Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,6%
  • 8,1%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд сомонӣ
    16,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 июни с.2019)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Сентябр)13,19
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    10,96
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр)
    22,90
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    20,44
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    22,93
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 17.10.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2418.04 2475.78
10 4749.10 4862.52
20 9352.11 9575.46
50 23142.08 23694.76
100 46119.40 47220.82

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3

Нашри Ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи аудитшудаи ташкилотҳои қарзӣ дар ВАО

10.09.2019

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар (10.05.с.2019) дар мавриди таъмини шаффофияти фаъолияти бонкҳо ҷиҳати интишори ҳисоботҳои молиявии онҳо дар воситаҳои ахбори омма махсусан таъкид гардид, бояд гуфт, ки масъалаи мазкур саривақтӣ буда, баҳри таъмини шаффофияти фаъолияти бонкҳо, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, боло бурдани нуфузу эътибори он, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ ва огоҳӣ доштани истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ аз вазъи низом, аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.

Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгар тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, моддаи 73 дар бораи пешниҳод ва нашри ҳисобот, вазифадор аст, ҳар сол на дертар аз 1-уми август ҳисоботи солонаи худро бо хулосаи аудиторӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Баҳри иҷрои муқаррароти қонунгузорӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳамасола ҳисоботи молиявии худро тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳӣ анҷом дода, баъди пешниҳод ба Маҷлиси намояндагон дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон www.bmt.tj; www.nbt.tj интишор менамояд. Дар саҳифаи асосии сомонаи Бонк ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшуда барои солҳои 2008-2018 интишор шудааст.

Ҳамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби бонкҳои ҷумҳурӣ иҷрои муқаррароти моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии танзими баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ”-ро оид ба нашри ҳисоботи молиявии солонаи ташкилотҳои қарзӣ таҳти назорати доимӣ қарор медиҳад.

Вобаста ба риояи муқаррароти мазкур аз ҷониби бонкҳои кишвар маълумотҳо оид ба ҳисоботи молиявӣ айни ҳол дар сомонаҳои бонкҳо ва воситаҳои ахбори омма ба нашр расонида шуд, аз ҷумла:

БДА ҶТ "Амонатбонк" ҳамасола ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро бо пешниҳод гардидани хулосаи аудиторони мустақил нашр менамояд, аз ҷумла ҳисоботи молиявии аудитшуда аз ҷамъбасти соли 2018 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (№ 118, 24.06.2019) ва ҳафтаномаи “Народная газета” (№31, 24.07.2019) нашр гардидааст. Дар баробари ин, ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи аудитшуда барои солҳои 2012-2015 ва соли 2017 барои ҳар як сол дар алоҳидагӣ тавассути сомонаи БДА ҶТ “Амонатбонк” www.amonatbank.tj, дар қисмати ҳисоботи молиявӣ интишор гардидааст;

ҶСК "Ориёнбонк" ҳисоботи молиявии аудитшудаи маҷмӯии солонаи худро аз ҷамъбасти соли 2018 дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият” (№131 аз 11.07.2019), “Садои мардум” (№83 аз 11.07.2019) ва ҳафтаномаи “Азия-Плюс” (№29 аз 18.07.2019) нашр карда, инчунин дар сомонаи Бонк www.orienbank.tj/com ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи аудитшудаи худро барои солҳои 2014-2018 интишор намудааст;

ҶСК "Бонки Эсхата" ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшударо барои соли 2017 дар сомонаи худ www.eskhata.tj ва нашрияҳои “Азия-Плюс”, “Ҳақиқати Суғд” интишор намудааст. Ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшудаи Бонк барои соли 2018 пас аз пешниҳоди хулосаи аудит нашр мегардад;

ҶСП “Спитамен Бонк” ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшударо барои соли молиявии 2018 дар нашрияҳои “Ҷумҳурият” (№93, 16.05.2019) ва «Тоҷикистон» (№20,15.05.2019) интишор намудааст. Дар баробари ин, ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи аудитшударо барои солҳои 2013-2017 дар сомонаи Бонк www.spitamenbank.tj нашр намудааст.

ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" ҳисоботи молиявии аудитшуда барои соли 2018-ро дар ҳафтаномаҳои “Азия-Плюс” (№23 аз 05.06.2019) ва “Тоҷикистон” (№23 аз 04.06.2019) нашр кардааст. Ҳамчунин, маълумотҳои молиявӣ барои семоҳаи якум ва дуюми соли 2019 ва ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшударо барои солҳои 2014-2017 дар сомонаи Бонк www.ibt.tj ҷойгир намудааст. Ҳисоботи аудитшуда барои соли молиявии 2017 дар маҷаллаи “Тоҷикистон” (№30, 25.07.2018) чоп шудааст;

ҶСК "Тавҳидбонк" ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи аудитшударо барои соли 2018-ро дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият” (№107 аз 07.06.2019) ва “Садои мардум” (№65 аз 08.06.2019) интишор карда, ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи аудитшударо барои солҳои 2016 ва 2017 дар сомонаи Бонк www.skb.tj ҷойгир намудааст;

ҶСП "Аввалин бонки молиявии хурд" нашри ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшударо барои солҳои 2016-2018 дар сомонаи Бонк www.fmfb.tj таъмин намуда, инчунин ҳисоботи молиявии аудитшударо барои соли 2018 дар ду рӯзномаи расмӣ ва нашрияҳои “Имрӯз News” (№24, 24.04.2019; №39, 15.03.2018) “Asia – Plus” (№17, 25.04.2019; №21, 15.03.2018) интишор намудааст;

Филиали бонки "Тиҷорат"-и ҶИЭ дар шаҳри Душанбе ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшударо барои солҳои 2017 ва 2018 дар нашрияҳои “Боҷу хироҷ” (№27, 05.07.2018; №20, 16.05.2019) ва “Садои мардум” (№50, 04.05.2019) нашр карда, инчунин ҳисоботи молиявии аудитшуда барои солҳои 2010-2018-ро дар сомонаи Бонк www.tejaratbank.tj интишор намудааст;

ҶСП "Кафолатбонк" ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшуда барои соли 2018-ро дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият” (№128 аз 05.07.2019) ва “Садои мардум” (№ 80 аз 04.07.2019) нашр намудааст. Инчунин, ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшуда барои солҳои 2016 ва 2017 дар сомонаи Бонк www.kafolatbank.tj ҷойгир намуда, инчунин дар рӯзномаҳои расмии “Ҷумҳурият” (№ 88, 01.05.2017;№26, 20.11.2018) ва “Садои мардум” (№46,23.04.2017; №139,17.11.2018) интишор намудааст;

ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшударо барои соли 2018 дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият” (№95 аз 20.05.2019) ва “Садои мардум” (№59-60 аз 25.05.2018) чоп кардааст. Инчунин, ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшударо барои соли 2017 дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият” (№96, с. 2018) ва “Садои мардум” (№59-60, 15.05.2018) нашр намудааст;

ҶСП "Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон" ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшударо барои соли 2018 дар рӯзномаҳои “Дайджест-пресс” (№ 20 аз 15.05.2019) ва “Азия – Плюс” (№ 20 аз 16.05.2019) нашр намудааст. Дар баробари ин, давоми солҳои 2013-2017 ҳисоботҳои молиявии маҷмӯии аудитшударо дар сомонаи Бонк www.nbp.tj низ интишор намудааст;

ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" ҳисоботи молиявии аудитшударо барои соли 2018 дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият” (№106 аз 04.06.2019) ва “Садои мардум” (№65 аз 08.06.2019) чоп кардааст. Инчунин, ҳисоботи молиявии аудитшударо барои соли 2017 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (№225, 19.11.2018) нашр намуда, маводи мазкур дар сомонаи Бонк www.cbt.tj интишор шудааст;

ҶСП “Бонки Осиё” ҳисоботи молиявии аудитшудаи худро аз ҷамъбасти соли 2018 дар рӯзномаи “Садои мардум” (№108 аз 07.09.2019) интишор намудааст. Ҳисоботи молиявии аудитшуда аз ҷамъбасти соли 2017 дар сомонаи Бонк www.bankasia.tj ҷойгир карда шудааст;

ҶСП "Бонки рушди Тоҷикистон" ҳисоботҳои молиявии маҷмӯии солонаи аудитшударо барои солҳои 2014-2017 (барои ҳар як сол дар алоҳидагӣ) дар сомонаи Бонк www.brt.tj ҷойгир карда, ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшударо барои соли 2017 дар нашрияҳои “Имрӯз News” (№13,20.02.2019) ва “Вечёрка” (№8, 20.02.2019) нашр намудааст. Санҷиши аудитории фаъолияти Бонк аз рӯи натиҷаҳои соли молиявии 2018 ҳоло идома дошта, дар баробари дастрас гардидани хулосаи аудиторӣ, ҳисоботи мазкур мавриди интишор қарор мегирад;

ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” ҳисоботи молиявии аудитшудаи худро аз ҷамъбасти соли 2018 дар ҳафтаномаҳои “Рекламная газета” (№16 аз 18.04.2019) ва “Азия – Плюс” (№17 аз 25.04.2019) интишор намудааст. Инчунин, ҳисоботҳои молиявии аудитшуда барои 4 соли охир дар сомонаи Бонк www.kkb.tj ҷойгир карда шудааст;

ҶСК "Тoҷиксодиротбонк" ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшударо барои соли 2017 дар нашрияҳои “СССР” (№52, 27.12.2018) ва “Вечёрка” (№ 3, 16.01.2019), инчунин дар сомонаи Бонк www.tsb.tj низ интишор намудааст.

Ташкилотҳои амонатии қарзии хурд низ пас аз санҷиши аудитории фаъолияти Ташкилот бояд ҳисоботи молиявии маҷмӯии аудитшудаи худро дар сомонаи расмии Ташкилот интишор намоянд.

Ба ҳолати 11 сентябри соли 2019 ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл”, ҶДММ ТАҚХ “МАТИН”, ҶДММ ТАҚХ “Фазо С”, ҶДММ ТАҚХ “Тезинфоз”, ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Молия”, ҶДММ ТАҚХ “Тамвил”, ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат”, ҶСП ТАҚХ “Ардо-капитал” ҳисоботҳои молиявии аудитшуда аз ҷамъбасти соли 2018-ро дар сомонаи расмии худ интишор кардаанд.

ҶДММ ТАҚХ “ФИНКА”, ҶДММ ТАҚХ “Зудамал”, ҶДММ ТАҚХ “Арғун” ҳисоботҳои молиявии аудитшуда аз ҷамъбасти соли 2018 омода карда, дар назар аст то охири моҳи сентябри соли 2019 интишор намоянд.

Маълумоти дар боло зикршуда, аз рӯи пешниҳоди ташкилотҳои қарзӣ бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шудааст. Ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ дар баробари нашрияҳои расмӣ ва мустақил, дар шакли мухтасар инчунин дар маҷаллаи Бонки миллии Тоҷикистон “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” мунтазам интишор карда мешаванд.

Дар баробари ин, баҳри таъмини шаффофияти фаъолияти бонкҳо ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу  хориҷӣ, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ба таври доимӣ маълумот оид ба саҳмиядорони асосии бонкҳо ва сармоягузориҳои онҳо ҷойгир карда мешавад.

Бо мақсади таъмини минбаъдаи шаффофияти фаъолияти бонкҳо ҷиҳати ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, баланд бурдани нуфузу эътибори низоми бонкӣ ва эътимоднокии аҳолӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ ва огоҳӣ доштани аҳолӣ оид ба вазъи низом, ташкилотҳои қарзӣ ҳисоботҳои молиявии худро аз рӯи нишондиҳандаҳои асосӣ, маълумот оид ба мавқеи ҷойгиршавии филиалҳо ва марказҳои хизматрасониҳо, намуди хизматрасонӣ ва ҳаққи хизматрасониҳо, аз ҷумла фоизи қарзҳо ва амонатҳоро дар сомонаи расмии худ мунтазам ҷойгир менамоянд. Инчунин, бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотиро амалӣ менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар оянда низ фаъолияти худро баҳри иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори низоми бонкӣ, зиёд намудани эътимоднокии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешида, тамоми саъю кӯшиши худро пеш аз ҳама бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ равона месозад.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 819

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4741 (57.38%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        1803 (21.82%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        754 (9.13%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5688 (68.85%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1187 (14.37%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        282 (3.41%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ