Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 13.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.32 2459.69
10 4717.66 4830.33
20 9289.23 9511.07
50 22984.87 23533.79
100 45804.97 46898.88

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Навовариҳои таъмини амнияти иттилоот дар давраи табдилёбии рақамӣ

29.11.2019

28 ноябри соли 2019 бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати “Софтлайн” Конференсия таҳти унвони “Навовариҳои таъмини амнияти иттилоот дар давраи табдилёбии рақамӣ” дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар чорабинии мазкур Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ширкати “Софтлайн”, намояндаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои давлативу ширкатҳои хусусии дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.

NBTL3275.JPG

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкурро масъулон дар вусъат бахшидани иқтидорҳои амнияти иттилоотӣ аз таҳдидҳои киберӣ маънидод карданд. Дар оғози конференсияи мазкур муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода сухан карда оид ба навгониҳои технологияи иттилоотӣ, усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ ва муҳиммияти он ҳарф зад: “Бо мақсади татбиқи қарорҳои Ҳукумати ҶТ пардохтҳои ғайринақдӣ рӯз аз рӯз афзуда, шумораи хизматрасониҳои бонкӣ бо истифода аз пулҳои электронӣ, кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои технологии пардохтҳои электронӣ ба таври васеъ амалӣ карда мешаванд. Имрӯзҳо, дар марҳилаи табдилёбии рақамӣ, ташкилотҳои қарзӣ аз хизматрасонии анъанавии бонкӣ ба хизматрасонии бонкии фосилавӣ ва зеҳнӣ гузашта истодаанд. Табдилёбии рақамӣ сифат ва суръати ҳамкориро бо муштариёни хизматрасониҳои бонкӣ ва ташкилотҳои қарзӣ беҳтар намуда, аммо дар дар баробари ин хавфҳои иловагиро ба миён меорад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи бештар ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ҳамеша талаботи ҳатмӣ боқӣ хоҳад монд. Барои ҳар як ташкилот мушаххасот ва хусусияти низоми таъмини амнияти иттилоотӣ ба таври инфиродӣ ба кор бурда мешавад, бинобар ин пешниҳоди маҷмуии низоми муҳофизатӣ талаботи зарурии фаъолияти тамоми низоми бонкӣ маҳсуб меёбад”.

NBTL3323.JPG

Дар ин замина, андешидани тамоми тадбирҳо баҳри амнияти иттилоотӣ ва ҳифз доштани махфияти маълумотҳои мизоҷон хеле муҳим мебошад. Бояд гуфт, ки низоми бонкӣ бо назардошти хусусияти маълумотҳое, ки дар онҳо маҳфуз дошта мешаванд, таҳти хавфи бештар қарор дорад. Ин маънои онро дорад, ки ташкилотҳои қарзӣ бояд ба рушди инфрасохтори худ ҷиҳати баланд бардоштани амнияти иттилоотӣ диққати бештар дода, дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро баҳри ҳифзи пойгоҳҳои маълумотҳои худ андешанд, изҳор дошт Ҳ.Машрабзода

NBTL3466.JPG

Дар чорабинӣ, ҳамзамон мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба имкониятҳои мавҷуда ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар низоми бонкии кишвар сухан карда изҳор доштанд, ки баҳри таъмини амнияти иттилоотӣ ва сазовор будан ба боварии мизоҷон тамоми чораҳои мавҷударо меандешанд.

Инчунин намояндагони ширкати “Софтлайн” зимни баромадҳои худ изҳор доштанд, ки ширкати мазкур дар тули 25 сол бо 50 давлати дунё ва 95 шаҳр ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ, дастгирии техникӣ, омӯзиши мутахассисони соҳавӣ, рушди кансепсия ва амсоли он ба муштариён хизмат мерасонад.

NBTL3445.JPG

Маврид ба зикр аст, ки ҷамъомадагон атрофи муҳофизати маҷмӯӣ аз кибертаҳдидҳои мураккаб, ки ба технологияҳои муттаҳидсозии инфрасохтори киберҷинояткорон асос ёфтааст, таъмини муҳити бехатар барои муассисаҳои молиявӣ, таъмини бехатарии табдилёбии тиҷорати рақамӣ сухан намуда, оид ба мушкилоти мавҷуда ва рушди бештари таъмини амнияти иттилоотӣ табодули афкор карданд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 326

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4768 (54.42%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2168 (24.74%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        833 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5859 (66.87%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1362 (15.54%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        315 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ