Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,6%
  • 8,1%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд сомонӣ
    16,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 июни с.2019)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Сентябр)13,19
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    10,96
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр)
    22,90
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    20,44
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    22,93
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 21.10.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2424.88 2482.79
10 4762.79 4876.54
20 9379.49 9603.49
50 23210.53 23764.84
100 46256.29 47360.97

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3

Таҷлили ҷашни Наврӯз ва иқдомҳои созанда

29.03.2019

Дар даврони Истиқлолият маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннатҳои Наврӯз аз нав эҳё гардида, ҷашни аҷдодии мо мақоми ҷаҳонӣ гирифт ва ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфт, ки он дар таҳкими худшиносии миллӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ нақши муассир гузошт ва бо анъанаҳои хоси худ мақбули оламиён гардид.

Бо такя ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз Бонки миллии Тоҷикистон дар намояндагиҳои минтақавӣ як қатор чорабиниҳои ҷашниро доир намуд.

Аз ҷумла, 19 марти соли 2019 дар Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, собиқадорони меҳнат ва кормандони филиалҳои бонкҳои тиҷоратию ташкилотҳои қарзии хурди қаламрави ВМКБ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади идона доир гардид.

Pomir_1.jpg

Мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Зайнулараб Қоимдодова зимни суханронӣ аҳли нишастро бо ҷашни Наврӯзи аҷам шодбош гуфта қайд кард, ки Наврӯз яке аз идҳои бузурги аҷдодии мо ба шумор рафта таърихи беш аз се ҳазорсола дорад.

Боиси тазаккур аст, ки яке аз рукнҳои наврӯзӣ - аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат ва дасти кӯмак дароз намудан ба ниёзмандону бепарасторон мебошад. Суннатҳои неки ниёкон дар Бонки миллии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он риоя гардида, дар арафаи ҳамаи ҷашну маросимҳо ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.

24 марти соли 2019 бошад, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон иди баҳору шукуфтанҳо – Иди байналмиллалии Наврӯз бо иштироки кормандони Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Маркази таълимӣ, собиқадорони соҳа, роҳбарони ташкилотҳои қарзии вилоят, меҳмонон, шарикони Маркази таълимӣ, истироҳаткунандагони хориҷӣ, инчунин, адибон Озарахш ва Саидӣ ва як зумра ашхоси фарҳангиву адабӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

NBTL7543.JPG

Зимни чорабинии идона мудири Шуъба Наврӯз Валиев ҳамагонро бо Иди Наврӯз муборакбод намуда, барои аҳли нишаст баҳори некро орзу намуд.

Кормандони Шуъба дар партави “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 ва бо назардошти тамоми анъанаву оинҳои мардумӣ ва фазилатҳои ҷашни Наврӯзи аҷам намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, гӯшаи гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ, гилембофӣ, косибӣ, чархресӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, кордсозӣ, сабадбофию ҳуштаксозӣ, шонасозӣ ва ғайраҳоро ташкил ва манзури иштирокдорони чорабинии идона гардониданд.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмини фазои идона дар саҳни ҳавлии Маркази таълимӣ бозиҳои қадима, аз ҷумла арғунчакбозӣ, бодбаракпарронӣ, гуштингирӣ, арғамчинкашӣ, сангчабозӣ, лапарбозӣ ба роҳ монда шуд.

Pomir-2.jpg

Саҳнаи театрикунонидаи “Шоҳ Ҷамшед”, ашъори наврӯзии Озарахш ва Саидӣ ва тараннуми Наврӯзу баҳор аз ҷониби ҳунармандон ба чорабинии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шукуҳи тозае зам намуд.

Роҳбарият ва кормандони Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бошанд, ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро бо шаҳомат таҷлил намуда, барои зиёда аз 100 нафар шахсони ниёзманд дастархони идона оростанд ва ба 50 нафар маъюбони минтақа кӯмаки молӣ расониданд.

Дар арафаи рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз, кормандони Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба шанбегӣ баромада, гирду атрофи бинои Шуъбаро тозаву озода намуда, дар саҳни ҳавлӣ ба миқдори 1500 дона гулҳои гуногунранги лола ва 1230 адад гулҳои дигари ороишӣ (садбарг ва виола) шинониданд. Инчунин, дар доираи эҳсонкорӣ ба мактаб - интернати ёрирасони №1 (барои кӯдакони ноқисулақл)-и ҷамоати деҳоти Кӯлоб аз ҷониби Шуъбаи мазкур як миқдор кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Ҳамин гуна як чорабинии хотирмон дар Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Ғарм низ бо риоя аз русуми аҷдодӣ таҷлил карда шуд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 646

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4742 (57.26%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        1816 (21.93%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        758 (9.15%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5700 (68.82%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1192 (14.39%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        282 (3.40%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ