Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Эълон

07.09.2017

Оид ба ҷалби мушовири инфиродии масоили ҳуқуқӣ барои кӯмак ба Бонки миллии Тоҷикистон дар амалинамоии қисмати 4-и барномаи “Рушди инфрасохтори молиявӣ”-и лоиҳаи грантии Бонки Ҷаҳонӣ - “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”

                      Муҳлат:                                                     6-7 моҳ;

                Реҷаи кор:                                рӯзи кории пурра (дар хона/дар идора);

Маълумоти умумӣ:

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» грант дарёфт намуд ва мехоҳад як ҳиссаи маблағи онро барои пардохти хизматрасониҳо истифода намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори татбиқи қисмати 4-и барномаи "Беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ" мехоҳад мушовири инфиродии масоили ҳуқуқиро барои кӯмак ба Бонки миллии Тоҷикистон дар раванди такмили қонунгузории соҳаи танзим ва назорати бонкӣ, ки аз тарафи мушовирони байналмилали дар доираи лоиҳаи зикргардида таҳия шудааст, ба кор ҷалб намояд. Мушовир бояд лоиҳаи ниҳоии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро таҳия намуда, ба Бонки миллии Тоҷикистон дар рафти татбиқи онҳо кӯмак расонад.

Вазифаҳо:

  • Гузаронидани экспертизаи муфассали ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои омодагашта, ба монанди лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои соҳаи бонкӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ, ба ҳолати ниҳоӣ овардани онҳо барои қабул ва бақайдгирии давлатии минбаъда;
  • Ба тасвияи ҳуқуқӣ ва ба тарзу усулҳои ба қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон хос мутобиқ намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ пешниҳод шудаанд, инчунин ҷустуҷӯ ва истифодаи истилоҳоту мафҳумҳои ҳуқуқии муносиб, бо ҳатман нигоҳ доштани моҳияту мазмуни ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда;
  • Ворид кардани тағйироти зарурӣ ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида бо мақсади таъмини мувофиқати онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳатман нигоҳ доштани моҳияту мазмуни ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда;
  • Дастгирии БМТ дар раванди татбиқ: омода кардани таклифҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии иловагӣ, пешниҳод кардани онҳо ба мақомоти давлатӣ/ҳукумат/парламент;
  • Дар ҷараёни омода ва қабул кардани ҳуҷҷатҳо, мушовир бо мутахассисони гуруҳи кории БМТ бояд мулоҳизаю эродҳои воҳидҳои сохтории БМТ, мақомоти давлатӣ ва парламентро дида барояд. Дар сурати қобили қабул будани эроду мулоҳизаҳои мазкур мушовир ҳуҷҷатҳои бо назардошти онҳо ислоҳшударо пешниҳод менамояд;
  • Дастгирии БМТ дар пешниҳоди маълумот, шарҳҳо ва омода намудани дархостҳое, ки ба раванди татбиқи пешниҳодҳо дахл дорад;

Талабот:

  • Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • Хуб донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии бонкӣ;
  • Собиқаи кории на камтра аз панҷ солаи ҳуқуқшиносӣ дар соҳаи бонкӣ;
  • Маҳорати тадқиқоти истилоҳшиносӣ, дақиқ муайян кардан ва донистани истифодаи бамавриди истилоҳоту мафҳумҳои соҳаи ҳуқуқ ва молия;
  • Донистани тартиб ва доштани таҷрибаи ба қонунгузорӣ ворид кардани тағйиру иловаҳо, таҷрибаи ҷорӣ кардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ афзалият дорад;
  • Ташаббускорӣ, мустақилӣ ва қобилияти ташкилотчигӣ ва роҳбарӣ.

Талаботи иловагӣ:

  • Донистани забони англисӣ ва малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои соҳаи ҳуқуқ бо забони англисӣ;

Довталабон муносиб барои тафтиши маълумоти пурсишнома (CV) ва суҳбат таклиф карда мешаванд.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд CV-и худро тариқи почтаи электронӣ (бо нишон додани дар мавзӯи мактуб: “Мушовири инфиродии масоили ҳуқуқӣ” ва Ному насаб) ба унвони дар поён зикргардида то 20-уми сентябри соли 2017 ирсол намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон
Хиёбони Рӯдакӣ, 107А
ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003
e-mail: pscp@nbt.tj
Лоиҳаи Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ
Лоиҳаи № P130091


Диданд: 1641

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ