Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи июл
    0,3%
  • 7,7%
  • Пулҳои захиравӣ (июл), млрд. сомонӣ
    19,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июл)11,12
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-август)
    10,52
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-август)
    22,64
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-август)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)
    21,41
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-август)
    21,36




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 18.09.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3310.57 3389.64
10 6534.18 6690.22
20 12922.26 13230.86
50 32067.44 32833.27
100 63970.12 65497.84

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    31 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Форуми байналмилалии “Технологияҳои муосири пардохтӣ. Амалияи истифодабарии технологияҳои муосир дар соҳаи молиявӣ”

06.12.2019

6 декабри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ташвиқу тарғиби истифодаи технологияҳои муосири ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, кам намудани ҳаҷми истифодаи пули нақд дар муомилоти пулии кишвар Форуми байналмилалии “Технологияҳои муосири пардохтӣ. Амалияи истифодабарии технологияҳои муосир дар соҳаи молиявӣ” баргузор гардид.

NBTL3835-1.JPG

Форуми байналмилалиро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки ҳадафи асосии ташкили Форуми мазкур фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати табодули таҷриба дар самти татбиқи технологияҳои муосири иноватсионӣ дар бахши хизматрасониҳои пардохтӣ, муаррифии дастовардҳои ташкилотҳои қарзӣ дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ буда, он метавонад барои рушди минбаъдаи бозори хизматрасонии пардохтӣ такони ҷиддӣ бахшад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз бахши молиявӣ-бонкии иқтисодиёт пештар аз ҳама ба навигариҳои технологияҳои рақамии муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ пурсамар истифода мебаранд.

NBTL3891.JPG

Дар қисмати ифтитоҳӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода аз номи Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба сухан баромада, дар навбати худ диққати ҳозиринро ба афзалиятҳои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷалб намуд: “Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тариқи татбиқи тахнологияҳои муосири пардохтӣ, мукаммалсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори низоми пардохт муайян гардидааст. Аз ин сабаб, бо мақсади татбиқи босамари сиёсати пуливу қарзӣ ва кӯмак ба фаъолияти муттасили низоми пардохт Бонки миллии Тоҷикистон барои навсозии низоми пардохти кишвар ва мукаммалгардонии заминаи меъёрӣ - ҳуқуқии он корҳои зиёдро анҷом дода истодааст”.

NBTL3915.JPG

Рушди технологияи муосири пардохтӣ барои кишвари мо, яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад, аз ин сабаб, ҷиҳати тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла хизматрасонии бонкии фосилавӣ, афзоиши теъдоди пардохтҳое, ки тариқи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва воситаҳои электронии пардохт анҷом дода мешавад, тақвияти эътимод ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Дар робита ба ин, бо назардошти рушди босуръати бозори хизматрасониҳо ва инфрасохтори низоми пардохти кишвар омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешқадами иштирокчиёни фаъоли бозори хизматрасониҳои пардохтии кишварҳои рушдёфта муҳим дониста мешавад, -зикр намуд Ҳ.Машрабзода.

NBTL3945.JPG

Дар идомаи кори Форум муовини Директори генералии НСПК “МИР” Бочкарев С.В. ҳамгироии НСПК “МИР” ва НП “Корти миллӣ”, аз ҷумла ҷараёни ҳамгироӣ ва гузаронидани амалиёт тавассути корти яке аз бонкҳои Федератсияи Руссия тариқи протссесинги НП “Кортӣ миллӣ”-ро дар назди ҳозирин муаррифӣ намуд.

NBTL4015.JPG

Ҳамзамон, дар кори Форум Президенти низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳо “Юнистрим” ҷаноби Кирилл Палчун, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Файзулло, сардори Шуъбаи низоми пардохти Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Фурқат Раҳматов, сармутахассиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Салоҳиддин Мирзоахмедов ва намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар доир ба мавзӯъҳои “Низоми пардохтии байналмилалии “ЮНИСТРИМ”, “Шарҳи рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Имкониятҳои ҳамкорӣ, Нақши дастрасии (фарогирии) молиявӣ ва иқтисодиёт”, “Рушди инфрасохтори ғайринақдӣ”, “Рушди экосистемаи ғайринақдӣ”, “Рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, UPI Develiper platform”, “Ташкили портали ягона барои пардохтҳои фосилавии хизматрасониҳои давлатӣ” ва “Ҳамёни электронӣ ҳамчун воситаи ҳамоҳангсоз байни бонкҳо ва операторони алоқаи мобилӣ” доир ба мавзӯи мазкур рӯнамоии худро манзури аҳли нишаст намуда, ба ҳозирин доир ба дастовардҳову нақшаҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи технологияҳои муосир дар самти бонкиву молиявӣ маълумот доданд.

NBTL4040.JPG

Дар поёни Форум иштирокчиёни он баргузории чунин чорабиниҳоро барои низоми бонкӣ-моливӣ муҳим ҳисобида, иброз намуданд, ки он баҳри рушд ва инкишофи хизматрасониҳои пардохтӣ равона гардидааст.

Форуми мазкур соли сеюм аст, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баргузор карда мешавад ва дар он Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, операторони алоқаи мобилӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд.

NBTL3884.JPG

Баъдан иштирокчиёни Форум ба баррасии масъалаҳои вобаста ба технологияҳои муосири пардохтӣ, аз ҷумла рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ, тамоюлҳои муосири рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, имкониятҳои нав барои соҳаи бонкӣ, вазъи воқеии бозори хизматрасониҳои пардохтӣ, мушкилиҳо, самтҳо ва роҳҳои минбаъдаи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пардохтанд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1081

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ