Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ташаккул ва фаъол намудани бозори аввалияи коғазҳои қиматноки давлатӣ дар Тоҷикистон

23.10.2019

22 октябри соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Муовини якуми директори Департаменти рушди асъори миллӣ ва бозори сармояи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ҷаноби Ҷим Тёрнбулл мулоқоти корӣ анҷом дод.

NBTL0160-2.jpg

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои сиёсати пулию қарзии мамлакат, аз ҷумла, тавсеаи бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, баҳодиҳии низоми бозори аввалияи коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории техникии БАТР ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи лоиҳаи “Ислоҳоти ҳуқуқии бозори сармоя дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Муғулистон”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

NBTL0167.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз натиҷаи ҳамкориҳои самарабахши Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: “Барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ яке аз фишангҳои асосии низоми молиявии кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамчун механизми иловагӣ барои танзими буҷети давлатӣ аз ҳисоби диверсификатсияи манбаи ҷалби сармоя ба буҷети давлатӣ ва рушд додани бозори пардохтпазирии молиявӣ мусоидат менамояд. Дар баробари ин, қоғазҳои қиматнок ҳамчун фишанги ғайримустақими сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб рафта, ба Бонки миллии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки пардохтпазирии низоми бонкиро танзим намуда, бозори аввалияи коғазҳои қиматнокро фаъол намояд. Дар натиҷаи беҳтар намудани шарту шароити анҷом додани амалиётҳо барои иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, самаранокии татбиқи сиёсати пулию қарзӣ таъмин гардида, дар самти рушди бозори коғазҳои қиматнок қадамҳои устувор гузошта мешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бозори муташаккили коғазҳои киматноки давлатӣ омили пешбарандаи иқтисодиёт буда, метавонад ба рушди бозори коғазҳои қиматноки бахши хусусӣ, баланд бардоштани сатҳи тиҷорати касбӣ ва беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ мусоидат намояд”.

NBTL0168.JPG

Директори Департаменти рушди асъори миллӣ ва бозори сармояи БАТР ҷаноби Ҷим Тёрнбулл дар навбати худ ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла вусъат додани фаъолияти бозори аввалия ва дуюмдараҷаи коғазҳои қиматноки давлатӣ ва саҳми Бонки миллии Тоҷикистон дар он изҳори ҳавасмандӣ кард. Номбурда барои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ тавассути зиёд кардани иштирокдорони бозор ва муҳайё кардани заминаи ҳуқуқии он, бо ин васила ба танзим даровардани сиёсати буҷети давлатӣ ва қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бозори пул ва бозори сармоя дар Тоҷикистон изҳор намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур инчунин мутахассиси кор бо институтҳои молиявии намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ ширкат доштанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1867

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ