Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи май
    0,5%
  • 10,0%
  • Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)11,55
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-май)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-май)
    23,8
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)
    21,37
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    20,0




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.07.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3036.24 3108.75
10 5985.51 6128.46
20 11824.93 12107.33
50 29324.13 30024.44
100 58483.50 59880.19

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Шӯрои иҷроияи ХБА дар доираи механизми қарздиҳии таъҷилӣ ҷиҳати мубориза бо пандемияи COVID-19 дар бораи ҷудо кардани 189,5 млн. доллари ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард

07.05.2020

https://www.imf.org/ru/News/Articles/2020/05/06/pr20207-tajikistan-imf-executive-board-approves-a-us-189-5m-rcf-disbursement-to-address-covid19

6 майи соли 2020 Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор дар хусуси ҷудо намудани 189,5 млн. доллари ИМА ба Тоҷикистон барои дастгирии бюджет, аз ҷумла мусоидат дар қонеъ кардани талаботи бетаъхири маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет дар робита ба пандемияи COVID-19 қарор қабул кард.

Пандемияи COVID-19 ба Тоҷикистон осеби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ расонида истодааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади нигоҳ доштани суботи молиявии кишвар, мақомоти расмӣ тадбирҳои заруриро ҷиҳати ҳарчӣ зиёд намудани хароҷотҳо ба соҳаи тандурустӣ, таҳким бахшидани ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир ва дастгирии корхонаҳо дар шароити таъсири шокҳо андешида истодаанд.

Вашингтон, округи Колумбия.  Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) барои ҷудо кардани маблағ дар асоси механизми қарздиҳии таъҷилӣ (RCF) дар ҳаҷми баробар ба 139,2 млн. СДР (189,5 млн. доллари ИМА, 80 фоизи квота) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Маблағи мазкур барои қонеъ намудани талаботи бетаъхир дар маблағгузории тавозуни пардохт ва бюджет, ки бо хуруҷ кардани пандемияи COVID-19 ба амал омадааст, пешгирӣ намудани номуътадилии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамзамон нигоҳ доштани имкониятҳои бюджет барои хароҷотҳои зарурӣ ба соҳаи тандурустӣ ва талаботҳои иҷтимоии бо COVID-19 алоқаманд, кӯмак менамоянд.

Буҳрони мазкур, тавре интизор меравад, барои иқтисодиёт ва ва иҷтимоиёти Тоҷикистон оқибатҳои назаррас хоҳад овард. Айни замон тибқи пешгӯиҳо коҳиш ёфтани иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли равон то 2 фоиз ва зиёд шудани касри (дефицит) умумии бюджет эҳтимол дорад.

Баъди муҳокимарониҳо дар Шӯрои иҷроия муовини директори ХБА ҷаноби Тао Чжан, чунин изҳор дошт:

“Пандемияи COVID-19 барои Тоҷикистон ба бор овардани оқибатҳои ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ эҳтимол дорад. Ноустуворӣ дар савдо ва дар рафтуомади нақлиётӣ ба якбора коҳиш ёфтани интиқоли маблағ ва даромадҳои давлатӣ боис гашта, эҳтиёҷоти бетаъхирро дар маблағгузории тавозуни пардохт ва буҷет ба миён овард.

Мақомоти расмии кишвар дар ҷавоб        нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва боз доштани пандемияро қабул намуд. Хароҷот барои соҳаи тандурустӣ, дастгирии мақсадноки оилаҳои ниёзманд ва бахши иқтисод аз афзалиятҳои нақшаи давлат ба ҳисоб меравад. Дар чунин шароит афзоиши муваққатии касри буҷет (дефицит) ба миён меояд. Мақомоти расмии кишвар шаффофияти хароҷот ва пешниҳоди маълумот оид ба захираҳо ва маблағҳои барои ҳалли буҳрон истифодашуда, аз ҷумла нашри ҳисоботро таъмин менамояд. Дар ояндаи миёнамуҳлат мақомоти расмӣ роҳандозии чораҳо оид ба тақвияти буҷет ва бозбинии сиёсати пулӣ ҷиҳати кам кардани касри буҷетро дар назр дорад. Мақомоти расмӣ, ҳамчунин, мақсад дорад, ки муътадилии қурби табодул, беҳсозии фаъолияти бозори пул ҷиҳати дастгирии рушди иқтисодӣ ва тафсири хориҷиро таъмин намоянд ва дар баробари ин, лаппишҳову нуқсонҳо барои иқтисодро бартараф созанд. Дар доираи сиёсати пулию қарзӣ тағйирёбии бозоргирӣ ва таваррумро мисли пештара бо диққат назорат хоҳад намуд.

Кумаки молиявии ХБА дар доираи механизми қарздиҳии таъҷилӣ (RCF) қисми назарраси маблағгузориро, ки барои татбиқи чораҳои зиддибуҳронӣ зарур мебошад, таъмин менамояд. Барои бартараф намудани фарқияти боқимонда барои маблағгузорӣ нақши муҳимро маблағгузориҳои иловагии имтиёзнок ва грантӣ, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ равона шудааст, мебозанд.

Департаменти робита бо ҷомеаи ХБА

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 494

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ