҷӣ ва ба таври назаррас кам шудани ҳиссаи доллари ИМА дар ҳаҷми умумии онҳо;

7. Зиёд шудани талаботи ташкилотҳои қарзӣ ба доллари ИМА-и нақд барои бозпас гардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ;

8. Барҳам хурдани ду ташкилоти қарзӣ, ба мушкилиҳои пардохтпазирӣ дучор гардидани ду бонки низомсоз, коҳиш ёфтани сатҳи эътимоду боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва чун натиҷа, кам шудани пешниҳоди асъори хориҷии нақд ба амонату пасандозҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади паст кардани фишорҳои таваррумӣ, ба танзим овардани ҳаҷми васеъи пул дар муомилот, таъмини устувории қурби пули миллӣ дар ин давра чораҳои зеринро амалӣ карда истодааст:

1. Меъёри бозтамвил 3,5 банди фоизӣ то ба 16 фоизи солона баланд бардошта шудааст;

2. Бо мақсади безарар (стерилизатсия) кардани эмиссия барориши коғазҳои қиматнок ба маблағи 2,4 млрд. сомонӣ анҷом дода шудааст. Амалиёти мазкур ҳаҷми пули дар муомилотбударо кам карда, аз ҳисоби хароҷотҳои Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд;

3. Анҷом додани мудохилаҳои асъорӣ дар бозори байнибонкӣ;

4. Фаъолияти муассисаҳои ташкилотҳои қарзие, ки ба анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ ва интиқолӣ машғуланд, аз ҷониби гурӯҳҳои кории доимамалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он ҳамарӯза зери назорат қарор дошта, нисбати ҳар як ҳодисаи риоя нашудани тартиби анҷомдиҳии ин амалиётҳо чораҳои фаврии таъсиррасонӣ андешида мешаванд.

Дар ҳамин давра аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо, ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳаз. сомонӣ ҷарима ситонида, амру супоришҳо нисбати бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст;

5. Аз ҷониби гурӯҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон шахсият ва макони нафароне, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, муайян карда шуда, маводҳо ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон барои чораҷӯӣ пешниҳод карда мешаванд.

Ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо оид ба 208 нафар шахсони воқеӣ маълумот пешниҳод карда шуда, дар ҳамин давра нисбати ин шахсони воқеӣ 159 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 49 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст;

6. Ба ташкилотҳои қарзӣ оид ба ташкили кори муназзам ва босамари муассисаҳои бонкие, ки ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ машғуланд, бахусус, дар рӯзҳои истироҳату ид, таъмини онҳо бо пули нақди миллӣ ва асъори нақди хориҷӣ, кушодани марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавии шабонарӯзӣ дар марказҳои савдо ва меҳмонхонаҳо, дастур дода шудааст;

7. Бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуд будани норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омода кардани нақшаи мушаххаси муҳлатҳои дарёфту пардохти асъори хориҷӣ барои мизоҷон – воридотчиёни молу маводи талаботи аввалиндараҷа супориш дода шудааст;

8. Бо мақсади пешгирии овозаҳо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза оид ба вазъи бозори дохилии асъор, қурби пули миллӣ ва чораҳои таъмини суботу устувории онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, бахусус, телевизион ва сомонаи худ, ба аҳолӣ иттилои саривақтӣ ва пурра пешниҳод менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи имрӯзаи низоми бонкӣ, бозори дохилии асъор амалӣ кардани чораҳои зарурии таъмини фаъолияти босуботи онҳо ва устувории қурби пули миллиро давом хоҳад дод.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ


Диданд: 551

Бозгашт

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 31 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
  • Сатҳи таваррум %
  • graphic

  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        121 (51%)
      2. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        55 (23%)
      3. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        32 (14%)
      4. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        28 (12%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ