Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Дави миллӣ баҳри рушди ҷомеаи солим

21.05.2018

20 майи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ ва Марафони велосипедронӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” доир гардид.

Дар тантанаи ифтитоҳи Дави миллӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Роҳбари дастгоҳи шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷиддин оид ба оммавияти варзиш ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт суханронӣ намуда, барои иштирокчиён барору комёбиҳо орзу намуданд.

Davi mailli_1.JPG

Баъдан, аз кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то кормандони вазорату идораҳо дар баробари варзишгарон дар Дави миллӣ фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар Дави миллӣ ширкати фаъол дошта, сазовори Дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинии имсолаи Дави миллӣ 436 624 нафар сокинони ҷумҳурӣ иштирок намуданд, ки аз ин теъдод 124 651 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Аз шаҳри Душанбе бошад, имсол беш аз 45 ҳазор нафар дар чорабинии муҳимми варзишӣ ширкат варзиданд.

Davi milli_2.JPG

Иштирокчиёни сабқати миллӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ дар масофаи зиёда аз 10 км давиданд.

Иштирокдорони Дави миллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри рушди ҷомеаи солиму адолатпарвар, тарбияи тафаккури созандаю бунёдкорона ва бедорию афзоиши ифтихори миллӣ ва худогоҳию худшиносӣ равона гардидааст, бо иштироки фаъол дар чунин чорабиниҳои муҳим баҳри ноил гардидан ба нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд талош хоҳанд варзид.

Davi milli_3.JPG

Бояд қайд кард, ки чорабинии мазкур бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишию бардамӣ, ҳавасмандии ҷавонони ҷасуру чолок, варзишгарони соҳибифтихори Ватан, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим, тарбияи мутахассисони варзидаи соҳа, рушду инкишофи соҳаи варзиш ҳамасола доир мегардад. Бори аввал, 17 майи соли 2005 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чорабинии муҳимми Дави миллӣ ибтидо гузошт. Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, таҳти №225 ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар Рӯзи дави миллӣ доир карда мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Диданд: 2364

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ