Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 7,0%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (октябр)
    14,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±3)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)6,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон (октябр)15,45
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    14,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр)
    30,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (сентябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (сентябр)
    11,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (сентябр)
    17,17
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 24.11.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1981.15 2001.16
10 3863.73 3902.76
20 7561.88 7638.27
50 18634.74 18822.97
100 37082.73 37457.30

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3

Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум

08.11.2017

3 ноябри соли 2017 бо иштироки Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳайати намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон, намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, намояндагии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки Рушди Олмон дар робита ба масъалаҳои сиёсати монетарию қарзӣ, тадқиқот ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти корӣ анҷом дода шуд. 

1.jpg

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев баъди истиқбол аз ташрифи намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҳозиронро ба ислоҳоту навовариҳо, ба мисоли истифодаи фишангҳои нави монетарӣ ҷиҳати гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум (Inflation targeting), ки давоми ду соли охир раванди татбиқшавӣ дорад, ҷалб намуд. Номбурда зимни суханронии худ таъкид намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода шудааст, вале дар баробари ин зарурат ба кумаки техникӣ, аз ҷумла ҷалби мушовирони таҷрибадор ҷой дорад.  

2.jpg 

Дар идомаи машварат аз ҷониби Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди БМТ дар мавзӯи “Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум”, яъне нақшаи гузариш ба ҳадафгирии таваррум, дурнамо ва такмили он, ҷараёни ташаккули сиёсати монетарӣ, воситаҳои таъсиррасони сиёсати монетарӣ, нақши равобит бо ҷомеа тавассути ВАО, аз ҷумла тақвият бахшидани доираи фаъолияти бахши матбуот ва васеъ кардани сохтори он, татбиқи сиёсати асъорӣ, амалиётҳои монетарӣ, талаботҳои захиравӣ, бозори пул ва коғазҳои қиматнок, пешбинӣ намудани пардохтпазирӣ муаррифинома пешниҳод гардид. 

3a.jpg

Зимни муаррифӣ, ки аз ҷониби мутахассисони шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозии Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд (Самандарзода Наврӯз - сардори шуъба, Салимов Муҳаммад – мутахассиси пешбар, Мурватов Бобур – мутахассиси дараҷаи 1) пешниҳод карда шуд, масъалаи пешбурди сиёсати монетарӣ ва саҳми бонкҳои марказӣ дар рушди он, татбиқи он дар пайвастагӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ, таъсири омилҳои беруна ба сиёсати монетарӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайричашмдошт, татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ҳангоми гузаронидани ислоҳот, зарурат ва тартиби гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, имкониятҳои дар дастдошта ва шартҳои расидан ба ҳадафи мазкур ва нақши муҳимми равобит (коммуникатсия) дар таҳким бахшидани сиёсати монетарӣ баррасӣ гардида, диққати иштирокдорон ба масоили тақвият бахшидани раванди таҳия ва татбиқи сиёсати босамари монетарӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи нави монетарӣ – ҳадафгирии таваррум нигаронида шуд. 

4.jpg

Дар қисмати муҳокимаронӣ ҳайати намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ аз сатҳи ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, дар қисмати муаррифӣ ба масъалаҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, таҳкимёбии фишангҳо, аз ҷумла истифодаи фишангҳои фоизии сиёсати монетарӣ, фаъолияти бозори байнибонкӣ, тақвияти қобилияти дурнамосозӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки шартҳо ва имкониятҳои дархости Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди расонидани кӯмаки техникӣ ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтор ва ҷалби мушовирон дар ҳамбастагӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд. 

5.jpg

Дар мулоқоти корӣ намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Юрий Соболев, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс, роҳбари намояндагии БОР дар Тоҷикистон Прадеб Шривастава, роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова, муовини директори Намояндагии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон Томас Люкс, намояндаи Бонки Рушди Олмон KfW Манучеҳр Бақоев ва дигар мутахассисони ин ташкилотҳои молиявӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.

6.jpg

Ҳадафгирии таваррум – реҷаи сиёсати пулию қарзиест, ки ҳадафи ниҳоии он муътадил намудани нархҳо дар давраи дарозмӯҳлат мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф Бонки миллӣ тавассути сиёсати фоизӣ ҷиҳати таъмини муътадилии нархҳо ҷораҷӯӣ менамояд. 

Ба ҳолати имрӯз 28 давлати дунё аз реҷаи ҳадафгирии таваррум истифода мебаранд. Аз ҷумла, раванди (таҷрибаи) мазкур дар миёни кишварҳои ИДМ дар ҷумҳуриҳои Арманистон, Гурҷистон, Русия ва Украина мушоҳида гардида, дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорусия ба реҷаи ҳадафгирии таваррум таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 482

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        15877 (48.57%)
      2. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        9052 (27.69%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        7378 (22.57%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        381 (1.17%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ