Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    0,4%
  • 5,5%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (ноябр)
    15,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (ноябр)14,22
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (октябр)
    9,44
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (октябр)
    29,32
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (октябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (октябр)
    17,52
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (октябр)
    24,00
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.12.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2004.65 2052.53
10 3922.33 4016.01
20 7698.57 7882.43
50 19008.23 19462.18
100 37851.70 38755.67

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6

Баргузории даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО

09.03.2018

Бо мақсади баргузории даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) ҳайати коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) аз 5 то 15 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

ДММ-1.jpg

Мақсад аз ташриф ва баргузории вохӯриҳои ҳайати коршиносон-баҳогузорони ГАО бо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузории мутобиқати самаранокии кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №966 аз 12 декабри соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон (Департаменти мониторинги молиявӣ) мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО таъин гардидааст. Вобаста ба ин, як қатор вохӯриҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Вохӯрии нахустини ҳайати коршиносон дар Бонки миллии Тоҷикистон санаи 5-уми март бо  Департаменти мониторинги молиявӣ сурат гирифт. Вохӯриро Файзуллозода Ф. - и.в. Директори Департаменти мониторинги молиявӣ кушода, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати омодагӣ ба баргузории даври дуюми баҳодиҳии тарафайн сухан ронд. Файзуллозода Ф. қайд намуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишвар бастаи ҳуҷҷатҳо оид ба мувофиқати техникӣ ва татбиқи чораҳои МҚД/МТ/МПСҚО омода гардида, ба коршиносони ГАО пешниҳод карда шуданд.

ДММ-2.jpg

Сипас, дар робита ба суолҳои коршиносон аз ҷониби намояндагони Департамент оид ба фаъолияти Департамент, аз ҷумла дар самти ҳамкорӣ бо мақомоти кашшофии молиявии дигар кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон рӯнамо (презентатсия) пешниҳод гардид. Аз ҷониби намояндагони Департамент инчунин вобаста ба масъалаҳо дар доираи Саволномаи мутобиқати техникӣ маълумотҳо пешниҳод гардиданд.

Нимаи дуюми рӯз вохӯриҳо бо ҳайати Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода М.М баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби Роҳбари Комиссия ба ҳама саволҳои коршиносон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода М.М. қайд кард, ки дар ҳолати зарурӣ мақомоти кишвар омода аст маълумоти заруриро ба ҳайати коршиносон пешниҳод намояд.

Худи ҳамин рӯз вохӯрии коршиносон бо Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби намояндаи Гурӯҳи кории мазкур оид ба ҳисоботи Баҳодиҳии хавфи миллӣ маълумот дар шакли рӯнамо пешниҳод гардид. Сипас, ба ҳайати коршиносон дар доираи суолҳояшон вобаста ба ҳисоботи мазкур оид ба баҳодиҳии хавфҳо дар бахшҳо маълумоти муфасал пешниҳод гардид.

ДММ-3.jpg

Баъдан, вохӯрӣ бо намояндагони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла, Департаменти назорати бонкӣ, Идораи муносибатҳои байналмилалӣ, Идораи назорати суғуртавӣ ва Идораи низоми пардохт баргузор гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи барнома дар рафти ташриф вохӯрии ҳайат бо намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.

Вохӯрии ниҳоии ҳайати коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм санаи 15 марти соли равон бо ҳайати Комиссияи доимоамдкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО бо пешниҳоди шакли ниҳоии лоиҳаи ҳисоботи ҳайати коршиносон-баҳогузорон баргузор хоҳад гардид.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 871

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Не, аз он ягон фоида нест;
        465 (41.30%)
      2. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        394 (34.99%)
      3. Ба ман фарқ надорад;
        176 (15.63%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        485 (43.07%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        286 (25.40%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        217 (19.27%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ