Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи апрел
    1,0%
  • 8,3%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (апрел)
    15,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 феврали с.2019)14,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,75
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)9,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)14,77
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (апрел)
    9,63
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (апрел)
    25,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    18,67
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)
    23,74
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 24.05.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2048.00 2096.91
10 4009.04 4104.78
20 7871.98 8059.98
50 19441.75 19906.06
100 38718.74 39643.41

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2

БМТ: Эълони озмун дар бораи ҷалби мушовир

27.03.2019

Вазифа: Мутахассис – мушовирон барои хизматрасонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ (STS)
Лоиҳа: рушди бахши молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ
Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо: 15.04.2019


А. Дар бораи лоиҳа

Лоиҳаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди бахши молиявӣ якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани низоми ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва сатҳи хизматрасонӣ дар ташкилотҳои қарзӣ тавсияҳои асосиро доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва боло бурдани маърифати молиявии аҳолӣ амалӣ намуда, барои тақвият додани имкониятҳои идорасозии БМТ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон тавассути таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва такмили заминаи он ва механизмҳои институтсионалӣ кор бурда истодаанд.

Б. Дар бораи идорасозӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони БМТ 

Дар доираи ислоҳоти сохтории БМТ, ки соли 2015 гузаронида шуд, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва боло бурдани маърифати молиявии аҳолӣ воҳиди сохтории нав - Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ (ИҲҲИ ХМ) таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии ИҲҲИ ХМ ташаккули низоми нисбатан босамари ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, афзудани боварӣ ба бахши молиявӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ мебошад.

Бо мақсади тақвияти фаъолияти ИҲҲИ ХМ ва пурра иҷро гардидани вазифаҳои он, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ чанд мушовирро пешниҳод менамояд, ки фаъолияти онҳо самтҳои зеринро дар бар мегирад:

  • иштирок дар ташкили заминаи меъёрии ҳуқуқие, ки механизми ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро танзим менамояд;
  • иштирок дар ташкил ва ҷорӣ кардани низоми босамари назорат ва мониторинг дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ;
  • иштирок дар таҳияи мавод ва васоити методӣ доир ба боло бурдани маърифати молиявӣ.

В. Мутахассисон барои кор ба шуъбаҳои зерини ИҲҲИ ХМ даъват карда мешаванд:

1. Шуъбаи танзим ва методология

Вазифаҳои асосии ин Шуъба аз таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳтар кардани ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ, инчунин анҷом додани тадқиқот дар самти ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва боло бурдани маърифати молиявӣ, ошкор кардани хавфҳо ва чораҷӯӣ баҳри коҳиш додани онҳо иборат мебошад. 

Ба вазифаҳои мутахассис иҷро кардани корҳои зерин дохил мешавад:

  • иштирок дар омода кардани ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмин ва такмили механизми ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ;
  • гузаронидани тадқиқот дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, ошкор кардани хавфҳо ва чораҷӯӣ барои коҳиш додани онҳо;
  • мониторинг ва ошкор кардани омилҳои манфӣ дар бозори молиявӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ чиҳати қабули қарорҳои зарурӣ;
  • омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҷорӣ кардани он дар фаъолияти шуъба;
  • иҷрои дигар корҳо тибқи супориши роҳбарияти БМТ.

Талаботи тахассусӣ:
  • маълумоти олӣ дар соҳаи молия/иқтисод ё ҳуқуқ;
  • таҷрибаи кории на камтар аз 3-солаи роҳбарӣ дар бахши молия (дар ташкилотҳои қарзӣ/дигар ташкилотҳои молиявӣ);
  • таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
  • донистани кори бонкӣ;
  • дониши кофӣ дар бораи конунгузории бонкии ҶТ;
  • озодона донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
  • маҳорати таҳқиқотӣ ва хаттӣ;
  • малакаи кор бо компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • маҳорати рӯнамоии мавод.

Малакаҳои дигар:

Қобилияти хуби таҳлилӣ, эҷодкорӣ, малакаи муошират, маҳорати кор дар гурӯҳ.

2. Шуъбаи баррасии арзу шикоятҳо ва назорати ташкилотҳои молиявӣ

Вазифаҳои асосии шуъба инҳоянд: назорат кардани фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ дар асмти риоя шудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла тариқи иштирок дар санҷишҳои бозрасӣ дар маҳалҳо, ҷамъоварӣ ва баррасии маълумоти зарурӣ барои назорат кардани рафтор дар бозори ташкилотҳои молиявӣ, таъмини механизми босамари баррасии муроҷиати истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ ва ғ.

Ба вазифаҳои мутахассис иҷро кардани корҳои зерин дохил мешавад:

  • иштирок дар санҷиши ташкилотҳои молиявӣ (санҷишҳои фосилавӣ (off-site) ва санҷиш дар маҳалҳо (on-site) дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ;
  • таҳлили муроҷиатҳои воридшуда, таҳияи ҳисоботҳо ва пешниҳоди онҳо ба роҳбарият;
  • иштирок дар омода кардани ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмин ва такмили механизми ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ;
  • иҷрои дигар корҳо тибқи супориши роҳбарият.
Талаботи тахассусӣ:
  • маълумоти олии иқтисодӣ;
  • таҷрибаи кории на камтар аз 3 –сола дар бахши молиявӣ (дар ташкилотҳои қарзӣ/дигар ташкилотҳои молиявӣ);
  • таҷриба дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
  • донистани кори бонкӣ;
  • дониши кофӣ дар бораи қонунгузории бонкии ҶТ;
  • ба доштани таҷрибаи кории баррасии шикоятҳо афзалият дода мешавад (омор ва бақайдгирии муроҷиатҳо, чораҷӯӣ, ҳамоҳагсозии шикоятҳои воридшуда ва ғайра);
  • малакаи муошират ва рӯнамоии мавод;
  • озодона донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ (нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ), ба донистани забони англисӣ афзалият дода мешавад;
  • малакаи кор бо компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
Малакаҳои дигар:
Эҷодкорӣ, тобоварӣ ба стресс, малакаи хуби хаттӣ, кор дар гурӯҳ.

3. Шуъбаи саводнокии молиявӣ

Фаъолияти шуъба аз он иборат аст, ки ба боло бурдани сатҳи маърифати молиявии аҳолии ҷумҳурӣ мусоидат намояд. Вазифаҳои Шуъба инҳоянд: гузаронидани чорабиниҳо оид ба боло бурдани сатҳи огоҳӣ ва маърифати молиявии истеъмолкунандагон, таҳия ва такмили воситаҳои маърифати молиявӣ, пешбурди саҳифаи интернетӣ барои истеъмолкунандагон дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон, таҳиияи маводи нав ва татбиқи стратегияи такмили сомона, иштирок дар лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногун доир ба маърифати молиявӣ ва гузаронидани тренингҳо ва ғ.
Ба уҳдадориҳои мутахассис иҷрои вазифаҳои зерин дохил мешавад:

  • иштирок дар гузаронидани пурсишҳои таҳлилии аҳолӣ бо мақсади муайян кардани сатҳи маърифати молиявӣ;
  • таҳия ва тариқи воситаҳои ахбори омма паҳн кардани мавод, резаахбор ва мақолаҳо доир ба маърифати молиявӣ;
  • иштирок дар омода намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои таъмин ва такмили механизми ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ;
  • омода кардан ва баргузор намудани чорабиниҳо, тренинг ва семинарҳо;
  • омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешқадам ва ҷорӣ намудани он фаъолияти Идора;
  • иҷрои дигар корҳо тибқи супориши роҳбарият.


Талаботи тахассусӣ:
  • маълумоти олии иқтисодӣ/журналистика;
  • таҷрибаи кории на камтар аз 3 –сола (махсусан дар соҳаи PR);
  • дониши кофӣ доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва хизматрасониҳои молиявӣ;
  • озодона донистани забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи гузаронидани тренингҳо (махсусан доир ба маърифати молиявӣ);
  • таҷрибаи корбарӣ бо аҳолӣ (гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ);
  • малакаи муошират ва рӯнамоии мавод;
  • маҳорати кор дар лоиҳаҳо;
  • малакаи кофии кор бо компютер (MS Office, ба малакаи кор бо AdobeAcrobat ва Photoshop афзалият дода мешавад.
Малакаҳои дигар:
Эҷодкорӣ, тобоварӣ ба стресс, малакаи хуби хаттӣ, кор дар гурӯҳ.

Хоҳишмандон метавонанд шарҳи ҳол ва фаъолияти худ (CV) ва номаи манфиатдории худро (Cover Letter) бо нишон додани самти интихобшуда (шуъба) ба нишонии зерини электронӣ  dmurodaliev@nbt.tj и ebelskaya@ifc.org ирсол намоянд. 

Эзоҳ: довталабон бояд душаҳрвандӣ надошта бошанд.


Диданд: 705

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4169 (58.75%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        1414 (19.93%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        605 (8.53%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        4875 (68.70%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        987 (13.91%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        255 (3.59%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ