Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Раиси БМТ бо Раиси Бонки рушди АврОсиё

30.01.2018

29 январи соли 2018 мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати намояндагии Бонки рушди АврОсиё (БРАО) таҳти роҳбарии Раиси Раёсати бонки мазкур ҷаноби Андрей Белянинов баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти рушди иқтисод ва низоми бонкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

563A4439.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Андрей Беляниновро ба вазифаи Раиси Раёсати Бонки рушди АврОсиё таъйин шуданаш табрику таҳният гуфта, барои рушд додани муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи нави ҳамкорӣ изҳори умед кард. Зимни мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳайати Бонки рушди АврОсиёро бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар шинос намуда, изҳор дошт, ки марҳилаи солимгардонии низоми бонкӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

563A4421.JPG

Дар навбати худ, Раиси Раёсати Бонки рушди АврОсиё Андрей Белянинов таваҷҷуҳи асосиро барои мусоидат намудан дар самти қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ, имкониятҳои кушодани суратҳисобҳои Бонки рушди АврОсиё дар Бонки миллии Тоҷикистон, гузаронидани амалиётҳои СВОП ва дигар масъалаҳои низоми бонкӣ ҷалб намуд.

Дар идома Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки таклифу пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои зикршуда пурра омӯхта шуда, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар самти ба сатҳи нав гузаронидани ҳамкориҳо ва дастгирии низоми бонкии кишвар мавриди пешниҳод қарор дода мешаванд.

563A4459.jpg

Қобили қайд аст, ки мулоқоти мазкур дар фазои мусоид ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, дар он инчунин, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, Директори намояндагии Бонки рушди АврОсиё дар Тоҷикистон Рашид Қодиров, сардори шуъбаи тадорукот-бозрасии Бонки рушди АврОсиё Антон Мартинюк, сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташрифоти Бонки рушди АврОсиё Михаил Панченко, намояндагони Вазорати молияи ҶТ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1354

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ