Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2945.70 3016.05
10 5804.43 5943.06
20 11462.78 11736.53
50 28418.74 29097.43
100 56672.72 58026.16

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Дастгирии ташаббусҳои созанда ва саҳмгузорӣ дар ободу зебо гардонидани пойтахт

03.04.2019

Дар такя ба ташаббусҳои доимӣ ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани озмуни “Сайри гули лола” дар Бонки миллии Тоҷикистон низ, корҳои ободонӣ, тозаву озода намудани назди биноҳои маъмурӣ, кӯчаву хиёбонҳо, сабзу хуррамгардонии гулгаштҳо, шинонидани гулу дарахтони ороишиву ҳамешасабз бомаром идома дорад.

NBTL8580.JPG

Хосатан, раванди бештари корҳо дар самти ниҳолшинонӣ, бо тарҳи мувофиқ ороиш додани дарахтони ҳамешасабз, нарму омода намудани замину гулгаштҳо ва шинонидани гулҳои гуногунранг дар назди биноҳои маъмурии Дастгоҳи марказӣ, Шуъбаҳои минтақавӣ ва Марказҳои таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расонида шудаанд. 

Маврид ба зикр аст, ки барои ободу зебо гардонидани назди биноҳои маъмурии БМТ дар хиёбони Рудакӣ, ки дар шафати хатсайри протоколӣ ҷойгиранд, зиёда аз 15 ҳазор дона гули лола ва 12 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, насби кӯзаҳои декоративӣ бо гулҳои мавсимӣ (алпенария) амалӣ карда шудааст.

NBTL7658.JPG

Айни замон гулҳои лола дар ҳолати хуби нашъунамо қарор дошта, гулгашти мазкур мавзеи мувофиқ барои истироҳат ва сайругашти сокинону меҳмонони пойтахти кишварамон гардидааст. Тадбири мазкур ҳамчунин дар шуъбаҳои минтақавӣ ва марказҳои таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Гулистон ва Варзоб низ, амалӣ карда шудааст.

NBTL8584.JPG

Қайд намудан зарур аст, ки бо мақсади саҳмгузорӣ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон парвариши гулҳои гуногуни мавсимӣ ва қаламчаи гули садбарг дар замину гармхонаҳои Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, то ин муддат барои ободонии шаҳри Душанбе зиёда аз 45 ҳазор дона буттаҳои гули садбарг ва 75 ҳазор дона гулҳои гуногунранги мавсимӣ барои шинонидан дар гулгашту хиёбонҳои пойтахт саҳмгузорӣ карда шуд. 

NBTL7675-5.JPG

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд, низ барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атрофи биноҳои бонк ва шинонидани дарахту ниҳолҳои ороишӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1078

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ