Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Семинар барои намояндагони ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

19.01.2018

18 январи соли 2018 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон семинар барои намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур бартараф кардани камбудиҳо ва иҷро намудани талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии низоми бонкӣ дар раванди “Риоякунӣ” (Комплаенс) дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ба ҳисоб мерафт.

M_1.PNG

Ҷаласаро Икромӣ С.С. – Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон кушода, пеш аз ҳама оид ба камбудиҳо ва хатогиҳои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, ки дар рафти санҷишҳо ошкор гардидаанд, сухан ронд. Инчунин, қайд кард, ки яке аз сабабҳои асосии ба чунин камбудиҳо роҳ додан, ин надоштани дониши кофии кормандони ташкилотҳо дар самти мазкур ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин гуфтаҳо, Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар самти мазкур семинар барпо намояд.

Икромӣ С.С. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай дар раванди баҳодиҳии тарафайни низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё (ГАО) оид ба МҚД/МТ амалӣ мегардад, қарор дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷараёни баҳодиҳии тарафайн на танҳо фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки намояндагони бахши хусусӣ ҳам баҳогузорӣ карда мешавад. Инчунин, вохӯрии коршиносон-баҳогузорон бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ бе иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Вобаста ба ин, ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки дар рафти чорабинии мазкур, аз ҷумла, зимни вохӯрӣ бо коршиносон–баҳогузорон фаъол бошанд.

Сипас, риштаи сухан ба И.в. Директори Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд (АТМХТ), муҳтарам Фаттидинова З.Б. дода шуд. Дар рафти баромад Фаттидинова З.Б. минннатдории хешро ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии баргузории барномаи омӯзишӣ, аз ҷумла дар қисмати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, инчунин бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, баён кард.

M_2.PNG

Файзуллозода Ф. - И.в. Директори Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон дар суханрониаш қайд кард, ки дар рафти санҷишҳо дар ташкилотҳои қарзӣ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла, дар фаъолияти мутахассисони Комплаенс ба назар мерасанд. Вобаста ба ин, баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани бохабарӣ аз иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО мусоидат хоҳанд намуд.

Аз ҷониби кормандони Департамент презентатсияҳо дар мавзӯҳои зерин пешниҳод гардиданд:

• Талаботҳои қонунгузории ҶТ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО;
• Тартиби пешниҳоди ҳисоботҳо;
• Маблағгузорӣ барои ҷалби шахсон бо мақсади содир намудани амалҳои террористӣ;
• Фаъолияти Департамент дар самти муқовимат ба маблағгузории терроризм.

Файзуллозода Ф. ба саволҳои иштирокчиёни семинар посухҳои амиқ пешниҳод намуд. Инчунин, қайд кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои такмили дониши хеш кормандони масъули ин ташкилотҳо метавонанд ба Департаменти мониторинги молиявӣ муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон, қайд намуд, ки мутобиқи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ташкилотҳои қарзиро мебояд, ки хавфҳои худро дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО муайян намуда, нисбати коҳиш додани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Амали мазкур барои тақвият бахшидани низоми молиявии кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар ин вохӯрӣ зиёда аз 60 нафар намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ширкат варзиданд. Лозим ба ёдоварист, ки баргузории чунин вохӯриҳо натиҷаи ҳамкории судманд байни Департаменти мониторинги молиявӣ ва ташкилотҳои қарзӣ дар доираи риояи талаботҳои қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ба ҳисоб меравад. 

Департаменти мониторинги молиявӣ



Диданд: 1433

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ