Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Тарбияи тафаккури созанда ва бедории ифтихори миллӣ

12.11.2018

Бо мақсади ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри рушди ҷомеаи солиму адолатпарвар, тарбияи тафаккури созандаю бунёдкорона ва бедорию афзоиши ифтихори миллӣ ва худогоҳию худшиносӣ равона гардидааст, санаи 12 ноябри соли 2018 аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода варзишгари ҷавону боистеъдод Шаҳриёр Даминов барои дастовардҳояш дар соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки соҳиби ду метали тилло ва як медали нуқра гаштааст, дар фазои тантанавӣ бо Ифтихорномаи Бонки миллии Тоҷикистон ва кӯмакпулии якдафъаина сазовор гардонида шуд.

563A8265.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз дастовардҳои назарраси варзишгари ҷавон Шаҳриёр Даминов истиқбол гирифта, барои дар оянда ба зинаҳои баландтари мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовор гаштан ба Шаҳриёр муваффақият орзу намуд. Аз ҷумла Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки иқдомҳои мазкур бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, ҳавасмандии ҷавонони ҷасуру чолок, варзишгарони соҳибифтихори Ватан, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим, тарбияи мутахассисони варзида ва рушду инкишофи соҳаи варзиш амалӣ мегарданд.

IMG-20181105-WA0017.jpg

Бояд қайд кард, ки Шаҳриёр Даминов аз синни 14 солагӣ бо ин намуди варзиш дар Варзишгоҳи Борбади назди Бонки миллии Тоҷикистон машғули тамрин буда, чор соли охир 2013-2018 соҳиби унвони Чемпиони мутлақи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ гаштааст.

Варзишгари ҷавони тоҷик Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ ва каноэ, ки 20-25 октябри соли 2018 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, дар масофаи 1000 метр соҳиби мақоми аввал ва сазовори медали тилло гардид.

563A8285.JPG

Айни замон қаиқрони ҷавон Шаҳриёр Даминов барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ “Токио – 2020” тамоми саъю кӯшиши худро равона намудааст. Барои соҳиби роҳхат шудан Шаҳриёр Даминов бояд дар Чемпионати ҷаҳон (Венгрия) мақоми аз 1 то 6, дар Чемпионати Осиё (Таиланд) ва ё Ҷоми ҷаҳон мақоми аввалро сазовор шавад. Варзишгари ҷавон, айни ҳол дар мавзеи қаиқронии Варзишгоҳи Борбад бо Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ Нодир Сафаров пайваста тамрин менамояд ва барои омодагӣ гирифтан ба мусобиқаҳои минбаъдаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ ба ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё шудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2046

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ