Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 13.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.32 2459.69
10 4717.66 4830.33
20 9289.23 9511.07
50 22984.87 23533.79
100 45804.97 46898.88

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Оғози фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо

29.11.2019

3 декабри соли 2019 Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд. Аз ин рӯ, тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд.

Солҳои охир низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли рушди босуръатро касб карда, тадриҷан чун дар дигар кишварҳои минтақа, ҳиссаи он ва нақши он дар миёнаравии молиявӣ ба таври назаррас зиёд шуд. Дар асоси таҷрибаи солҳои тӯлонӣ ва бо назардошти рӯйдодҳои охири марбут ба пардохтнопазирии як қатор низомҳои байналмилалии интиқоли маблағ, Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили вазъи муосири бозори интиқоли маблағҳои пулиро бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар Тоҷикистон гузаронида, дар натиҷа як қатор мушкилиҳоеро ошкор намуд, ки ба устувории низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонида, боиси коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гардиданд. Ин омилҳо бевосита ба рушди низоми интиқоли маблағҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии интиқоли маблағҳо ба муштариён халал мерасонад, аз он ҷумла:

  • қабл аз ҳама, мавҷуд набудани маркази ягонаи протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ, ки ба ҳимояи манфиатҳо мусоидат намуда, талаботи истифодабарандагони хизматрасонии интиқоли маблағҳоро қонеъ мекунад;

  • мавҷуд набудани имконияти аз ҷониби шаҳрванд гирифтани маблағи интиқолшуда аз дилхоҳ ташкилоти қарзӣ, бинобар надоштани шартномаи ҳамкорӣ бо ҳама низомҳои интиқолӣ ва нобаробар ҷойгир шудани онҳо аз рӯи мавқеи ҷуғрофии кишвар. Дар ин ҳолат муштарӣ маҷбур аст, ки вақти худро ба ҷустуҷуйи ташкилоти қарзие, ки бо низоми интиқолии ба вай зарур буда шартнома дорад, сарф намояд;

  • ташкилотҳои қарзии ватаниро зарур аст, ки барои ҳамкорӣ намудан бо ҳар як низоми интиқолии байналмилалӣ дар бонкҳои хизматрасони ин низомҳо суратҳисобҳои муросилотӣ кушоянд, ки ин боиси хароҷоти иловагии ташкилотҳои қарзӣ, сарфаи зиёди вақт гашта, хавфҳои иловагиро ба миён меорад;

  • ташкилотҳои қарзӣ ҳамарӯза маблағҳои пулии интиқолшавандаро ба муштариён аз ҳисоби худ пардохт намуда, баъд аз як ё ду рӯз ин маблағҳоро аз бонки хизматрасони низоми интиқолӣ мегиранд, ки ин раванд хавфи напардохтани маблағҳоро ҳангоми ғайрибозоргир будани низоми интиқолии байналмилалӣ зиёд мекунад. Бо назардошти он ки ҳамарӯза маблағи зиёд ба ҷумҳурӣ интиқол мешавад, бевосита ин раванд ба низоми бонкӣ хавфи калон дорад. Таҷриба нишон дод, ки чунин ҳолатҳо боиси ба миён омадани мушкилии молиявии ташкилотҳои қарзӣ гардида, ҳадди ақалл бо муфлисшавии ду низоми интиқоли маблағҳо (Лидер ва Мигом) уҳдадориҳои онҳо дар назди ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 млн. рубли русиро ташкил дод;

  • мавҷуд набудани интерфейси ягонаи кор бо низомҳои пардохтӣ сабаби мушкилӣ ҳангоми азхудкунии малакаи корӣ бо интерфейсҳои гуногуни низомҳои пардохтӣ мегардад, ки ин боиси зиёд шудани хатогиҳо аз ҷониби кормандони ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми хизматрасонии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ мегардад;

  • мавҷуд набудани механизми онлайн мониторинги вуруди маблағҳо ҳамчун фишанги муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом. Таҷрибаи амалкунандаи интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ҳолатҳои хусусияти байналмилалӣ доштаро нишон дод, ки ба нуфузу эътибори кишвар таъсири манфӣ расонид ва ин амал дар навбати хуб метавонад ба ҳавасмандӣ аз фазои сармоягузории мамлакат таъсир расонад;

  • мавҷуд набудани маълумоти дақиқ оид ба ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ва имконияти таҳлили хавфҳои он, амнияти иқтисодии давлатро зери хатар мегузорад;

  • мавҷуд набудани қурби ягонаи мубодилавӣ оид ба интиқоли маблағҳо, ки ба манипулятсияи сунъии интиқоли маблағҳо дар бозори интиқоли маблағҳо оварда мерасонад.

Бо назардошти камбудиҳои ошкоршуда дар низоми амалкунандаи интиқоли маблағҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати ислоҳотии худ иқдом гирифт, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро бе кушодани суратҳисобҳо (ММП) таъсис диҳад.

Мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад.

Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо – маҷмааи барномавию техникии Бонки миллии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯи интиқолҳои фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоб тавассути суратҳисобҳои муросилотии Иштирокдорон, ки дар асоси шартнома дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода шудаанд, бо истифода аз воситаҳои электронии қабул, коркард, интиқол ва ҳифзи иттилоот таъмин менамояд.

Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо имкон фароҳам меорад, ки интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли ғайринақдӣ ба таври зуд, боэътимод ва бехатар анҷомдода шаванд. Маркази мазкур инчунин имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқолҳои пулӣ таъмин намуда, барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат мекунад, сифати хизматрасониро барои интиқолгирандагон беҳтар намуда, имкони назоратро дар заминаи ҳуқуқӣ дар сатҳи давлатӣ ва таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳо таъмин менамояд.

Фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо якчанд бартариятҳо дорад, аз ҷумла:

  • таъмини шаффофияти амалиётҳо аз рӯи интиқолҳои пулии фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ;

  • таҳким бахшидани механизми муқовимат аз сӯиистифода намудан аз низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо мақсади расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • баланд бардоштани самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо байни ҳамаи иштирокдорони ММП;

  • тақвият бахшидани устувории низоми бонкии мамлакат аз ҳисоби паст намудани хавфҳои амалиётӣ барои ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ҳангоми муфлисшавии низомҳои пардохтии интиқолӣ;

  • аз байн бурдани ҳолатҳои ҳаннотӣдар бозори интиқоли маблағҳо ва маҳдуд кардани омилҳои инсонӣ;

  • таъмин намудани қурби ягонаи мубодилавӣ барои интиқоли маблағҳо;

  • мавҷуд будани қарори инноватсионӣ, ки фаъолиятро бо низомҳои интиқолии гуногун бо истифода аз интерфейси ягона таъмин менамояд;

  • беҳтар кардани механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

  • осону қулай гардидани интиқоли маблағҳои дохилиҷумҳуриявӣ, алалхусус дар манотиқи дурдасти кишвар;

  • фароҳам овардани имконияти интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои кортии дорандагони кортҳои пардохтии “Корти миллӣ” ва дар натиҷа афзоиши амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ аз ҳисоби интиқоли маблағҳо (супориши Пешвои миллат ҷиҳати зиёд кардани амонатгузорон аз ҳисоби интиқоли маблағҳо);

  • таъсиси махзани муттаҳидаи иттилоот оид ба интиқолҳои фаромарзи, ки боиси беҳтар гардидани сифати маълумотҳои оморӣ ва таҳлилҳо мегардад;

  • таъмин намудани маълумотҳои оморӣ дар бораи гардиши пул аз рӯи интиқоли маблағҳо.

Татбиқи лоиҳаи Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо инчунин самаранокии идоракунии хавфҳои низомҳои байналмилалии интиқоли маблағҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунандаро таъмин намуда, ба устувории низоми молиявии кишвар мусоидат мекунад.

Бо пайваст шудани низомҳои интиқолӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ба Маркази миллии протсессингӣ кори бизнес-протсес бо интиқоли маблағҳои фаромарзӣ бетағйир мемонад ва Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси бонки ҳисоббаробаркунанда ба муштариён ва иштирокдороне, ки амалиётҳоро бо интиқоли маблағҳо иҷро мекунанд, кафолат медиҳад ва хизматрасонии интиқоли маблағҳоро бетаъхир ва бе расонидани зарар ба онҳо таъмин менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки барои иштирокдорони Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо барои иштирок ва ё анҷом додани амалиёт дар доираи ММП ягон намуди маблағ барои пардохт талаб карда намешавад. Дар баробари таъмини хароҷотҳо барои таҳия, татбиқ ва дастгирии ММП, Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми танзимгар дар оянда низ тамоми хароҷотҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи мазкурро ба зиммаи худ гирифта, бо ин амал хавфи зиёд шудани ҳаққи хизматрасониро (комиссия) барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори интиқоли маблағҳо аз байн мебарад.

Аз моҳи январи соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон бо низомҳои байналмилалии интиқолӣ дар хусуси кам кардани ҳаққи хизматрасонӣ (комиссия) барои ММП гуфтушунидҳо доир намуд, ки дар натиҷа як қатор низомҳои байналмилалии интиқолӣ меъёри фоизиашонро барои интиқол ба Тоҷикистон кам карданд, ки ҳаққи хизматрасонӣ ба ҳиссаи назаррас (наздики 80 фоиз) аз ҳиссаи умумии маблағҳои интиқолӣ аз 1,5 фоиз то ба 1 фоиз коҳиш дода шуд ва ин амал боиси кам шудани хароҷоти истифодабарандагони интиқоли маблағҳо гардид.

Иқдоми мазкур аз сатҳи баланди масъулияти иҷтимоӣ ва тарафдории этикаи корпоративии низомҳои пардохтӣ шаҳодат медиҳад ва Бонки миллии Тоҷикистон барои дастгирӣ намудани қишри муайяни аҳолӣ ба низомҳои мазкур изҳори миннадорӣ менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон тамоми иштирокдорони бозори интиқоли маблағҳоро боварӣ мекунонад, ки дар доираи ислоҳоти ниҳодӣ оид ба таъсиси Маркази миллии протсессингӣ тамоми манфиатҳои гирандагон ва фиристандагони маблағҳои интиқолӣ ба инобат гирифта шуданд, аз ҷумла ҷонибҳои манфиатдор низ ҳимоя мешаванд.

Бо дарназардошти тамоюли ҷаҳонии ҳамгироии технологияҳои молиявӣ бо технологияҳои танзимгар, ки дар асоси онҳо модели Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо таҳия шудааст, дар оянда он ба ташаккули доираи васеи имкониятҳои технологӣ ва инноватсионӣ ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1582

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4768 (54.42%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2168 (24.74%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        833 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5859 (66.87%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1362 (15.54%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        315 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ