Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 7,0%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (октябр)
    14,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±3)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)6,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон (октябр)15,45
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    14,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр)
    30,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (сентябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (сентябр)
    11,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (сентябр)
    17,17
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.11.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1972.56 1992.49
10 3846.55 3885.40
20 7527.50 7603.54
50 18548.75 18736.12
100 36910.75 37283.58

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3

Сироҷиддин Икромӣ фаъолияти нимсолаи низоми бонкиро дар вилояти Суғд баррасӣ намуд

13.07.2017

Ҳафтаи гузашта дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти сарварии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо иштироки мудири Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев ва роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо дар вилояти Суғд ҷаласаи васеъ вобаста ба “Вазъи низоми бонкии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2017 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2017” баргузор гардид.

Ikromi_1.jpg

Ҷаласаро Муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ ифтитоҳ бахшида, оид ба вазъи воқеии низоми бонкии кишвар дар шаш моҳи соли 2017 маълумоти мушаххас манзур намуд. Зимни суханронӣ С.Икромӣ дар хусуси таъсири буҳрони молиявӣ ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, мушкилоти мавҷудаи соҳаи низоми бонкии бо омилҳои берунӣ алоқаманд ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намуд.

Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳимми соҳа, аз ҷумла дар сатҳи начандон дуруст қарор доштани идоракунии корпоративӣ, назорати суст аз ҷониби Шӯрои нозирон ва саҳомони ташкилотҳои қарзӣ, дуруст ба роҳ монда нашудани аудити дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои ҷалбшуда, фоизи ҷалби амонатҳо ва фоизи пешниҳоди қарз, дар сатҳи начандон хуб қарор доштани маданияти қарздиҳӣ ва таъмини қарзҳо бо гаравҳои дахлдор, додани қарзҳои калонҳаҷм бе гузаронидани таҳлилҳои аниқ ва бе риояи меъёрҳо, ҷобаҷогузории кормандон, зарурати таҳияи стратегияи рушд ва нақшаи тиҷоратӣ, пешниҳоди дурусти ҳисоботи молиявӣ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бобати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт масъулон вазифадор карда шуданд.

Ikromi_2.jpg

Дар ҷаласа муовинони раисони бонкҳои низомсоз, ки фаъолияти филиалҳо ва воҳидҳои сохториашонро дар минтақа сарпарастӣ мекунанд, иштирок карда, масъулини минтақавии ин бонкҳо аз натиҷаи фаъолияти худ дар нимсолаи аввали соли 2017 ҳисобот манзур намуданд.
Дар рафти ҷаласа инчунин масъулини соҳа дар баробари пешниҳоди маълумот оид ба фаъолияти ташкилоти худ инчунин, як қатор таклифу дархост, аз ҷумла, дар самти содда кардани тартиби таъсиси марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои дурдаст, тақвият бахшидани равобит бо мақомоти судӣ ҷиҳати баргардонидани маблағи қарзҳои батаъхирафтода, ташаккули ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини ташкилотҳои қарзӣ бо пули нақдро пешниҳод намуданд.

Ikromi_3.jpg

Муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ қайд намуд, ки чунин ҷаласаи ҷамъбастӣ дар сатҳи сарпарастон-муовинон дар минтақа бори аввал доир гашта, дар кори он ҳиссаи ҳар як бонк аз рӯи амалиётҳои алоҳида нишон дода шуд ва бонкҳои фаъол ва бонкҳои фаъолияташон суст муайян карда шуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии вохӯрӣ дар назди бонкҳо вазифагузорӣ карда шуд, аз ҷумла ба роҳбарони сарбонкҳо супориш дода шуд, ки мавқеи бонкҳои худро дар бозори бонкии вилояти Суғд таҳким бахшида, баҳри пешбурди низоми бонкии мамлакат саҳмгузорӣ намоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 674

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        15876 (48.59%)
      2. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        9041 (27.67%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        7378 (22.58%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        380 (1.16%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ