Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Дастгирии ташаббусҳои созанда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон

07.11.2017

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободониву кабудизоркунии муҳити атроф ва саҳми сазовор гузоштан дар ободу зебо гардонидани пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 25 октябри соли 2017) Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди парваришгоҳҳои “Маркази таълимии Пуғус”, Маркази таълимии Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд, ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” ва ҶДММ “Шоҳин-БМТ” парвариши 350 (сесаду панҷоҳ) ҳазор бех гулҳои мавсимӣ ва 67 (шасту ҳафт) ҳазор бех гули садбаргро барои соли 2018 ба роҳ монад. 

Ҳамзамон, дар майдончаи наздиҳавлигии Бонки миллии Тоҷикистон тасмим аст, ки то мавсими навбатии ниҳолшинонӣ 100 ҳазор қаламчаи гули садбарг ва 300 ҳазор ниҳоли гулҳои мавсимӣ (катарантус, салвия, тагес, виола) парвариш карда мешаванд, ки дар оянда барои ободониву кабудизоркунии муҳити атроф дар дохил ва тибқи зарурат ба шаҳру ноҳияҳои атроф дастрас карда мешаванд. Боиси қайд аст, ки баҳри ороиш додани дохили иншоотҳо дар майдончаи мазкур теъдоди муайяни гулҳои тропикии ороишӣ ва дарахтҳои декоративии сузанбарг парвариш карда мешаванд. 

Дар баробари ин, ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркуни муҳити атроф дар Бонки миллии Тоҷикистон ва заминҳои ҳудуди Марказҳои таълимии Бонки миллии Тоҷикистон пайваста шанбегиҳо ба тариқи ҳашарҳои дастаҷамъӣ гузаронида мешаванд.

Дар маъракаҳои ҳашару шанбегиҳо, ки таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба таври фаъол ба роҳ монда мешавад, барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва нигоҳубини дарахтону растаниҳо мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар мавсими кабудизоркунии имсола низ дар ҳудуду атрофи биноҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Марказҳои таълимӣ шинонидани ниҳолу растаниҳои ҳамешасабз ва ороишиву сояафкан идома меёбанд, ки қисмати зиёди корҳо тариқи ҳашар дар шанбегиҳои дастаҷамъӣ анҷом дода мешаванд. 

Қобили қайд аст, ки дар мавсими ниҳолшинонии соли гузашта, дар ҳудуди заминҳои Маркази таълимии Пуғус ва теппаҳои атрофи он тавассути заҳмати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон зиёда аз 12 ҳазор ниҳоли санавбар, 801 адад қочи тяншонӣ (тяншанский ел) ва 199 қочи кабуд (голубой ел) қомат афрохт. Соли 2017 4 ҳазор бех ниҳоли санавбар, 167 бех дарахти сафедор шинонда шуданд ва дар мавсими тирамоҳӣ боз шинонидани 4 ҳазор бех ниҳолҳои санавбар дар назар аст. Дар баробари ин, дар Маркази таълимии Пуғус беш аз 100 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд, соли оянда (2018) тасмим аст, ки боз 2 ҳазор бех қаламчаи садбарг барои истифода парвариш хоҳад шуд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки супоришҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат дар ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, тавассути талошу заҳмати ҳамватанон пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе ба гулистони зебою диданӣ ва дилнишин табдил хоҳад ёфт.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 4521

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ