Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Бонки миллӣ ва Бонки ҷаҳонӣ Стратегияи ҳамкориро муҳокима намуданд

20.03.2018

19 марти соли 2018 Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мулоқоти корӣ анҷом доданд. Машварати мазкур таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, бо иштироки муовинони Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ ва Ҳамидулло Машрабзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс сурат гирифт.

563A8785-1 расм.JPG

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши молиявӣ, инчунин оид ба рафти амалишавии лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ” табодули назар намуданд.

563A8899- № 2.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи муфид дар бахши низоми бонкӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.

563A8758-№ 3.JPG

Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс дар навбати худ омодагии хешро барои вусъат бахшидани муносибатҳои ҳамкорӣ дар оянда изҳор карда, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштаракро ҷиҳати устувор намудани бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Зимни суханронӣ Ян Питер Олтерс ҳамзамон оид ба лоиҳаи Стратегияи ҳамкорӣ миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2019-2023 пешбинӣ мешавад, маълумот дод. Дар ҷамъбасти мулоқот зикр карда шуд, ки масъалаи мазкур дар машварати корӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар ояндаи наздик баррасӣ хоҳад шуд.

563A8789-№ 4.JPG

Қобили қайд аст, ки дар мулоқоти мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҳамоҳангсози лоиҳаҳо Зарина Абдулалиева, сармутахассиси бахши молиявӣ (IFC) Зарина Одинаева, сармутахассиси бахши хусусӣ (IFC) Мадина Нурматова ва роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2488

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ