Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи Маркази рушди иқтисодии (СDE) Коллеҷи Вилиамси ИМА

26.09.2018

21 сентябри соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ёвари директори Маркази рушди иқтисодии (СDE) Коллеҷи Вилиамси ИМА хонум Рашел Луис (Rachel Louis) мулоқот анҷом дод.

563A5627-1.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев нахуст ташрифи хонум Рашел Луисро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо барномаҳои омӯзишии ИМА, бахусус дар бахши иқтисодиёт ёдовар шуд.

563A5603-2.JPG

Ҷамолиддин Нуралиев инчунин, ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ бо коллеҷи номбурда изҳори ҳавасмандӣ зоҳир намуда, барои равобити густурдаи Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаи омӯзишӣ барои дарёфти унвони магистрии Маркази рушди иқтисодиёти Коллеҷи Вилиамси ИМА таклифҳои мушаххас пешниҳод намуд.

563A5651-3.JPG

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистонро бо Коллеҷи Вилиамси ИМА муҳокима карда, иштироки довталабон аз зумраи кормандони БМТ-ро дар барномаи магистрии Маркази рушди иқтисоди коллеҷи мазкур мавриди баррасӣ қарор доданд.

563A5674-4.JPG

Дар рафти мулоқот, ки дар он роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд, ёвари директори Маркази рушди иқтисоди Коллеҷи Вилиамси ИМА хонум Рашел Луис ба ҳозирин оид ба риштаҳои омӯзиш дар барномаи магистрии коллеҷи мазкур рӯнамоии муфассал пешниҳод намуд. Дар рафти рӯнамоӣ самтҳои асосии барномаи магистрӣ, аз ҷумла бахшҳои назарияи молияи давлатӣ, эконометрика, моделкунонӣ,рушди молия ва назорат, сиёсати андозӣ дар бозори тараққиёбанда, буҳрони молиявӣ, сиёсати макроиқтисодии давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва дар ҳолати гузариш қарордоштаро муаррифӣ намуд. Зикр гардид, ки барои таҳсил дар барномаи магистрии Маркази рушди иқтисоди (СDE) Коллеҷи Вилиамс довталабон аз давлатҳои иқтисодиёташон рӯ ба тараққӣ ва дар ҳолати гузариш қарордошта, ки дорои таҷрибаи назарраси корӣ дар сохторҳои давлатӣ мебошанд, ҷалб карда мешаванд. Муҳлати барномаи магистрии коллеҷи мазкур даҳ моҳ буда, барои таҳсили довталабони муваффақ идрорпулӣ (стипендия) муқаррар карда шудааст. Аз ин рӯ, хонум Рашел Луис ба ҳозирин маълумоти мушаххасро дар бораи талаботҳои асосӣ барои довталабон, тарзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмуни барномаи магистрӣ манзур намуд. Дар хотимаи муаррифӣ ҳозирин ба суолҳои худ посухи мушаххас гирифта, барои таҳсил дар барномаи магистрии коллеҷи мазкур изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

563A5609-5.JPG

Маврид ба зикр аст, ки чанд нафар аз собиқ кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаи магистрии Маркази рушди иқтисодии Коллеҷи Вилиамс таҳсил доранд. Коллеҷи мазкур соли 1793 ташкил ёфта, яке аз коллеҷҳои бонуфузи ИМА ба ҳисоб меравад, ки дар он ҳамасола наздики 2 100 нафар донишҷӯён беш аз 110 давлати дунё ба таълим фаро гирифта мешаванд. Ҳайати устодони коллеҷи мазкур хатмкунандагони бонуфузтарин донишгоҳҳои ИМА буда, дар институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз қабили Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ таҷрибаи корӣ андухтаанд. Хатмкунандагони барномаи магистрии ин коллеҷ дар рушди иқтисодиёти кишварҳои худ фаъолона ширкат меварзанд, аз ҷумла дар вазифаҳои пурмасъул ба ҳайси сарвазир, раиси бонкҳои марказӣ, сафиру вазир кору фаъолият доранд.

563A5590-6.JPG

Ҳамасола барои сазовор шудани таҳсил дар барномаи магистрии Маркази рушди иқтисодии Коллеҷи Вилиамс садҳо довталабон дар озмуни қабул иштирок мекунанд. Дар барномаи магистрии Коллеҷи Вилиамс довталабон аз давлатҳои Осиё, Африка, Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, давлатҳои собиқ сотсиалистӣ ва Шарқи наздик таҳсил менамоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2834

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ