Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Даври омӯзишии БМТ ва БАТР барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ

17.09.2020

Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои беш аз 200 нафар кормандони низоми бонкии кишвар семинари фосилавӣ дар шакли рӯнамоии омӯзишӣ дар мавзӯи афзалиятҳои маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо дар доираи барномаи ҳамкорӣ ва рушди cавдои БАТР баргузор намуд. Даври омӯзишӣ 7 сентябри соли 2020 бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар тариқи онлайн доир гашт.

NBTL_1.JPG

Семинарро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ифтитоҳ карда, барои ташкил ва баргузории он ба шарикони ҳамкори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла ба намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд арзи сипос намуд. “Мақсади асосии чорабинии мазкур вусъат додани барномаи ҳамкорӣ ва рушди савдо барои иштирокчиёни бозори Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани тахассус ва кордониву салоҳияти мутахассисони бахши молияву бонкӣ ва хизматрасонии босифат ба мизоҷони бахши иқтисоди хориҷии Тоҷикистон равона шудааст”, - изҳор дошт Ҳ.Холиқзода.

Муовини Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳо ва лоиҳаҳои то ин замон барои нигоҳдорӣ ва рушди бахши молиявии кишвар амалинамудаи БМТ ва БАТР таъкид намуд, ки дар доираи татбиқи барномаи дастгирии маблағгузории савдо барои беш аз 500 нафар кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ дарсҳои фосилавӣ баргузор карда шуд, ки аз ин теъдод 200 нафар кормандон марҳилаи аввали таҳсилро бомуваффақият хатм карда, соҳиби шаҳодатномаи Палатаи байналмилалии савдо оид ба тиҷорати байналмилалӣ «GoingGlobal» шуданд ва дар назар аст, ки дар охири соли равон ба таҳсилгирандагони дигар низ шаҳодатнома супорида шавад.

NBTL_2.JPG

Зимни суханронӣ Ҳ.Холиқзода таъкид намуд, ки баргузории чунин даврҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани зарфияти малакаи кормандони масъули ташкилотҳои қарзии молиявӣ зарур аст, ки дар навбати худ дар рушди маблағгузории савдои кишвар муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон ин қабил ташаббусҳои институтҳои молиявии байналмилалиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда изҳори умед мекунад, ки БАТР минбаъд низ барномаҳои таълимиро барои мутахассисони бахши молиявии Тоҷикистон баргузор хоҳад кард.

Дав навбати худ, роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова барои ҳамкории судманд ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати баргузории семинари фосилавии мазкур ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ва БАТР лоиҳаҳои зиёдро дар ҳаҷми беш аз 900 млн. доллари ИМА татбиқ намуданд ва минбаъд низ ҳамкориро дар бахши молия тақвият хоҳанд бахшид.

NBTL_3.JPG

Айтен Рустамова иброз дошт, ки новобаста ба хатарҳову мушкилиҳои иқтисодии пас аз хуруҷу бемории COVID-19 бамиёномада, Тоҷикистон тавонист рушди бомароми иқтисодиёти худро таъмин намояд, ки ин аз самаранокии сиёсати иқтисодии кишвар, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон дарак медиҳад. Танзимгари низоми бонкии Тоҷикистон хатарҳои пешомадаро дуруст таҳлил ва пешбинӣ намуда, барои бе зарар пушти сар кардани он чораҳои зарурӣ андешид, ки ин гувоҳи роҳандозии тарзи дурусти кор дар Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Баъдан муовини роҳбари Барномаи кӯмак ва рушди савдои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Камола Маҳмудова тариқи онлайн ба сухан баромада, иброз дошт, ки аслан БАТР танҳо барои ташкилотҳои қарзии шарик чунин семинарҳо баргузор менамояд, аммо омӯзиши мазкур бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид ва дар он аз тамоми минтақаи Тоҷикистон намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ иштирок доранд, ки барои пешрафти низоми бонкии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Зеро иштирокчиёни семинар имкон пайдо мекунанд, ки аз таҷрибаи ташкилотҳои қарзии пешрафтаи ҷаҳон ва Аврупо огоҳӣ пайдо карда, оид ба шеваи фаъолияти онҳо ва кор дар самти маблағгузории савдо маълумоти муфид ба даст оранд.

NBTL_4.JPG

Ҳамин тавр, мутахассиси кор бо институтҳои молиявии намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Баҳодур Юсупов барои иштирокчиён мавзӯъҳои баррасишаванда ва тарзи баргузории семинари фосилавиро шарҳ дод.

Қисмати омӯзишии семинарро тариқи онлайн яке аз мутахассисони варзидаи молиявӣ (БАТР) Виталий Кисленко барои кормандони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар идома дода, дар бораи афзалиятҳои маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо бо истифода аз рӯнамоии таҳиягардида маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар рафти семинари фосилавӣ иштирокчиён вобаста ба фишангҳои муҳими маблағгузории савдо ва хусусиятҳои хоси он, савдои хориҷӣ ва кишварҳои шарики Тоҷикистон оид ба содироту воридот, усулҳои пардохт дар савдои байналмилалӣ ва нақши амалиётҳои ҳуҷҷатгузорӣ, сарчашмаҳои маблағгузории воситаҳои гардиш, аккредитивҳои байналмилалӣ ва кафолат, дурнамои рушди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва маблағгузории савдо дар Тоҷикистон табодули назар карданд.

Дар охири чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин даврҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани тахассусияти кормандони низоми бонкӣ дар бахши пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ (фронт-офисҳо), маҳсулоти бонкии маблағгузории савдо (мидлл-офисҳо), менеджменти хавфҳо, назорати асъор, зерсохторҳои қарзӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат хоҳанд кард.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1406

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ