- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Таваррум дар моҳи феврал0,3%
- 3,6%
- Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ36,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 12 феврали с.2024)9,5 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)5,08%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2024
- Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)12,57 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)23,06 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)13,00%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,74%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)23,71%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 28.03.2024 1 USD 10.9546 1 EUR 11.8540 1 RUB 0.1187
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Телефони боварии БМТ (44-600-15-20)
- Реҷаи кории телефони боварии БМТ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
(Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30)
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Семинари машваратӣ оид ба омӯзиши мушкилоти ташкилотҳои қарзӣ
Вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта дар раванди баргардонидани қарзҳои муҳлатгузашта ва расмиёти ба амволи гарав вобаста, 6 марти соли 2018 бо ташаббуси Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХТ) дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар семинари машваратӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, Раиси коллегияи судии Суди Олии ҶТ Қодирзода Тоҳир, муовини Раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ Аминзода Зокирҷон, сардори Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ Ғаюрзода Шуҳратулло, муовини сарнотариуси Саридораи нотариалии давлатии ҶТ Ҷабборова Наргис, нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии ҶТ Фахриддинова Сайёра ва намояндагони дигар сохтору идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зимни суханронии муқаддимавӣ қайд намуд, ки низоми бонкӣ дар рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна нақши муҳимро мебозад. Мутаассифона, камбудиҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ, ба монанди нодуруст ба роҳ мондани принсипҳои идоракунии корпоративӣ, додани қарзҳои калон ба шахсони вобаста ва шахсони бо ҳам алоқаманд, ба даст овардани маржаи фоизии манфӣ, омехта намудани тиҷорати шахсӣ ба фаъолияти бонкӣ аз ҷониби роҳбарияти ташкилотҳои қарзӣ ва мавҷуд набудани усули ягонаи баҳодиҳии амволи гарав фаъолияти мӯътадили низоми бонкиро халалдор менамоянд.
“Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, аз ташкилотҳои қарзӣ даъват мекунад, ки барои омӯзиши масъалаҳо оид ба мушкилиҳои дар ҷараёни баррасии судии баҳсҳо ҷойдошта, алалхусус руёнидани маблағҳои қарзии батаъхирафтода, таклифу пешниҳодҳои худро ба БМТ пешниҳод намоянд. Дар робита ба ин, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад, ки татбиқи он дар оянда метавонад барои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта мусоидат намояд”, изҳор дошт Сироҷиддин Икромӣ.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои ҷории низоми бонкӣ вобаста ба мавзӯи семинар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, таклифу пешниҳодҳои ташкилотҳои қарзӣ, ки бештар ба татбиқи дурусти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти дахлдор (мақомоти судӣ, нотариат ва мақомоти баҳодиҳанда (нархгузоранда) вобастагӣ дорад, мавриди баҳсу муҳокимаронӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки такмили баъзе санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ҳалли бархе мушкилоти ташкилотҳои қарзӣ мусоидат карда метавонанд. Дар баробари ин зикр гардид, ки ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ва санадҳои дохилии худ зимни пешниҳоди қарз пеш аз ҳама ҳолати молиявӣ, қобилияти қарзпардохткунӣ, нақшаи тиҷоратӣ ва таърихи қарзии муштариро ҳаматарафа омӯхта, амволи гаравро ҳамчун манбаи дуюмдараҷаи пардохти қарз истифода намоянд.
Дар қисмати ҷамбастӣ таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории семинари мазкур - баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони низоми бонкӣ дар самти идоракунии қарзҳо ва пешбурди сиёсати қарзӣ буда, омӯзиши мушкилоти ҷойдошта дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли он мусоидат хоҳад намуд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 2468
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ