Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Питер Фернандес Карди

08.08.2017

8 августи соли 2017 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Питер Фернандес Карди мулоқоти корӣ анҷом дод.

Мулоқоти мазкур дар доираи барномаи вохӯриҳои Директори намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ анҷом ёфта, зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба татбиқи барномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир тавассути институтҳои молиявии байналмилалӣ дастгирӣ мешаванд, муҳокима гардиданд.

Khabar_1.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев нахуст Директори намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Питер Фернандес Кардиро бо вазъи ҷории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ҷумҳурӣ, бахусус фаъолияти низоми бонкӣ шинос намуда, дар мавриди кӯмакҳои пешниҳоднамудаи DFID дар самти ислоҳоти бахши молиявӣ  ибрози назар намуд.

Ҷамолиддин Нуралиев намояндаи Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабирро ба идомаи ҳамкории самараноки мутақобила даъват намуда, қайд кард, ки низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирӣ ва пешниҳоди кӯмакҳои техникии навбатӣ тавассути  татбиқи таҷрибаи пешрафта дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, сиёсати монетарӣ, назорати бонкӣ, суботи молиявӣ ва бахши суғурта ниёз дорад. 

Дар навбати худ, Директори DFID Питер Фернандес Карди изҳор дошт, ки Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ дар пешбурди низоми бонкӣ ҳамкориҳои судмандро идома дода, омода аст пешниҳодҳои минбаъдаи мушаххасро дар ин самт мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Инчунин, дар ҷараёни мулоқот, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз Директори DFID Питер Фернандес Карди даъват намуд, ки барои ҳавасмандгардонии бонкҳои Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Дар хотимаи мулоқот бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ тамоми имкониятҳо мавҷуд буда, тарафҳо аз он самаранок истифода хоҳанд бурд.

Шуъбаи матбуоти   БМТ


Диданд: 2031

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ