Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,6%
  • 8,1%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд сомонӣ
    16,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 июни с.2019)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Сентябр)13,19
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    10,96
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр)
    22,90
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    20,44
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    22,93
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 12.11.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2391.66 2448.78
10 4696.35 4808.51
20 9246.61 9467.43
50 22878.32 23424.69
100 45591.87 46680.69

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 1

Фаъолияти 10-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО

29.10.2019

28 октябри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии таъсисёбии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО” таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва иштироки вазорату идораҳои дахлдори кишвар, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва як қатор шахсони масъул конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

NBTL0371-1.jpg

Конфронсро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронӣ қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза алайҳи ин амали номатлуб тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Дар ин радиф, бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ дар самти мазкур аз тарафи кишварҳои бонуфузи ҷаҳон соли 1989 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо - машҳур бо номи ФАТФ таъсис дода шуд ва дар робита бо он тавсияҳои дахлдори ФАТФ таҳия ва қабул гардида, иҷрои онҳо тавассути мутобиқ намудани низоми миллии худ ба тавсияҳои зикршуда аз ҷониби аъзои давлатҳои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

NBTL0538.JPG

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон ба мутобиқ намудани низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба Тавсияҳои ФАТФ, тақвияти фаъолияти ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва боло бурдани нуфузу эътибори кишвар чораҳои заруриро амалӣ намуда, аз соли 2004 ҳамчун давлати аъзо ба яке аз гурӯҳҳои минтақавии ба монанди ФАТФ - Гурӯҳи Авруосиё шомил мебошад. Бинобар ин, соли 2008 аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқат ба Тавсияҳои ФАТФ гузаронида шуда, тибқи натиҷаҳои он таъсис додани мақомоти кашшофии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

NBTL0603.JPG

- Дар ин радиф, ҷиҳати иҷрои талаботи Тавсияҳои ФАТФ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №724 аз 20 октябри соли 2009, дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Департаменти мониторинги молиявӣ таъсис дода шуда, инчунин, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №966 аз 12 декабри соли 2017, Бонки миллии Тоҷикистон (Департаменти мониторинги молиявӣ) мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян гардид, - изҳор намуд Раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид МҚД/МТ ва МПСҚО, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода. Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоврада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, ки аз иродаи қавии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар татбиқи Тавсияҳои ФАТФ шаҳодат медиҳад.

NBTL0599.JPG

Дар тӯли фаъолияти хеш дар доираи салоҳият ва вазифаҳои худ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо, ки ба таъмини амнияти иқтисодии кишвар, инчунин рушди низоми миллии кишвар дар ин самт равона гардидаанд, нақши муҳим бозидааст, - инчунин қайд кард Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Директори Департаменти мониторинги молиявӣ Фарҳод Билолов дар навбати худ оид ба фаъолияти ҷории департамент дар самти МҚД/МТ/МПСҚО рӯнамоии худро манзури аҳли нишаст гардонида, қайд кард, ки маҳз бо саъю кӯшиши мақомоти дахлдори кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар кори конфронс Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, Муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам, Раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Шодӣ ва дигар намояндагони вазорату мақомотҳои дахлдори кишвар зимни баромади худ саҳми Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти МҚД/МТ МПСҚО назаррас арзёбӣ намуданд.

NBTL0634.JPG

Зимни баррасии кори конфронс иштирокдорони ҷамъомад таъкид бар он доштанд, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдори кишвар метавонанд ҳолатҳои марбут ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризмро ошкор намуда, барои рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом такони ҷиддӣ бахшида, нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба падидаҳои терроризм дар арсаи ҷаҳонӣ боло баранд.

Дар охир аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон кормандони мақомоту вазоратҳое, ки дар инкишофи низоми МҚД/МТ/МПСҚО-и кишвар саҳми арзанда гузоштанд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 583

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4749 (56.64%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        1876 (22.37%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        788 (9.40%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5753 (68.61%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1215 (14.49%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        290 (3.46%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ