Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқот бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабарти

01.07.2019

http://president.tj/node/20523

1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаи ин мулоқот имконоти густариши ҳамкорӣ ва самтҳои нави онро байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, фароҳам меорад.

000000.jpg

Сума Чакрабарти ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди сиёсати бобарори иқтисодӣ, ҷорӣ кардани ислоҳоти муваффақ дар ҳамаи бахшҳо ва рушди бонизоми кишвар, баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди энергетика ва истифодаи босамари нерӯи барқ, ташаккули инфрасохтори ҳамлу нақл бо мақсади тавсеаи ҳамкории минтақавӣ, дастгириии бахши хусусӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, рушди боэътимоди бозори молиявии мамлакат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан, дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнокро, муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон бо маблағи 755 миллион доллар 127 лоиҳаи гуногун татбиқ гардид.

00000000000.jpg

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 22 лоиҳаи сармоягузорӣ тавассути маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми беш аз 520 миллион доллар амалӣ гардида истодааст.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва ҷудо кардани маблағҳои грантӣ, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ


Диданд: 3430

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ