Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи август
    0,8%
  • 3,5%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (август)
    15,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (август)14,24
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (июл)
    9,04
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (июл)
    30,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (июл)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (июл)
    14,99
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (июл)
    24,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 21.09.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1961.84 2008.69
10 3819.57 3910.79
20 7464.28 7642.54
50 18375.58 18814.43
100 36553.95 37426.93

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 31 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Мариализа Мота: баррасии дурнамои ҳамкорӣ

04.07.2018

3 июли соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Ҳайати Бонки Ҷаҳониро таҳти роҳбарии Менеҷер оид ба лоиҳаҳои бахши хусусии Бонки ҷаҳонӣ хонум Мариализа Мота, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

563A4761-1.JPG

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба рафти амалишавии лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ” (компоненти 4) табодули назар намуда, дар баробари ин масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши молиявиро мавриди муҳокима қарор доданд.

563A4781-2.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Бонки Ҷаҳонӣ ба хонум Мариализа Мота изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи муфид изҳори ҳавасмандӣ кард. Ҷамолиддин Нуралиев барои мусоидат дар татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ” (компоненти 4) ба намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Мариализа Мота изҳори сипос карда, саҳмгузории Бонки ҷаҳониро дар ин бахш бо баҳои баланд арзёбӣ кард.

563A4802-3.JPG

Сипас, Муовини Раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода оид ба корҳои анҷомдодашуда дар татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ” компоненти 4 дар бораи “Беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ”, аз ҷумла раванди насби барнома, дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ ва ғайра маълумот дод. Зикр карда шуд, ки барои беҳтар кардани инфрасохтори иттилоотӣ инчунин таҷдиди низоми иттилоотии коммуникатсионӣ низ зарурат дорад ва дар доираи лоиҳаи мазкур мусоидати Бонки ҷаҳонӣ аз манфиат дур нахоҳад буд.

563A4679-4.JPG

Дар идома, Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев барои идомаи ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар бахши низоми бонкӣ, аз ҷумла дар самти қарзҳои батаъхирафтода, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ, фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, идоракунии корпоративӣ, таъмини суботи молиявӣ ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ даъват ба амал овард.

563A4926-5.JPG

Менеҷер оид ба лоиҳаҳои бахши хусусии Бонки ҷаҳонӣ хонум Мариализа Мота дар навбати худ омодагии хешро барои вусъат бахшидани муносибатҳои ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда, аз ҷумла қарзҳои батаъхирафтода, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ, идоракунии корпоративӣ ва суботи молиявӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи кӯмаки техникии “Financial sector-stability Project” (SECO), ки барои cолҳои 2019-2021 пешбинӣ шудааст, ибрози назар намуд. Дар идома мутахассиси бахши молия Тим де Ван оид ба самтҳои зикршуда дар доираи лоиҳаи мазкур ба таври мушаххас маълумот дода, барои рушди муносибатҳои тарафайн дар сатҳи нав изҳори омодагӣ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти мазкур дар фазои мусоид ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, дар он коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ Тим де Ван, Тарик Сахович, Мадина Нурматова, Наргис Почоева ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор ширкат варзиданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 597

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Не, аз он ягон фоида нест;
        136 (52.11%)
      2. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        72 (27.59%)
      3. Ба ман фарқ надорад;
        10 (3.83%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        110 (42.15%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        84 (32.18%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        18 (6.90%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ