Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2960.63 3031.33
10 5834.29 5973.62
20 11522.48 11797.66
50 28568.00 29250.25
100 56971.23 58331.81

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст

01.05.2020

Тавре аз рӯи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бармеояд, ҳамасола дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна аз 350 то 450 миллион нафар одамон ба бемории пневмония (илтиҳоби шуш) гирифтор мешаванд, ки аз ин шумора ба ҳисоби миёна аз 3 то 7 миллион нафари онҳо мефавтанд, ки аз 1,5 то 4,0 фоизи шумораи умумии беморшудагонро ташкил медиҳад.

Инчунин, бинобар маълумоти расмии ташкилоти номбурда, фавт дар ҷаҳон аз ин беморӣ, пас аз бемориҳои дилу рагҳо, саратон, осебу заҳролудшавӣ ҷойи чорумро ишғол менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, фавт аз бемории узвҳои нафаскашӣ, аз ҷумла пневмония (пас аз бемориҳои дилу рагҳо ва саратон) дар ҷойи сеюм қарор дошта, ҳамасола аз 7 ҳазор то 16 ҳазор нафар одамон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор мешаванд ва аз 130 то 650 нафар гирифторони ин беморӣ мефавтанд, ки аз 1,0 то 4 фоизи шумораи умумии беморшудагонро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторон ба бемории илтиҳоби шуш дар 4 моҳи соли 2020 нисбат ба 4 моҳи соли 2019 аз 4 639 то 5 489 нафар, ё худ 850 нафар ва шумораи фавтидагон аз ин беморӣ аз 53 (1,1%) ба 95 нафар (1,7%) афзудааст.

Мусаллам аст, ки имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада – пандемияи сирояти коронавирус дар изтиробанд. Албатта, табиист, ки мо ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва ин изтиробу нигарониҳои мо беҳуда нестанд, аммо, мо бояд бештар аз ҳарвақта муттаҳид бошем, мардумро ба оромӣ, сабурӣ ва таҳаммул даъват намоем, то ки ба эҳсос, ҳарос ва воҳимаву таҳлука гирифтор нашаванд!

Мо бояд ба муқобили ин беморӣ, бо саъю талош, яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз рафтуомад ба ҷойҳои серодам мубориза бурда, барои баланд бардоштани масунияти бадани худ талош варзем.

Пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат ва ҳар нафаре, ки вориди кишвари мо мегардад, вобаста аст.

Ҳадаф ва мақсади аслии ҳамаи мо ҳифзи солимии миллат мебошад!

Шуъбаи матбуот


Диданд: 901

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ