Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,3%
  • 6,6%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд. сомонӣ
    20,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (сентябр)11,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-cентябр)
    22,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    17,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    21,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    22,04




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.10.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3282.95 3361.36
10 6478.94 6633.67
20 12811.78 13117.75
50 31791.25 32550.49
100 63417.74 64932.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Татбиқи низоми иттилоотӣ дар бонкдории исломӣ

23.11.2017

23 ноябри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” (Туркия) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон барои кормандони воҳидҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Татбиқ ва вусъатдиҳии низоми технологияҳои иттилоотии ширкати “GaiaBilgi” барои бонкҳои марказӣ дар низоми бонкдории исломӣ” муаррифӣ пешниҳод намуд.

Дар оғози муаррифӣ сардори шуъбаи назорати бонкдории исломии БМТ Кибриё Уроқова ба намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” барои ташриф ва пешниҳоди бизнес-модели автоматикунонидашудаи тайёр изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки таҷрибаи ширкати мазкур баҳри татбиқ ва инкишофи низоми бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир хоҳад гузошт.

1.jpg

Дар доираи муаррифӣ аз ҷониби намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” ба иштирокдорон оид ба таъминоти барномавӣ барои таҳияи ҳисоботи мутамарказ ва фаъолияти низоми автоматишудаи бонкӣ (низоми амалиётҳо) дар низоми бонкдории исломӣ маълумот манзур гардид. Зимни муаррифӣ вобаста ба таҷрибаи амалии истифодаи хисоботҳои таҳлилӣ ва идорӣ дар бонкҳои марказӣ, шакли ҳисоботдиҳии марказонидашуда, инчунин ҷорӣ кардани низоми амалиётҳои (транзаксияҳои) бонкдории исломӣ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Туркия, Қирғизистон ва Озарбойҷон маълумот дода шуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур шиносоӣ бо низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи бонкдории исломӣ барои бонкҳои марказӣ, омӯзиши таҷрибаи амалии бонкдории исломӣ ва таҷрибаи беҳтарини ин низом дар кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, иштирокдорон дар қисмати муҳокимаронӣ бо дарёфти посух ба саволҳои худ дониши худро дар ин самт боз ҳам мукаммал намуданд. 

2.jpg

Боиси тазаккур аст, ки чорабинии мазкур бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд бо иштироки намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” (Туркия) ва мутахассисони Департаменти технологияҳои иттилоотӣ ва Департаменти назорати бонкӣ доир гардид.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2635

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ