Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Bonds&Loans: Таҷрибаи амалӣ: Тоҷикистон тавассути барориши евробондҳо, ки маблағи 500 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад, худро ба таври шоиста муаррифӣ намуд

18.05.2018

Bonds&Loans: Таҷрибаи амалӣ: Тоҷикистон тавассути барориши евробондҳо, ки маблағи 500 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад, худро ба таври шоиста муаррифӣ намуд.

By: Bonds & Loans Magazine

Таърихи нашр: 18 апрели соли 2018, 05:41

Snimok_1.PNG

 Ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ бо бастани нахустин аҳд оид ба евробондҳо барои маблағгузории сохтмони сарбанди аз ҳама баландтарини ҷаҳон муваффақ шуд, ки ҳаҷми обуна-талаботро ба онҳо 9 маротиба зиёд намуда, то 4,5 млрд. доллари ИМА расонад.

Snimok_2.PNG


Шарҳи мухтасари аҳд
Навъи аҳд: вомбарги афзалиятдори бетаъмин
Сохтори аҳд: евробонди ИМА (оддӣ)
Маблағи аҳд: 500 млн. долл. ИМА
Таърихи барориш: 14 сентябри соли 2017
Муҳлати пардохт: 10 сол/истеҳлок
Купон: 7.125%, як маротиба дар ним сол
Нарх: 100.000%
Даромаднокӣ: 7.125%
Рейтинги барориш: B3 (Moody) /B- (S&P)
Қонуни танзимкунанда: Қонуни Ню-Йорк
Маҳалли ҷойгиршавӣ: Тоҷикистон
Листинг: Биржаи коғазҳои қиматноки Люксембург
MLAs/Андеррайтерҳо: Reiffeisen Bank International , Citi
Мушовири ҳуқуқии JLMs/Андеррайтерҳо: Гринберг Трауриг, Аҳмедов, Азизов ва Абдулҳамидов- Адвокатҳо
Мушовири ҳуқуқии эмитент: Морган Люиз

Истифодаи даромаде, ки гирифта мешавад: даромад аз фурӯши евробондҳо барои маблағгузории сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун истифода мегардад.

Тобистони соли 2017 яке аз кишварҳои нисбатан хурди Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, ки ба баҳр роҳи баромад надорад, кӯшиш кард, ки лоиҳаи бузурги сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғунро оғоз намояд. Сарбанди Роғун, ки бунёди он ҳанӯз солҳои 1970-ум оғоз шуда, вале баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бо сабаби норасоии маблағу захираҳо қатъ гардида буд, баъди ба анҷом расиданаш яке аз калонтарин неругоҳҳои обӣ дар дунё мешавад, ки дорои тавоноии 3600 МВт буда, бунёдкорони он умед доранд, ки неругоҳ тамоми минтақаро бо барқ таъмин хоҳад кард.

Маблағгузории лоиҳа аз манбаъҳои гуногун дар давраҳои мухталифи сохтмони он амалӣ гардид. Бо тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ бунёди сарбанд моҳи августи соли 2012 то замони гирифтани хулосаи ин созмони ҷаҳонӣ муваққатан боздошта шуд ва Тоҷикистон соли 2010 Барориши ибтидоии саҳмияҳои (IPO) онро нашр намуд, то ки барои ба анҷом расонидани бунёди сарбанд 1,4 млрд. долари ИМА ҷалб намояд. То 26 апрели ҳамон сол Ҳукумати Тоҷикистон ҳамагӣ 184 млн. доллари ИМА ҷамъоварӣ намуд, ки барои сохтмони он дар ду сол кифоя аст.

Аммо баъди ба лоиҳаи ин неругоҳ ҷалб гардидани яке аз ширкатҳои бонуфузи сохтмонии Италия – Salini Impregilo арзиши умумии лоиҳа дар ҳаҷми 3,9 млрд. долл. ИМА муайян гардид ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вариантҳои маблағгузории сохтмонро омӯхта, ниҳоят ба хулоса омад, ки дар таърихи худ бори нахуст ба бозори евровомбаргҳо бо 500 млн. доллари ИМА бо барориши 10-сола иқдом намояд.

Механизми транзаксия

Моҳи сентябри соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурсати мусоиди бозории нархи мувофиқи аҳди нахустини худ бо евровомбаргҳо дар назди доираҳои фаъоли дигар эмитентҳое, ки ба барориши онҳо дар фасли тирамоҳ чашмдор буданд, бомуваффақият истифода намуд.
Қабл аз эълони аҳд Тоҷикистон тӯли 5 рӯз дар шаҳрҳои Сюрих, Лондон, Бостон ва Ню – Йорк онро ҳамаҷониба муаррифӣ (рӯнамоӣ) карда, дар ниҳояти кор баҳои мусбати хориҷиёнро бо ширкати фаъоли онҳо дар миқдори зиёди ҳисобҳо дар ИМА ва Британияи Кабир сазовор гардид.

Китоби фармоишҳо 7 сентябр аз даромаднокии ибтидоӣ (IPT) дар сатҳи 8% кушода шуд ва аллакай дар давоми 30 дақиқа ба 1 млрд. долл. ИМА расид. Ҷамъоварии дархостҳо торафт меафзуд ва дар соати 13:50 (бо вақти миёнаи Аврупо) ҳаҷми дархостҳо аз маблағи 3 млрд. долл. ИМА гузашт. Нархномаи ибтидоӣ дар бозори озоди ИМА дар сатҳи 7,50% нашр гардид ва андозаи аҳд 500 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод.

Маблағи дархостҳо дар Китоби фармоишҳо ба авҷи аълои худ - 4,5 млрд. долл. ИМА расид, ки ба ҳаҷми 9- каратаи қабл аз обуна рост меояд. Ҳамзамон бо ин, аксари дархостҳои сармоягузорон даромаднокиро то 7,125% муайян кард. Маблағи ниҳоии фармоишҳо дар Китоб ба маблағи 3,1 млрд. долл. ИМА (6,2 маротиба аз обуна зиёд), ки қариб 300 суратҳисобро дар бар мегирад, имкон дод, ки аҳди 10-солаи истеҳлокӣ ба андозаи 500 млн. долл. ИМА баста шавад. Дар китоби мазкур ҷуғрофияи тақсимот низ қариб баробар аст: 38% векселҳо дар ҳисобҳо дар ИМА ҷойгир карда шуда, 24% аз Британияи Кабир ва боқимонда 3% сармоягузорони кишварҳои Осиё ва Шарқи Наздик интихоб шудаанд.

Аз рӯи навъ аксари векселҳоро менеҷерҳои фондҳо (85%), боз 6%-и дигарро бонкҳо ва бонкҳои хусусӣ, боқимонда 9%-ро ҳеҷ-фондҳо соҳиб гардиданд.

Ҳамаи маблағҳои ҷамъшуда барои маблағгузории сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун сарф карда мешавад. Дар назар аст, ки бунёди ин сохтмон ба иқтисодиёти кишвар ба куллӣ таъсири мусбат дошта, дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодиёти минтақа мусоидат хоҳад кард.

сарчашма: http://www.bondsloans.com/news/article/1839/case-study-tajikistan-opens-floodgates-and-ma


Диданд: 3397

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ