Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,3%
  • 6,6%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд. сомонӣ
    20,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (сентябр)11,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-cентябр)
    22,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    17,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    21,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    22,04




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.10.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3272.69 3350.85
10 6458.41 6612.65
20 12770.72 13075.71
50 31688.60 32445.38
100 63212.44 64722.07

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Аз назария ба амалия - машғулиятҳои омӯзишӣ

31.07.2018

28 июли соли 2018 таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва иштироки роҳбарони воҳидҳои сохториву кормандони Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оид ба баррасии рӯнамоиҳои навбатӣ аз таҷрибаи андӯхтаи мутахассисон дар давлатҳои дигар баргузор гардид.

muarrifi_1.JPG

Дар қисмати аввали муаррифӣ сардори Идораи низоми пардохт Салоҳиддинов Шуҳрат ва сардори Идораи амалиёт дар бозори озоди БМТ Ёқубов Мирҳаёт рӯнамоии худро аз семинари байналмилалии “Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо ва Амонатгоҳ (Депозитария)”-и марказии коғазҳои қиматнок (ATS&CSD)”, ки аз таҷрибаи Бонки миллии Гурҷистон дар созмон додани низомҳои зикргардида мураттаб шудааст, манзури аҳли нишаст гардониданд.

Сипас, сардори шуъбаи саводнокии молиявии Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Муродалиев Далер дар мавзӯи “Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва саводнокии молиявӣ: таҷрибаи Бонки миллии Гурҷистон ” бо муаррифии муфассал баромад намуд.

muarrifi_2.JPG

Мавсуф дар рӯнамои худ оид ба нақш, мақсад ва вазифаи Департаменти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва саводнокии молиявии Бонки миллии Гурҷистон, стратегияи миллии саводнокии молиявии Гурҷистон, ҳаллу фасли мушкилоти истеъмолкунандагон, мустаҳкам намудани боварии истеъмолкунандагон нисбати низоми бонкӣ, принсипи “шаффофият”, фаъолияти тафтишотии “on-site”, мақсади асосӣ - пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони молиявӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, банақшагирии буҷаи шахсӣ, идоракунии даромад ва хароҷот, ташкили амонат ва пасандоз, бохабар будан аз хавфҳо ва ғайра маълумоти мушаххас манзур намуд.

muarrifi_3.jpg

Дар идома, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба тарзи пешниҳоди рӯнамоиҳои мазкур ва фарогирии мавзӯъ нуктаҳои ҷолибро махсусан зикр намуда, барои такмил додани масъалаҳои болозикр тавсияҳои қобили қайдро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Вобаста ба рӯнамоии дуюм оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва саводнокии молиявӣ, ки аз ҷониби Муродалиев Далер бо такя ба таҷрибаи Бонки миллии Гурҷистон таҳия ва манзури ҳозирин гардид, баҳои баланд дода шуда, дар самти беҳтар шудани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ тавсияҳои муфид дода шуд.

muarrifi_4.JPG

Сипас, аз ҷониби сардори Хазинаи марказии Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ Гадоев Ибодулло ва мутахассиси муоинаи шуъбаи бозшуморӣ ва муоинаи аломатҳои пулии Департаменти мазкур Асроров Нодиршо дар хусуси барномаҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои “Масъалаҳои муҳимми гардиши пули нақд” ва “Масъалаҳои муҳимми ташхиси аломатҳои пулӣ ва тадбирҳои пешгирии сохтани пулҳои қалбакӣ” рӯнамоиҳо манзури ҳозирин гардонида шуданд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола дар робита ба муаррифии мутахассисони Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ оид ба гардиши пули нақд ва назорати қатъии риояи талаботҳои он, бурдани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади фаҳмондани унсурҳои ҳимоявии пул ва роҳ наёфтани пулҳои қалбакӣ ба муомилот, тавсеа бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, тоза намудани муомилоти пули нақд аз пулҳои фарсуда, бемамоният иваз намудани пулҳои фарсудаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо пулҳои эмиссионӣ ё коршоям ва тангаҳои филизӣ дастуру супоришҳо дод.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1763

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ