Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи мухтасари вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

09.02.2018

9 феврали соли 2018, дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷи кишвар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2017 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2017 сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи зарурии нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.

563A5123-rais.JPG

1. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар.
ММД - и кишвар дар соли 2017 61,1 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба рушди иқтисодиёт афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,1 фоиз ва гардиши савдои чакана 6,6 фоиз мусоидат намуд.

Таваррум. Дар соли 2017 дар натиҷаи татбиқи сиёсати фаъоли зиддитаваррумӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки фишангҳои монетарӣ ва муътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор, сатҳи муътадили таваррум нигоҳ дошта шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум дар соли 2017 6,7 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба соли қаблӣ 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки нишондоди таваррум дар доираи нишондиҳандаи мақсадноки муқарраршуда, ки тибқи дурнамо дар соли 2017 дар сатҳи 7,0 фоизи солона пешбинӣ гардида буд, ҷамъбаст ёфт.

2. Сиёсати пулию қарзӣ.
Мутобиқи маълумоти омории пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2017 14,6 млрд. сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 11,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 ҳаҷми пулҳои захиравӣ 20,9 фоиз (дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 - 71,2 фоиз) ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 39,0 фоиз (дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 - 58,2 фоиз) зиёд мебошад.

Дар соли 2017 ҷиҳати таъмини гардиши пул вобаста ба талаботи иқтисодиёт 5,0 млрд. сомонӣ пули нақд ба муомилот бароварда шуд, ки нисбат ба соли 2016 ба андозаи 2,5 фоиз зиёд мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти паст гардидани хавфҳои таваррумӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ сатҳи меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,25 фоиз паст карда, дар сатҳи 14,75 фоиз муқаррар намуд.

563A5028-4.JPG

3. Қурби пули миллӣ.
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2017 сиёсати реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб”-ро идома дод.

Дар соли 2017 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 12,0 фоиз (дар соли 2016 - 10,8 фоиз) коҳиш ёфт. Қурби бозории доллари нақди ИМА бошад, 12,4 фоиз (дар соли 2016 - 6,4 фоиз) боло рафт ва ба ҳолати 31 декабри соли 2017 фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдӣ ба 0,9 фоиз баробар шуд.

4. Низоми бонкӣ. 
Ба ҳолати 31 декабри соли 2017 дар ҷумҳурӣ 84 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 27 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 7 ташкилоти қарзии хурд ва 33 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ ва уҳдадориҳои умумии онҳо дар ин давра маблағи 20,9 млрд. сомонӣ ва 15,2 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2016 ҳаҷми дороиҳо 1,2 фоиз ва уҳдадориҳо 3,1 фоиз кам гардид. Сармояи тавозунӣ бошад, 4,1 фоиз афзуда, ба 5,7 млрд. сомонӣ баробар шуд.

Пасандозҳо. Ба ҳолати 31 декабри соли 2017 бақияи умумии пасандозҳо 9,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 0,4 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 19,2 фоиз афзоиш ва бо асъори хориҷӣ 10,9 фоиз коҳиш ёфт. Ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо бо пули миллӣ 44,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 55,4 фоизро ташкил медиҳад (дар соли 2016 мутаносибан 37,6 фоиз ва 62,4 фоиз буд). Нишондиҳандаҳои мазкур аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт шаҳодат медиҳанд.

563A4904.JPG

Маблағгузории қарзӣ. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2017 - 7,9 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2016 1,3 фоиз кам мебошад.

Дар баробари ин, теъдоди қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ раванди мусбат дошта, дар муқоиса ба соли 2016 7,5 фоиз ё 33,6 ҳаз. адад афзоиш ёфта, ба 479,1 ҳаз. адад баробар гардид. Ин нишондод аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна гувоҳӣ медиҳад.

Дар соли 2017 ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додашуда 3,8 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2016 5,3 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 58,4 фоизи вазни қиёсӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ ва аз рӯи соҳаҳо бошад, ба савдои хориҷӣ 20,3 фоиз, саноат 46,9 фоиз, истеъмолот 13,9 фоиз, хизматрасонӣ 6,5 фоиз, кишоварзӣ 6,5 фоиз, сохтмон 3,2 фоиз, нақлиёт 1,3 фоиз ва дигар соҳаҳо 1,4 фоиз рост меояд.

5. Низоми пардохт.
Дар соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ тавассути низомҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ зиёда аз 84,9 млн. пардохт ба маблағи умумии 681,6 млрд. сомонӣ амалӣ гардид, ки нисбат ба соли 2016 шумораи пардохтҳо 40,0 фоиз ва ҳаҷми пардохтҳо 65,3 фоиз зиёд шуданд.

040404.JPG

Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи 31 декабри соли 2017 зиёда аз 1 694,2 ҳаз. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2016 4,6 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохт дар муқоиса ба соли 2016 4,2 фоиз зиёд гардида, 1 672,4 ҳаз. нафарро ташкил намуд.

Дар давоми соли 2017 бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ 17,6 млн. адад амалиётҳо ба маблағи умумии 8,3 млрд. сомонӣ гузаронида шудаанд, ки нисбат ба соли 2016 ҳаҷми амалиётҳо 16,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ин ҳаҷми амалиётҳо пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳо маблағи 387,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2016 39,0 фоиз афзоиш ёфтааст.

6. Муроҷиати шаҳрвандон.
Дар хотимаи маърӯза Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода қайд намуд, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон қабули муроҷиати шаҳрвандон тариқи хаттӣ, телефонӣ, шифоҳӣ ва сомонаи расмӣ ба роҳ монда шуда, дар соли 2017 дар маҷмӯъ 2 995 адад дархосту шикояти муштариён тибқи тартиби муқарраргардида мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт.

Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди ислоҳот дар низоми бонкӣ, вазъи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сатҳи таваррум, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, истифодаи кортҳои пардохтӣ, ҳаҷми пули миллӣ дар муомилот ва сатҳи эътимоднокии мардум ба низоми бонкӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 4617

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ