Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Майдончаи варзишии навбатӣ ба истифода дода шуд

19.08.2019

Бо мақсади таҷлили арзандаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, айни замон дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе ҷараёни корҳои навсозӣ ва ободгардонии боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишию истироҳатӣ босуръат идома дорад.

NBTL5495-1.JPG

18 августи соли ҷорӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар маҳаллаи Испечак М1 назди биноҳои истиқоматии 2, 3, 4, 5 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як майдончаи варзишию истироҳатӣ барои наврасон ба истифода дода шуд. Лоиҳаи майдончаи мазкур аз ҷониби ширкати КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Душанбе тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Энергострой” дар муддати ду моҳ ба маблағи наздики 700 000 сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

NBTL5595-2.JPG

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар тантанаи ифтитоҳи майдончаи варзишӣ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохтмони як қатор майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда,  роҳандозии ин тадбир дар оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, махсусан наврасону ҷавонон саҳми беандоза дорад.

Дар навбати худ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор, аз ҷумла пойтахти кишварамон саҳми арзандаи худро мегузорад ва сохтмони майдончаи варзишӣ давоми чунин тадбриҳост.

NBTL5544-3.JPG

Дар маросими супоридани майдончаи варзишӣ масъулин аз сокинони шаҳрак барои саҳмгузорӣ дар ободу зебо гардидани маҳал ва шаҳрак даъват ба амал оварданд. Дар баробари ин аз волидайн даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва зебоипарастӣ тарбия намуда, ба қадри ин гуна  ободкориҳо бирасанд.

Майдончаи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 - юми феврали соли 2017, №9-ф тасдиқ шудааст, сохта ба истифода дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки майдончаи варзишию фароғатӣ дар масоҳати 900 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншооти варзишӣ аз майдончаи стандартии варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, бозиҳои кӯдакона, айвончаҳо бо насби курсиҳои нишаст барои фароғати сокинон иборат буда, бо истифода аз таҷҳизоти муосири шаҳрсозӣ ва шаклу усулҳои нави сохтмонӣ бунёд гардидааст.

NBTL5510-4.JPG

Дар  ҳавлича ва гирду атрофи он беш аз 5 ҳазор бех гулҳои ороишиву дарахту буттаҳои ҳамешасабз, 220 метри мураббаъ сабзазор шинонида шуда, барои нигоҳубин ва ҳамеша сабзу мунаввар нигоҳ доштани ҳудуди майдонча хатти об бо обмонакҳои махсус  гузаронида шудааст. 

Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми ду соли охир се майдончаи варзишӣ баҳри истифодаи сокинони шаҳр сохта, ба истифода дода шуд. Қабл аз ин, як адад майдончаи варзишӣ бо масоҳати 1086 метри мураббаъро дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва майдончаи дигар дар масоҳати 700 метри мураббаъ дар шаҳраки 33-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар буриши кӯчаҳои Ҷаббор Расулов ва Низоми Ганҷавӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон майдончаҳои варзишию фароғатӣ ба истифода дода шуда буд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2307

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ