Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%

  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Эълони Озмун

08.10.2019

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти ҳисобдорӣ

I

мутахассиси дараҷаи I шуъбаи пешбурди китоби асосӣ

ва иҷрои сиёсати андозӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ ва андоз;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, баҳисобгирии андозӣ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ, мақомоти андоз;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • надоштани доғи судӣ;
  • барои занони соҳибтахассус афзалият дода мешавад.

II

мутахассиси дараҷаи I шуъбаи пешбурди китоби асосӣ

ва иҷрои сиёсати андозӣ   (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, амалиётҳои хазинадорӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • надоштани доғи судӣ;
  • барои занони соҳибтахассус афзалият дода мешавад.

III

мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ва маводҳои камнарху зудфарсудашаванда;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • надоштани доғи судӣ;
  • барои занони соҳибтахассус афзалият дода мешавад.

Департаменти мониторинги молиявӣ

IV

Мутахассиси Шуъбаи таҳлилу тадқиқот (2 ҷой - шартномавӣ)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор дар компютер MS Office (Word, Exсel, Power Point) системаҳои идоракунии пойгоҳи маълумот (Oracl, MS SQL ва дигарҳо) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаҳои интернет;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 3 сол;
  • надоштани доғи судӣ.

Бояд донад:

  • Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

V

Мутахассиси Шуъбаи ҳамкории байналмилалӣ (1 ҷой - шартномавӣ)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • малакаи касбии кор дар компютер MS Office (Word, Exсel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаҳои интернет;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 3 сол;
  • надоштани доғи судӣ.

Бояд донад:

  • Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

VI

Мутахассиси Шуъбаи бозрасӣ (1 ҷой - шартномавӣ)

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 21.10 с.2019

Диданд: 2590

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ