Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Иштироки Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молия дар Ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ (IMF/WB SPRING MEETINGS 2018)

25.04.2018

Намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов ва роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии БМТ дар доираи Ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Вашингтони ИМА 16 - 22 апрели соли 2018 баргузор гардид, якчанд мулоқоту машваратҳои судмандро анҷом доданд.

563A4150-1.JPG

Дар вохӯриии Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Сирил Муллер доир гашт, масоили ҳамкории дуҷонибаи судманд дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт баррасӣ карда шуд.

563A3979.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханрониҳо оид ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дар ин замина эълон намудани мораторий барои санҷишҳо ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, шароит ва имкониятҳои мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла гидроэнергетика, туризм, низоми бонкӣ, дастрасӣ дар бозорҳои коғазҳои қиматноки ҷаҳонӣ ва барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ бо бонкҳои ИМА маълумоти муфассал манзур намуданд.

563A4265-3.JPG

Зимни мулоқот Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсусро барои иштироки Бонки Ҷаҳонӣ дар татбиқ ва анҷоми саривақти иншооти бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ - лоиҳаи Нерӯгоҳи барқӣ обии (НБО) Роғун, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷоми саривақтии иншооти мазкур, ки сохтмони он босуръат идома дорад, инчунин барои ширкат дар лоиҳаҳои дигар, аз қабили САSA - 1000 ҷалб намуданд.

563A4042-4.JPG

Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Сирил Муллер дар рафти мулоқот барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои алоҳида дар соҳаи гидроэнергетика, кишоварзӣ, бахши хусусӣ дар минтақаҳо, дастрасии аҳолии ноҳияҳои дурдаст ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди омилҳои инсонӣ изҳори омодагӣ намуд. Дар маҷмӯъ, барои татбиқи лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар асоси стратегияи миёнамуҳлат ҷиҳати дастгирии рушди устувори низоми молиявию бонкӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда аз ҷониби Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Сирил Муллер изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Диданд: 2014

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ