Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи июн
    -1,1%
  • 8,4%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    18,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)11,19
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-июн)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-июн)
    23,6
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-июн)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)
    21,4
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-июн)
    20,96




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 07.08.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3491.33 3574.71
10 6895.69 7060.37
20 13645.29 13971.16
50 33875.03 34684.02
100 67585.29 69199.35

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Август      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 31 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2020

17.07.2020

16 июли соли 2020 ҷаласаи васеи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ оид ба ҷамъбасти низоми бонкии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюм баргузор гардид. Дар ҷаласа инчунин муовинони Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода, Ҳамидулло Машрабзода ва Моҳбону Накҳатзода иштирок доштанд.

NBTL0864.JPG

Ҷаласаро Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки новобаста ба таъсири пандемияи COVID-19 ва омилҳои беруна ба иқтисодиёт, Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 сиёсати пайгирона ва мутавозуни пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат равона намуд. Ҷамолиддин Нуралиев таъкид дошт, ки пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ тавассути фишангҳои муосир алҳол самараи худро дода истодааст, ки нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ аз он шаҳодат медиҳанд. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 32,4 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 3,5 фоизро ташкил намуд.

Ба ҳолати 30 июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, 73 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла, 17 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 20 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 адад ташкилоти қарзии хурд ва 29 адад фонди қарзии хурд фаъолият доранд. Тавре Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, новобаста ба вазъи баамаломада, меъёри пардохтпазирии ҷории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 65,18 фоиз баробар гардида, аз меъёри муқарраргардида 35,18 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар баробари ин, дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ин давра 22,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 4,8 фоиз афзудааст. Меъёри кифоятии сармоя ба охири моҳи июни соли 2020 аз ҳудуди муқарраршуда 7,7 банди фоизӣ зиёд иҷро гардида, 19,7 фоизро ташкил дод, ки он яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ арзёбӣ мегардад.

Дар робита ба сиёсати пулию қарзии кишвар Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, ки ҳаҷми бақияи умумии сандуқи қарзӣ ба 9,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 9,5 фоиз ё 852 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 3 959,3 млн. сомониро ташкил додааст.

NBTL0948.JPG

Тибқи дастуру тавсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ва бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои пандемияи коронавирус (COVID-19) коҳиш додани хароҷотҳои иловагӣ ва арзиши қарзҳои ба иқтисодиёт пешниҳодшаванда меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, муваққатан то 31 декабри соли 2020 бо пули миллӣ ба андозаи 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 банди фоизӣ паст карда шуда, мувофиқан дар сатҳи 1 ва 5 банди фоизӣ қарор дода шуданд. Иқдоми мазкур имконият фароҳам овард, ки вазъи ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар гардонида, маблағи 241,7 млн. сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд ,- зикр намуд Ҷамолиддин Нуралиев.

Ҳамзамон, ҷиҳати дастгириии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии сиёсати пулию қарзӣ дар давраи пандемия аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар баробари ин табдирҳо илова намуд, ки дар ин давра аз ҳисоби захираҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини талаботи бозори байнибонкӣ бо доллари ИМА, аз ҷумла барои таъмини эҳтиёҷоти ниёзи аввалияи мардум ба маблағи 104,3 млн. долл. ИМА мудохила анҷом дода шуд.

Бо мақсади дастгирии иқтисодиёти кишвар дар вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 дар маҷмӯъ ба маблағи 300,8 млн. доллари ИМА маблағгузориҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, тавассути Хазинаи Байналмилалии Асъор – 189,5 млн. доллари ИМА, Бонки Ҷаҳонӣ – 11,3 млн. доллари ИМА, Бонки рушди Осиё - 50 млн. доллари ИМА ва Бонки рушди АвруОосиё – 50 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ ҷалб карда шуда, дар оянда ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки рушди Осиё дар ҳаҷми 52,5 млн. доллари ИМА ва аз Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 16 млн. доллари ИМА дар назар аст, ки барои рушди иқтисодиёти кишвар ва низоми бонкӣ муҳим мебошад, - иброз дошт Ҷамолиддин Нуралиев.

NBTL0891.JPG

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар доираи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, дар ин давра аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор қарзи БМТ ба маблағи 11 млн. доллари ИМА дар соли 2020 аз эътибор соқит карда шуд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев инчунин илова намуд, ки новобаста аз таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, рейтинги кредитии соҳибихтиёрии давлатӣ дар сатҳи баҳои солҳои гузашта (B3 аз ҷониби Moody’s) нигоҳ дошта шуд, ки ин низ аз дастовардҳои муҳим арзёбӣ мегардад.

Зимни баромад Ҷамолиддин Нуралиев оид ба сиёсати қарздиҳии ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун вазифаи фундаменталии онҳо, зиёд кардани сандуқӣ қарзӣ, мавҷуд будани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ, ҷалби амонатҳо ба низом, беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои хешутаборӣ дар идоракунии ташкилотҳои қарзӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, бозомӯзии кормандон, таъмини шаффофият дар фаъолият, танзим ва назорати бозори дохилии асъори хориҷӣ, ҷавобгӯй будан ба талаботҳои қонунгузории муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва ба ин васила фароҳам овардани имконияти дастрасӣ ба суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишварҳои ғарб, дар маҷмӯъ ислоҳот ва камбудиҳо, дастоварду муваффақиятҳои низом дар асоси маълумотҳои воқеии ҳар як ташкилоти қарзӣ дар алоҳидагӣ бо таҳлили ҳамаҷониба ва таъмини шаффофият манзури ҳозирин гардонид.

NBTL0881.JPG

Дар идома, аз ҷониби роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи низоми бонкӣ, суботи молиявии низоми бонкӣ, сиёсати қурби асъор, мониторинги молиявӣ ва иҷроиши талаботҳои қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО (AML/CFT), вазъи низоми пардохт, вазъи низомҳои иттилоотӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ рӯнамоиҳо бо таҳлили ҳаматарафа оид ба дастоварду масъалаҳои ҷойдошта манзури ҳозирин гардонида шуд.

Зимни муаррифӣ сармояи низоми бонкӣ, дороиҳо ва уҳдадориҳои низоми бонкӣ, даромаднокӣ ва устувории молиявии низоми бонкӣ, хавфи таҷаммуъ, сифати сандуқи қарзӣ, пӯёии қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ, тағйироти қурби асъори шарикони асосии савдо нисбати доллари ИМА, иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО (AML/CFT) дар низоми бонкии кишвар, вазъи низоми пардохт, вазъи бозори кортҳои пардохтӣ, инфрасохтор ва динамикаи афзоиши кортҳои пардохтӣ, вазъи низомҳои автоматишудаи низомҳои иттилоотии ташкилотҳои қарзӣ, таъмини амнияти иттилоот ва хавфҳои асосӣ, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон, ҳалли муроҷиатҳо дар доираи имконият ва салоҳият ба таври васеъ баррасӣ карда шуданд.

Зимни ҷаласа, роҳбарони ташкилотҳои қарзии кишвар низ ба муҳокима баромада, андешаҳои худро дар робита ба масъалаҳои баррасигардида баён доштанд ва зикр карданд, ки минбаъд низ барои ба нишондиҳандаҳои мусбӣ ноил гаштан ва ба ин восита, баланд бардоштани нуфузи низоми бонкии кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

NBTL0903.JPG

Пас аз таҳлили муфассали фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ҷаласаи васеъро оид ба вазъи низоми бонкии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2020 ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии кишвар баҳри баланд бардоштани эътимоднокӣ ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, самаранокии низоми идоракунии корпоративӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосир, андешидани тадбирҳо барои зиёд кардани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, кам кардани қарзҳои ғайрифаъол ва пешгирии баландшавии хавфи қарзӣ, корбарӣ дар самти ҷалби бештари сармоягузориҳо ба низоми бонкӣ ва мустаҳкам намудани заминаи сармоявии бонкҳо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои беҳтар талош меварзад.

Дар интиҳои ҷаласа Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бори дигар таъкид дошт, новобаста ба чунин шароити душвор барои иқтисодиёти ҷаҳон, ки ба Тоҷикистон низ бетаъсир нахоҳад монд, мо бояд барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас, дастовардҳо ва муваффақиятҳои бештар кӯшиш кунем ва бо ин васила, ба эътимоду боварии мардум сазовор гардида, нуфузи низоми бонкии кишварро боло бардорем ва онро устувор нигоҳ дорем.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1130

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ