Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,6%
  • 5,7%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (январ)
    15,3
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 феврали с.2019)14,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,75
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)12,21
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (ноябр)
    9,56
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (ноябр)
    27,20
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (ноябр)
    21,08
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (ноябр)
    18,02
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (ноябр)
    4,77
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 20.02.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2128.09 2178.91
10 4169.20 4268.77
20 8192.31 8387.95
50 20242.57 20726.00
100 40320.37 41283.29

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

Семинар дар мавзӯи МҚД/МТ/МПСҚО барои кормандони ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.02.2019

Санаи 5 феврали соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони ташкилотҳои қарзии кишвар, аз ҷумла ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ва ҶДММ ТАҚҲ “Арванд” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)” баргузор гардид.

Қобили қайд аст, ки семинар бо ташаббуси Департамети мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ташкил гашта, дар фазои якдигарфаҳмӣ ва талош баҳри муқовимат ба истифодаи ғайримақсадноки низоми молиявии кишвар баргузор шуд. Бояд гуфт, ки айни замон тамоюли умумиҷаҳонии рушди соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ тақвияти захираҳои зеҳнии мақомоти давлатӣ ва бахши хусусиро тақозо менамояд. Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО тасмим гирифтааст, то ки давра ба давра барои мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ чорабиниҳои омӯзишӣ барпо намояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки семинар бо сухани Директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзуллозода Файзулло ифтитоҳ ёфта, ба ҳозирин маълумоти муфассал доир ба муҳим будани масъалаи МҚД/МТ/МПСҚО пешниҳод карда шуд. Файзуллозода Ф. дар суханронии худ иброз дошт, ки масъалаҳои марбут ба мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб ба мисли терроризм дар саҳифаҳои иттилоотии ташкилотҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори омма ба таври мунтазам пахш гардида, барои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ мебозад.

Файзуллозода Ф. қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои паҳн шудани гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро изҳори нигаронӣ намуда, чунин таъкид доштанд: “Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Дар робита ба масъалаҳои зикргардида, Файзуллозода Ф. ҳозиринро барои рушди минбаъдаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО даъват карда, иброз дошт, ки дар якҷоягӣ тамоми масъалаҳои марбут ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи терроризм ва маблағгузории он тавассути қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда метавонад ҳалли худро пайдо намояд.

Пас аз анҷоми суханронӣ, аз тарафи масъулини Департаменти мониторинги молиявӣ рӯнамоҳо оид ба самтҳои мухталифи алоқаманд бо МҚД/МТ/МПСҚО манзур карда шуд. Дар баробари пешниҳоди рӯнамоҳо, ба ҳозирин наворҳои видеоӣ оид ба мафҳуми қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва таъсири амалҳои террористӣ ба ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ манзур гардиданд.

Бояд гуфт, ки намояндагони ташкилотҳои қарзии мамлакат дар рафти семинар фаъол буда, ба кормандони Департамент саволҳои мухталиф пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, ҳозирин доир ба масъалаҳои дуруст пур намудани шаклҳои ҳисоботӣ ва тартиби пешниҳоди маълумот савол карда, аз ҷониби кормандони Департамент посухҳои мушаххас гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Роҳбарияти Департаменти мониторинги молиявӣ ба ҳозирин як қатор саволҳо пешниҳод гардида, дар натиҷа ба шахсони посухдиҳанда тӯҳфаҳои хотиравӣ дар шакли “Дастури корӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО”(китоб) ва диск бо сабти маълумот, тақдим карда шуд.

Семинар дар маҷмӯъ 60 (шаст) нафар намояндагони ташкилотҳои қарзиро фаро гирифта, аз муҳимияти масъалаҳои МҚД/МТ/МПСҚО ба иштирокчиён маълумоти муфассал ва зарурӣ пешниҳод карда шуд.

Дар интиҳои семинар Файзуллозода Ф. ҳозиринро бори дигар ба зиракӣ нисбат ба масъалаҳои МҚД/МТ/МПСҚО даъват карда, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, хусусан Департаменти мониторинги молиявӣ, барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони ташкилотҳои қарзии мамлакат дар оянда як қатор чорабиниҳои омӯзишии дигарро баргузор хоҳад кард.

Департаменти мониторинги молиявӣ


Диданд: 616

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        1074 (37.33%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        972 (33.79%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        481 (16.72%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        1554 (54.01%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        689 (23.95%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        229 (7.96%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ