Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,3%
  • 6,6%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд. сомонӣ
    20,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (сентябр)11,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-cентябр)
    22,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    17,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    21,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    22,04




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.10.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3282.95 3361.36
10 6478.94 6633.67
20 12811.78 13117.75
50 31791.25 32550.49
100 63417.74 64932.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои соҳаи бонкӣ

06.07.2020

Бисту чоруми июни соли 2020 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум дар баробари масъалаҳои дигар, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ҷиҳати иҷрои банди 66 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо, ки санаи 10 майи соли 2019 баргузор гардида буд, пешниҳод шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар мулоқоти мазкур мушкилиҳои низоми бонкии кишвар ва зарурияти андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта баён гардида буд.

Мақсад аз қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ин пурзўр намудани низоми назорат аз болои фаъолияти бонкҳо ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории ҷорӣ ва амалияи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бо дарназардошти ин, ҷиҳати бартараф намудани эродҳо ва пурзӯр намудани назорати бонкҳо, дар лоиҳаи қонуни мазкур 21 моддаи қонуни амалкунанда такмил дода шуда, 3 модда дар таҳрири нав ва 1 моддаи нав илова карда мешавад.

Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани як қатор бонкҳои муаммодор ва барҳам хурдани як қатор ташкилотҳои қарзии хурд ин якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади роҳ надодани фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзӣ ва пешгирии хавфҳои амалиётӣ аз амалу беамалии онҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти бонкӣ ба лоиҳаи қонун моддаи нав илова шудааст. Тибқи он дар вазифаи узви Шӯрои нозирон, раис (муовинони он), узви раёсат, сараудитор, сармуҳосиб ё хазинадори ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ доранд, инчунин дар як ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ дошта, кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда шудааст.

Ҳамзамон, дар лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани хавфҳои ба амалиётҳои бо шахсони вобаста анҷомдодашаванда, назорати маҷмӯии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, бо назардошти ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ва фаръии онҳо такмил дода шудааст.

Инчунин, дар қисмати идоракунии корпоративии ташкилотҳои қарзӣ, ваколатҳои Шӯрои нозирон, талабот ба узви Шӯро, ваколату уҳдадориҳои Кумитаи аудит, тартиби ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ тибқи стандартҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ таҷдиди назар карда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба рушди низоми бонкӣ, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, зиёд намудани масъулияти ташкилотҳои қарзӣ ва ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷаласаи мазкур, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» таъкид карда шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз ҷониби Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар баробари ин, боназардошти тавсияҳои ФАТФ қабули он барои тақвияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва мутобиқ намудани қонунгузорӣ дар ин самт ба талаботи тавсияҳои ФАТФ равона шудааст.

Иловаи моддаи 201 ба лоиҳаи қонуни мазкур ба таъмини рақобати озоди иқтисодӣ дар низоми молиявӣ, роҳ надодан ба маҳдудсозии фаъолияти рақобатнок, коҳиш додани хавфи таҷаммуъ ва пешгирии ҳолатҳои суиистифода аз мавқеи бартарӣ доштан дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ, таҳвили таъминоти барномавию техникӣ ва таъмини суботи молиявӣ дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ мусоидат хоҳад кард.

Бояд қайд намуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур боиси боз ҳам мукаммал, шаффоф шудани низоми бонкӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи қонунҳои мазкур баъди муҳокима дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум тасдиқ карда шуданд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 794

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ