Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,3%
  • 6,6%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд. сомонӣ
    20,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (сентябр)11,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-cентябр)
    22,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    17,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    21,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    22,04




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 20.10.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3271.13 3349.25
10 6455.28 6609.45
20 12764.47 13069.31
50 31672.98 32429.39
100 63181.20 64690.08

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Вохӯрӣ бо намояндагони ташкилотҳои ҳисоботдиҳандаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.01.2018

Санаи 12 январи соли 2018 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳандаи вазорати мазкур, аз ҷумла:

  • ташкилотҳое, ки фулузоту сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ ва шикастапораҳои ин гуна маснуотро хариду фурӯш мекунанд;
  • ломбардҳо; 
  • ташкилотҳое, ки биноҳо барои бозиҳо, тотализаторҳо ва муассисаҳои букмекерӣ доранд;
  • ташкилотҳое, ки лотереяҳо баргузор менамоянд
 барои баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисон баргузор гардид.

Рисунок1.jpg

Ҷаласаро Файзуллозода Ф. - И.в. Директори Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон кушода, нахуст оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2017 №966 оид ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунинигардинии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) муайян гардидани Бонки миллии Тоҷикистон қайд кард. Ҳамзамон оид ба фаъолияти амалӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар доираи қонунгузории амалкунанда сухан ронд.

Ҷиҳати шиносоӣ бо раванди баҳодиҳии тарафайн аз ҷониби намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ дар доираи мавзӯъҳои зерин рӯнамоиҳо (презентатсия) пешкаш карда шуданд:

• Талаботҳои қонунгузории ҶТ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО;

• Пешниҳоди ҳисобот мутобиқи моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи МҚД/МТ/МПСҚО”;

• Омодагӣ ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн;

• Ҳисобот оид ба натиҷаҳои БХМ ҚД/МТ.

Ҳамзамон, Файзуллозода Ф. қайд кард, ки аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявӣ оид ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки вобаста ба манъи фош намудани иттилоот аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ифшо намудани иттилоот ба муштариёни худ ё дигар шахсон дар бораи он, ки ба мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО маълумот оид ба чораҳое, ки барои МҚД/МТ/МПСҚО андешида мешаванд, ҷазо пешбинӣ карда шавад. 

Инчунин, қайд карда шуд, ки Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст оварда ва маблағгузории терроризм аз моҳи апрели соли 2015 то моҳи сентябри соли 2017 баргузор гардид. Лоиҳаи ниҳоии ҳисоботи мазкур дар ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом санаи 18 сентябри соли 2017 тасдиқ гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки шакли мухтасари он дар саҳифаи Департаменти мониторинги молиявӣ дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст.

Рисунок2.jpg

Файзуллозода Ф. ба саволҳои аз ҷониби намояндагони ин ташкилотҳо ҷавобҳои амиқ пешниҳод намуда, ҳамзамон қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ қарор дошта, ташкилотҳои ҳисобдиҳанда ҳам барои вохӯрӣ бо коршиносон баҳогузорон бояд ҳамаҷониба омода бошанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ташкил намудани вохӯрӣ бо намояндагони бахши хусусӣ натиҷаи ҳамкории судманд байни Департаменти мониторинги молиявӣ, Вазорати молия ва ташкилотҳои номбурда мебошад.

Департаменти мониторинги молиявӣ 


Диданд: 1129

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ