Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,4%
  • 6,5%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (январ)
    14,0
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 23 январи с.2018)14,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)16,75
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)6,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон (январ)15,7
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (декабр)
    13,42
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (декабр)
    29,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (декабр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (декабр)
    11,63
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (декабр)
    7,74
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 16.02.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2071.06 2091.98
10 4043.55 4084.40
20 7921.54 8001.56
50 19533.90 19731.21
100 38881.08 39273.82

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 1 2 3 4

БМТ: Озмун эълон менамояд

07.11.2017

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони
хизматрасониҳои молиявӣ

I

Мутахассиси пешбари шуъбаи танзим ва методология (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • маълумоти олӣ - ҳуқуқшиносӣ;
  • дониши кофӣ дар самти қонунгузории соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • доштани маълумоти кофӣ оид ба соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
  • дониши кофӣ оиди кори бонкӣ, молия ва суғурта;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалиятнок мебошад);
  • на камтар аз 3 сол собиқаи касбии корӣ дар бахши молиявӣ (ташкилотҳои қарзӣ/дигар ташкилотҳои молиявӣ).

Малакаҳои иловагӣ:
  • тафаккури эҷодӣ, малакаҳои илмӣ – таҳлилгарӣ ва таҳияи мукотиботи хаттӣ;
  • қобилияти хуби таҳлилӣ;
  • малакаи муошират ва қобилияти пешниҳоди намоиш – презентатсияҳо;
  • қобилияти возеҳ баён намудани фикру ақидаи худ, ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ;
  • мулоҳизакорӣ, ботаҳаммулӣ ва мушоҳидакорӣ;
  • қобилияти дар ҳайати тим фаъолият намудан.

II
Мутахассиси шуъбаи танзим ва методология (1 ҷой)


Талабот ба номзад:
  • маълумоти олӣ - иқтисодӣ/молиявӣ;
  • дониши кофӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
  • дониши кофӣ оиди кори бонкӣ, молиявӣ ва суғурта;
  • дониши кофии қонунгузории ҷории бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • озодона кор бурдан бо барномаҳои компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
  • на камтар аз 3 сол собиқаи касбии корӣ дар бахши молиявӣ (ташкилотҳои қарзӣ/дигар ташкилотҳои молиявӣ).

Малакаҳои иловагӣ:
  • қобилияти хуби таҳлилӣ;
  • тафаккури эҷодӣ;
  • малакаи муошират ва қобилияти пешниҳоди намоиш – презентатсияҳо;
  • қобилияти дар ҳайати тим фаъолият намудан.


III

Сармутахассиси шуъбаи баррасии муроҷиатҳо ва назорати фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:
  • маълумоти олӣ - иқтисодӣ;
  • дониши кофӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
  • донистани кори бонкӣ ва суғурта;
  • донистани қонунгузории ҷории бахши бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар самти баррасии муроҷиатҳо (бурдани омор ва қайди тамоми намуди муроҷиатҳо, андешидани чораҳои зарурӣ, ҳамоҳангсозии муроҷиатҳо ва ғ.) афзалият дорад;
  • малакаи муошират ва қобилияти пешниҳоди намоиш – презентатсияҳо;
  • малакаи хуби кор бо барномаҳои компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • ба таври озод донистани забони давлатӣ, русӣ (нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ), донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • на камтар аз 3 сол собиқаи касбии корӣ дар бахши молиявӣ (ташкилотҳои қарзӣ/дигар ташкилотҳои молиявӣ).

Малакаҳои иловагӣ:
  • тафаккури эҷодӣ;
  • устуворӣ дар ҳолати стресс;
  • қобилияти дар ҳайати тим фаъолият намудан.

IV

Мутахассиси пешбари шуъбаи баррасии муроҷиатҳо ва назорати фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ (2 ҷой)


Талабот ба номзад:
  • маълумоти олӣ - иқтисодӣ;
  • дониши кофӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
  • донистани кори бонкӣ ва суғурта;
  • донистани қонунгузории ҷории бахши бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар самти баррасии муроҷиатҳо (бурдани омор ва қайди тамоми намуди муроҷиатҳо, андешидани чораҳои зарурӣ, ҳамоҳангсозии муроҷиатҳо ва ғ.) афзалият дорад;
  • малакаи муошират ва қобилияти пешниҳоди намоиш – презентатсияҳо;
  • малакаи хуби кор бо барномаҳои компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • ба таври озод донистани забони давлатӣ, русӣ (нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ), донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • на камтар аз 3 сол собиқаи касбии корӣ дар бахши молиявӣ (ташкилотҳои қарзӣ/дигар ташкилотҳои молиявӣ).

Малакаҳои иловагӣ:
  • тафаккури эҷодӣ;
  • устуворӣ дар ҳолати стресс;
  • қобилияти дар ҳайати тим фаъолият намудан.

V
Мутахассиси шуъбаи саводнокии молиявӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:
  • маълумоти олӣ - иқтисодӣ/рӯзноманигорӣ;
  • дониши кофӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
  • доштани таҷрибаи оид ба гузаронидани тренингҳо (доир ба масъалаҳои саводнокии молиявӣ афзалиятнок мебошад);
  • малакаи муошират ва қобилияти пешниҳоди намоиш – презентатсияҳо;
  • қобилияти дар чорчӯбаи лоиҳаҳо фаъолият намудан;
  • малакаи зарурии корӣ бо компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • ба таври озод донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;
  • на камтар аз 3 сол собиқаи касбии корӣ (дар соҳаи PR).

Малакаҳои иловагӣ:
  • тафаккури эҷодӣ;
  • устуворӣ дар ҳолати стресс;
  • қобилияти дар ҳайати тим фаъолият намудан.


Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).


Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
• Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
• Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20.11 с.2017

Диданд: 1306

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Оё Шумо аз ягон намуди суғурта истифода мебаред?







    Аз кадом намудҳои  суғурта Шумо истифода мебаред?








      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Оё Шумо аз ягон намуди суғурта истифода мебаред?
      1. Не, истифода намебарам
        3153 (35%)
      2. Аз он ягон фоида нест
        2959 (33%)
      3. Ҳа, истифода мебарам
        2931 (32%)
      4. Суғурта худаш чист?
        13 (0%)
    2. Аз кадом намудҳои  суғурта Шумо истифода мебаред?
      1. Суғуртаи ихтиёрии молу мулк;
        3051 (33.63%)
      2. Суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳодисаҳои нохуш;
        2885 (31.80%)
      3. Суғуртаи ихтиёрии шаҳрвандони ба хориҷа сафаркунанда;
        2863 (31.56%)
      4. Суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии воситаҳои нақлиёт;
        47 (0.52%)
      5. Суғуртаи ихтиёрии биноҳо, иншоот ва молу мулк аз сӯхтор новобаста аз шакли моликият.
        11 (0.12%)
      6. Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;
        7 (0.08%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ