Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи сентябри соли 2017

17.10.2017

Тибқи маълумоти омори расмӣ сатҳи таваррум дар моҳи сентябри соли ҷорӣ чун моҳи пешин раванди коҳишёбиро идома дода, -0,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 0,8 банди фоизӣ (б.ф.) кам мебошад. Дар натиҷа сатҳи таварруми солона нисбат ба моҳи қаблӣ (7,7%) ба андозаи -1,0 б.ф. поён рафта, ба 6,7 фоиз баробар гардид. Нишондиҳандаи мазкур аз сатҳи интизоршавандаи таваррум пасттар буда, аз муътадилшавии унсурҳои талаботу таклифот ва бо суръати тезтар баргардидани таваррум ба сатҳи нишондиҳцандаи мақсаднок шаҳодат медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки тайи ду моҳи охир таварруми моҳона бо сатҳи манфӣ ҷамъбаст шуда истодааст. 

Таъсири омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ, бахусус аз ҷониби хизматрасониҳои пулакӣ, коҳишёбӣ ва муътадилгардии нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ (сабзавот) дар натиҷаи ҷамъоварии ҳосили фаровони тирамоҳӣ ва афзоиши пешниҳоди он, инчунин сиёсати зиддитаваррумии монетарӣ, вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор боиси нисбатан коҳиш ёфтани интизориҳои таваррумӣ ва сатҳи таваррум гардид. 

Пуёи афзоиши гурӯҳи нархҳои истеъмолӣ нишон медиҳад, ки саҳми маҳсулоти ғайрихурокворӣ ва хизматрасониҳо дар таварруми ҳосилшуда тамоюли муқаррарии худро чун давраҳои пешин идома дод. Саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз ҳисоби таъсири назарраси омилҳои мавсимӣ ва таклифотӣ, яъне коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ вобастагӣ дошт, раванди коҳишёбӣ дошт. 

Тибқи маълумотҳо дар семоҳаи чоруми соли равон зиёдшавии нархи хизматрасониҳои манзилӣ-коммуналӣ, аз ҷумла қувваи барқ ва об ба нақша гирифта шуда, то андозае ба сатҳи таваррум таъсир мерасонад. 

Новобаста аз ин аз рӯи таҳлилҳо ва дурнамо интизор меравад, ки сатҳи таваррум дар соли 2017 ва давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0%) ҷамъбаст хоҳад ёфт.


Шарҳи бештар: Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи сентябри соли 2017

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд


Диданд: 2211

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ