Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мизи мудаввар оид ба қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таърихи қарз»

20.03.2018

16 марти соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарияти БМТ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ташкилотҳои қарзии кишвар вобаста ба қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз” мизи мудаввар баргузор гардид.

563A7907.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зимни суханронии ифтитоҳӣ қайд намуд, ки бинобар зиёд будани сатҳи хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ, рушди инфрасохтори мубодилаи иттилооти қарз дар идоракунии хавфи қарзӣ ва таъмини устувории молиявӣ нақши муҳимро мебозад. Дар робита ба ин соли 2009 Қонуни ҶТ “Дар бораи таърихи қарз” қабул шуда, соли равон бо назардошти муҳайё намудани шароит барои ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз, ки дар навбати худ имконияти қарздиҳии ташкилотҳои қарзиро ба иқтисодиёт васеъ намуда, ба рушди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ, инчунин қарздиҳӣ ба соҳибкории хурду миёна такон мебахшад, ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуд”.

Зимни муаррифии маърӯзаи худ дар мавзӯи “Моҳият ва аҳамияти тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи таърихи қарз” Сироҷиддин Икромӣ ба иштирокдорон оид ба тағйиру иловаҳои асосӣ, мақсадҳои асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо, аҳамияти танзими бозори иттилооти қарз ва интизориҳо аз он бо овардани далелу рақамҳо аз сохтори низоми бонкии кишвар, нишондиҳандаҳои асосии тавозунӣ, саҳми низоми бонкӣ дар иқтисодиёт, сифати сандуқи қарзии бонкҳо аз рӯи фаъолнокии истифодабарии маълумоти Бюроҳои таърихи қарзӣ, нишондиҳандаҳои маҷмӯии Бюроҳои таърихи қарз дар давраи солҳои 2014-2017 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

563A7930.JPG

Зикр гардид, ки танзими бозори иттилоотии қарз ба васеъшавии дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, паст шудани вобастагӣ ба гаравҳо, роҳ надодани қарздиҳии хавфнокиашон аз ҳад зиёд ва қарзҳои такрорӣ, мониторинги бозори қарзӣ ва беҳтар шудани танзиму назорати бонкӣ мусоидат менамояд.

Дар идомаи чорабинӣ менеҷери савдо ва фурӯши ҶДММ Бюрои таърихи қарзии “Бюрои қарзии иттилоотии Тоҷикистон” Олим Игамов дар мавзӯи “Сифати маълумотҳо ва маҳсулоти сифатнок” ва мутахассиси соҳаи агро-молиявии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) Фаррух Каримбаев дар мавзӯи “Восита барои баҳогузории хавфҳои қарзии соҳаи кишоварзӣ CLARA” барои иштирокдорон рӯнамо (презентатсия) пешниҳод намуданд.

563A7855.JPG

Инчунин, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ оид ба муқаррар намудани муҳлат ва давраи пешниҳоди маълумотҳо ба бюрои таърихи қарз ва бурдани рӯйхати махсус барои қарзгирони бемасъулият таклифу пешниҳодҳо шунида шуданд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кормандони низоми бонкӣ дар самти идоракунии қарзҳо ва пешбурди сиёсати қарзӣ буда, тағйиру иловаҳои ба қонун воридгашта ташкилотҳои қарзиро уҳдадор менамояд, ки ҳамаи маълумотҳоро оид ба субъекти қарз бе розигии он ба бюрои таърихи қарз ҳатман пешниҳод намоянд. Талаботи мазкур аз як тараф ба ташкилотҳои қарзӣ барои паст кардани хавфи қарзӣ мусоидат намояд, аз дигар тараф интизоми қарзадокуниро ба роҳ мемонад. Васеъ намудани ваколатҳои мақоми танзимкунанда ба назорати бонкӣ таъсири мусбат дошта, имконият медиҳад, ки таҳлили саривақтии вазъи низоми бонкӣ гузаронида шуда, дар асоси он санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти самарабахшу бехатари низоми табодул ва коркарди иттилооти қарзӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор таҳия ва қабул карда шаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2784

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ