Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3898.27 3977.03
10 7677.05 7832.15
20 15220.64 15528.13
50 37822.25 38586.33
100 75525.14 77050.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017

24.07.2017

24 июли соли 2017, дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷи кишвар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2017 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи зарурии нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона кард.

Nishast_1.JPG

 
1.Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2017 ҳаҷми 24 023,8 млн. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,0 фоизро ташкил дод (дар ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 6,6 фоизро ташкил дода буд). Рушди иқтисодиёти кишвар асосан аз ҳисоби бахшҳои саноат 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,4 фоиз ва гардиши савдои чакана 3,6 фоиз таъмин гардид.

Таваррум. Тибқи маълумоти расмӣ сатҳи таваррум дар шаш моҳи соли равон 5,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,8 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таваррум дар ин давра бештар аз ҳисоби афзоиши нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 8,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,3 фоиз ва хизматрасониҳо 4,9 фоиз ба вуҷуд омад.

Тавозуни пардохт. Гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2017 маблағи 1,6 млрд. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,4 фоиз ё 37,5 млн. долл. ИМА зиёд мебошад. Мутобиқи маълумоти расмии тавозуни пардохт ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда дар маҷмуъ 73,9 фоиз зиёд (223,6 млн. долл. ИМА) ва воридоти мол 15,0 фоиз кам (186,1 млн. долл. ИМА) шудааст.

2. Сиёсати пулию қарзӣ

Мутобиқи маълумоти омории пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ дар интиҳои давраи ҳисоботӣ 12,3 млрд. сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 9,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ 1,7 фоиз ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 17,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ – июни соли равон ҷиҳати таъмини талаботи иқтисодиёт бо пули миллӣ, 2,4 млрд. сомонӣ ба муомилот бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ, ислоҳоти сохтории навро пайваста амалӣ намуда, фишангҳои нави амалиётии қарзҳои шабонарӯзӣ (овернайт), қарзҳои рӯзона (интрадей) ва музоядаҳои қарзиро татбиқ кард. Истифодаи фишангҳои мазкур амалиётҳои монетариро шаффоф ва самаранок намуда, ба ташкилотҳои қарзӣ имконият дод, ки эҳтиёҷоти худро бо қарзҳои кӯтоҳмуҳлат ба маблағи 66,6 млн. сомонӣ қонеъ гардонанд.

Nishast_2.JPG

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани ҳаҷми пул дар муомилот, кам кардани фишорҳои қурбию таваррумӣ ва де-долларикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии пули миллӣ маҷмӯи тадбиру воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва чораҳои фаврии маъмурию назоратиро амалӣ намуда истодааст. Чунончӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон 87 музоядаи қоғазҳои қиматнокро баргузор намуд, ки ҳаҷми фурӯши он қариб 4,0 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 маротиба зиёд мебошад.

3. Қурби пули миллӣ.

Сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома ёфта, тибқи он қурби расмии сомонӣ дар асоси талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар карда мешавад ва Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар ҳолатҳои аз эътидол берун тағйир ёфтани қурб ба вазъи бозор дахолат менамояд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то санаи 30 июни соли ҷорӣ 11,9 фоиз коҳиш ёфт (дар ҳамин давраи соли 2016 – 10,8 фоиз коҳиш ёфта буд). Қурби фурӯши бозории доллари нақди ИМА дар ин давра ба андозаи 11,7 фоиз баланд шуд (дар ҳамин давраи соли 2016 – (5,5) фоиз афзоиш ёфт). Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории доллари нақди ИМА айни ҳол андозаи 0,6 фоизро ташкил дод.

4. Рушди низоми бонкӣ

Дар ҷумҳурӣ ба санаи 30 июни соли 2017 дар маҷмуъ 96 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 16 бонк, 34 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 13 ташкилоти қарзии хурд ва 33 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ дар ин давра маблағи 20 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 1,3 фоиз зиёд мебошад.

Уҳдадориҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ 14,5 млрд. сомониро ташкил дода, 14,4 фоиз коҳиш ёфт. Сармояи тавозунӣ 2,0 маротиба зиёд гардида сармояи ташкилотҳои қарзӣ ба 5,3 млрд. сомонӣ баробар гардид.

Пасандозҳо. Ба санаи 30 июни соли 2017 бақияи умумии пасандозҳо 9,0 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 4,9 фоиз кам мебошад. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 2,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 6,0 фоиз коҳиш ёфтанд. Ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо бо пули миллӣ 34,8 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 65,2 фоизро ташкил медиҳад (дар ҳамин давраи соли 2016 мутаносибан 31,3 фоиз ва 68,7 фоиз буд).

Маблағгузории қарзӣ. Бақияи умумии қарзҳои низоми бонкӣ ба санаи 30 июни соли 2017 12,6 фоиз кам гардида, 9,5 млрд. сомониро ташкил дод. Дар баробари коҳишёбии бақияи умумии қарзҳо ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда низ коҳиш ёфта, 3,3 млрд. сомониро ташкил намуд, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда бошад, ба 1,9 млрд. сомонӣ баробар шуд.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 38,2 фоиз ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва аз рӯи соҳаҳо бошад, ба соҳаҳои савдои хориҷӣ 33,5 фоиз, саноат 19,9 фоиз, истеъмолот 18,6 фоиз, кишоварзӣ 10,5 фоиз, хизматрасонӣ 7,9 фоиз, сохтмон 4,6 фоиз, нақлиёт 2,3 фоиз, миёнаравии молиявӣ 1,1 фоиз ва дигар соҳаҳо 1,6 фоиз рост меояд.

5. Низоми пардохт.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ тавассути низомҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ зиёда аз 32,0 млн. адад пардохт ба маблағи умумии 260,0 млрд. сомонӣ амалӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи пардохтҳо 7,3 фоиз ва ҳаҷми пардохтҳо 43,5 фоиз зиёд шуданд.

Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои мизоҷон дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда ба санаи 30 июни соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,4 фоиз афзоиш ёфта, зиёда аз 3,3 млн. ададро ташкил намуд.

Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда дар ин давра 1 686,4 ҳаз. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мутаносибан 737 адад ва 2 985 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи банкоматҳо 42 адад кам ва шумораи терминалҳои электронӣ 690 адад зиёд шуданд. Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ 1 586 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 1 399 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд.

Дар се моҳи охир (апрел-июн) дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ 574 адад терминалҳои электронӣ насб карда шуданд ва боз 523 дархости соҳибкорон оид ба насби терминалҳои электронӣ дар баррасии ташкилотҳои қарзӣ қарор доранд.

Ҳаҷми амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ ба санаи 30 июни соли ҷорӣ 3 879,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 17,5 фоиз афзоиш ёфт.

Бо мақсади тавсеа додани низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо низомҳои пардохтии байналмилалии Visa, Mastercard ва Unionpay ҳамкории мутақобилро роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ, бартараф кардани амалиёти иловагии мубодилаи асъор ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ ва рушди минбаъдаи хизматрасониҳои пардохтӣ моҳи майи соли 2017 созишнома бо ширкати Mastercard ба имзо расонида шуд.

6. Ҳамкориҳои байналмилалӣ.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ барои бартараф намудани таъсири омилҳои берунӣ, таъмини муътадилии қурби пули миллӣ, рушду устувории низоми бонкии кишвар муносибатҳои мутақобилан судманд ва самаранокро бо созмонҳои молиявии байналхалқӣ, аз ҷумла бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Исломии рушд, Бонки Осиёии рушд, Ҷамъияти ҳамкориҳои Олмон (GIZ) ва бо Фондҳои давлатҳои Араб ба роҳ мондааст.

7. Муроҷиати шаҳрвандон 

Дар хотимаи маърӯза Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев қайд намуд, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи хаттӣ, телефонӣ, шифоҳӣ ва сомонаи расмӣ ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 1 216 адад дархосту шикоятро қабул ва таҳти баррасӣ қарор додааст.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии аҳолӣ дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон саҳифаи алоҳида бо унвони “Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ” ва суроғаи электронии алоҳида allomushtari@nbt.tj ташкил дода шуда, бо мақсади муайян намудани фикру ақидаи аҳолӣ вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ, қисмати нав, таҳти унвони “Суоли рӯз” фаъол карда шудааст.

Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди ислоҳот дар низоми бонкӣ, вазъи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сатҳи таваррум, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, истифодаи кортҳои пардохтӣ, ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда ва сатҳи эътимоднокии мардум ба низоми бонкӣ посухҳои мукаммал ва мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 6690

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ