Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 7,0%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (октябр)
    14,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±3)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)6,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон (октябр)15,45
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    14,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр)
    30,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (сентябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (сентябр)
    11,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (сентябр)
    17,17
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 24.11.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1981.15 2001.16
10 3863.73 3902.76
20 7561.88 7638.27
50 18634.74 18822.97
100 37082.73 37457.30

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3

Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсози миллат

03.11.2017

2 ноябри cоли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло, судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Даврон, роҳбарон ва кормандони бонк маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд: “Яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо шарофати Иҷлосияи ХУI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардум аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, ин рӯзи таърихӣ дар кишвар рӯзи Конститутсия эълон гардид. Бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳуҷҷати муътабару тақдирсози миллату давлат буда, дар баробари ин ифодагари манфиатҳои халқу омоли меҳнаткашон, миллату давлати тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ менамояд”.

IMG_2509.JPG

Дар идомаи вохӯрӣ доир ба моҳияти ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Даврон суханронӣ намуд. Мавсуф зимни суханронӣ бо ишора ба муҳиммияти ин Сарқонун махсусан қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меьёрию ҳуқуқӣ эьтибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. 

“Тибқи қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзӯъ таъкид намуда буданд, ки моро зарур аст санадҳои ҳуқуқии худро таҳия ва қабул намуда, онҳоро бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намоем ва ба ин васила, барои бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи ҳуқуқӣ гузорем. Ҳамин тавр, идеяи қабул намудани Конститутсия аз Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд сарчашма гирифт”.

IMG_2459.JPG

Бояд ёдовар шуд, ки 6 ноябри соли 1994 бо раъйи зиёда аз 87 фоизи интихобкунандагон бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон ба тариқи раъйпурсӣ Конститутсия қабул карда шуд. Хусусияти муҳимми Конститутсияи қабулгардида ин буд, ки он волоияти қонунро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард. Бо шарофати қабули Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субьекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ ва халқи тоҷикро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ иштирокдорони ҳамоиш ба суолҳои худ вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 432

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        15877 (48.57%)
      2. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        9052 (27.69%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        7378 (22.57%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        381 (1.17%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ