Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи июн
    0,4%
  • 8,7%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд сомонӣ
    16,0
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 июни с.2019)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)13,51
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (май)
    9,18
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (май)
    25,35
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (май)
    16,54
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ
    18,98
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (май)
    23,25
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.07.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2265.35 2319.45
10 4443.72 4549.84
20 8741.34 8950.10
50 21615.16 22131.37
100 43065.56 44094.04

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6

Баррасии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон

30.06.2017

Вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 30 июни соли 2017, барои кормандони Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ва масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа, Муовини Раиси БМТ Лола Салимова дар хусуси омилҳои муҳимми зарурати таҳия ва қабули қонуни номбурда, аҳамият ва манфиатҳои он дар ҷомеа давоми 10 сол ва омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби бархе аз кишварҳои ҳамсоя ҳарф зада, бо ишора ба баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2017 таъкид намуд, ки мутаассифона ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки баъзан талаботи қонуни мазкур аз ҷониби баъзе шаҳрвандон дуруст риоя намегарданд.

Raisa_1.JPG

“Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия гаштааст, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст ва татбиқу риояи талаботи он аз ҳар яки мо вобаста аст. Хушбахтона, муқаррароти қонуни мазкур аз ҷониби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дуруст иҷро карда мешаванд ва тибқи Нақшаи кории комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ба нақша гирифташуда, бо кормандони бонк мунтазам дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи моддаҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом дода мешаванд”, - қайд намуд зимни баромад СалимоваЛ.Ҷ.

Сипас, мутахассиси Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Муслиҳиддин Хоҷаамиров оид ба талаботҳои қонуни номбурда ва тағйироти ба он воридгардида ба иштирокдорон маълумот дод. Аз ҷумла зикр кард: “Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки солҳои пеш сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо барои мардум душвориҳо пеш меовард. Ин нуктаро, яъне зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будан дар баргузории маросиму маъракаҳоро, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат 24 майи соли 2007 низ ишора намуда буданд. Ба такя ба моддаи 1-и қонуни мазкур бояд гуфт, ки мақсади он аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти барзиёд, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат аст».

Raisa_2.JPG

Дар идомаи ҷаласа, мутахассиси шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили маросимҳои ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Мансур Назаров оид ба талаботи муқаррароти моддаи 12 қонуни мазкур ҳарф зада, ба иштирокдорон дар хусуси расмиёти зиёрати Ҳаҷ ва ба зиёдаравӣ роҳ надодан ҳангоми анҷоми ин маросим сухан кард.

Дар хотимаи ҷаласа, Муовини Раис Салимова Л.Ҷ. аз эҳтироми ҷашну маросимҳои ниёгон қайд намуда, дар баробари ин дар доираи қонун ва талаботи замон анҷом додани маросиму ҷашнҳо бо мақсади пешгирӣ намудани исрофкорӣ, намоишкорӣ ва зоҳирпарастиро зарурати воқеӣ арзёбӣ намуд: “Бо назардошти ин таъкидҳо, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳар яки мо вобастагии зиёд дорад. Агар мо пойбанди таассубу хурофот нашуда, талаботи қонунро риоя кунем, натиҷаи он ба шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии мо таъсири мусбат хоҳад расонд”.

Қобили қайд аст, ки иштирокдорони ҷаласа дар қисмати саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуда, ҳамзамон якчанд таклифу пешниҳодҳои худро ба намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2689

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4528 (59.11%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        1542 (20.13%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        665 (8.68%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5319 (69.44%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1044 (13.63%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        267 (3.49%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ