Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи апрел
    0,5%
  • 1,9%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (апрел)
    14,3
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)16,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)7,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)14,04
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (апрел)
    9,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (апрел)
    30,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (апрел)
    12,65
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (апрел)
    0,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.05.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2023.64 2044.08
10 3946.86 3986.73
20 7725.04 7803.07
50 19037.58 19229.88
100 37884.93 38267.60

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3

Мулоқоти Ҳайати ХБА бо Гурӯҳи иқтисодии кишвар

15.05.2018

14 майи соли 2018 Ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти сарварии хонум Падамжа Ханделвал - роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба кори худ оғоз намуд. Мақсад аз ташрифи Ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози раванди музокирот доир ба барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ оид ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Нимаи аввали рӯзи 14 май Ҳайати ХБА бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода мулоқоти корӣ доир карда, оид ба омӯзиши вазъи иқтисодӣ ва эҳтимолияти тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ муҳокимаронӣ намуданд.

P_1.jpg

Нимаи дуюми рӯзи 14 май, Ҳайати ХБА таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал бо Гурӯҳи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода, Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Амирҷон Убайдуллоев ва намояндагони вазорату идораҳои бахши иқтисод машварати корӣ доир намуданд.

P_2.JPG

Дар оғози машварат Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода Ҳайати ХБА-ро ба кишвар хайрамақдам гуфта, барои фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар муваффақият хост. Зикр гардид, ки дар ҳамкории зич бо вазорату идораҳои дахлдор Ҳайати ХБА ва ҷониби Тоҷикистон барои қабули барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба мувофиқа хоҳанд омад.

P_3.JPG

Сипас, Роҳбари ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар мавзӯи: “Мушкилиҳои иқтисодӣ ва ислоҳоти афзалиятнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд. Зимни муаррифӣ, хонум Падамжа Ханделвал оид ба вазъи иқтисодӣ, устувории молияи давлатӣ ва вазъи қарзии кишвар, суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва қурбӣ, ислоҳоти сохторӣ шарҳи муфассалро манзури ҳозирин намуда, барои ноил шудан ба мақсадҳои сиёсати пулию қарзӣ ва навсозии он фаъолияти ҳамоҳанги Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистонро ба манфиат хонд. Дар мавриди сохтори ислоҳот бошад, рушди бахши хусусӣ, савдо ва сармоягузорӣ, идоракунии иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор дод.

З_5.jpg

Дар қисмати муҳокимаронӣ Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ А.Солеҳзода, Вазири молия Ф.Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода ба сухан баромада, оид ба қисмати ислоҳоти иқтисодӣ, молия ва қарзи беруна, сиёсати пулию қарзӣ ибрози назар намуданд.

Дар хотима барои таҳлили ҷолиб аз ҷониби ХБА ба хонум Падамжа Ханделвал изҳори сипос карда шуд ва бо такя ба суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ “дар баробари таъмини суръати рушди воқеии иқтисодиёт (7 %) сифатнок амалӣ гардидани он” ҷамъбаст карда шуд.

P_4.jpg

Мавриди зикр аст, ки дар машварати корӣ Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъорро Директори иҷроияи Гурӯҳи ХБА ҷаноби Мирослав Панека, Намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Юрий Соболев, иқтисодчиёни ХБА Бенисио Далмасио, Мирзаев Санан ва коршиноси ХБА Йохан Молин ҳамроҳӣ карданд.

Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки вазифаи роҳбари ХБА-ро оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад, аз санаи 12 то 23 майи соли 2018 бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, дар ҷараёни ташриф як қатор вохӯриҳо бо роҳбарон ва мутахассисони вазорату идораҳои бахши иқтисодии мамлакат, инчунин роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон ба нақша доранд.

Шуъбаи матбуоти БМТ





Диданд: 631

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Оё Шумо аз ягон намуди суғурта истифода мебаред?







    Аз кадом намудҳои  суғурта Шумо истифода мебаред?








      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Оё Шумо аз ягон намуди суғурта истифода мебаред?
      1. Не, истифода намебарам
        4656 (43%)
      2. Аз он ягон фоида нест
        3137 (29%)
      3. Ҳа, истифода мебарам
        3020 (28%)
      4. Суғурта худаш чист?
        42 (0%)
    2. Аз кадом намудҳои  суғурта Шумо истифода мебаред?
      1. Суғуртаи ихтиёрии молу мулк;
        4392 (40.32%)
      2. Суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳодисаҳои нохуш;
        2919 (26.79%)
      3. Суғуртаи ихтиёрии шаҳрвандони ба хориҷа сафаркунанда;
        2871 (26.35%)
      4. Суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии воситаҳои нақлиёт;
        161 (1.48%)
      5. Суғуртаи ихтиёрии биноҳо, иншоот ва молу мулк аз сӯхтор новобаста аз шакли моликият.
        29 (0.27%)
      6. Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;
        21 (0.19%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ